logo

иҷтимоиёт

ҲУНАР: НЕЪМАТЕ, КИ ҚАДРУ МАНЗАЛАТ МЕБАХШАД

Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Федератсияи Русия на танҳо бо ниҳодҳои дахлдор ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст, балки дар мавриди касбомӯзии онҳо низ пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Гузашта аз ин, талошҳо ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забони русӣ пеш аз сафар ба Русия идома дорад ва бо ин мақсад чандин марказҳои забономӯзиву касбомӯзӣ низ ташкил гардидаанд.
Яке аз дӯстони ман бидуни касби муайян ва донистани забони русӣ ба Федератсияи  Русия рафта, тақрибан баъди як сол кори дуруст наёфта, ба хона баргашт. Вай омадан замон ҳам курси забони русиро хатм намуду ҳам дар яке аз курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии соз-мондодаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соҳиби ихтисоси кафшерчии барқ шуд. Баъди соҳибкасб гардидан дубора ба Русия рафт ва ҳоло се сол аст, ки дар яке аз корхонаҳои вилояти Свердловск кор мекунад ва маоши хуб мегирад. Воқеан, соҳибҳунар дар ҳама ҷо бақадр аст.
Албатта, буҳрони молиявию иқтисодие, ки аз соли 2014 дар Русия идома дорад, ба даромади муҳоҷирони тоҷик низ таъсири худро гузоштааст. Ва ин бештар ба онҳое дахл кард, ки на касби аниқ доштанду на забонро хуб медонистанд. Дар чунин вазъият, ки кишварҳои қабулкунанда  муносибатро дар самти қабули муҳоҷирони корӣ торафт ҷиддитар месозанд, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии вазорат дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунанд. Ин курсҳо беҳтарин восита барои соҳибҳунару забондон гаштан ва дар кишвари дигар дарёфтани ҷойи кору маоши хуб  ва мавқеи устувор мебошад.

 Камолиддин ҲАННОНОВ,
 донишҷӯи факултаи журналистикаи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 468

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед