logo

ҳуқуқ

ШУМОРАИ АВТОМОБИЛҲО ЗИЁД ШУДАНД, МУШКИЛОТ ЧӢ?

Соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 752 адад воситаи нақлиёт ворид шудааст, ки, албатта, дар бехатарии ҳаракат дар роҳ бетаъсир нест. Вобаста ба ин, дар радифи корхонаву муассисаҳои давлатӣ, ҷамъияту ширкатҳои хусусии нақлиёти мусофирбар ба фаъолият пардохтанд. Аз ҷумла, наздик ба се сол аст, ки системаи худкори «Шаҳри бехатар» дар пойтахти кишвар амал намуда, насби камераҳои назоратӣ дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон идома дорад. Бо вуҷуди ин ҳама ибтикороти давлату Ҳукумат ва иқдому чорабиниҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими дигаре низ ҳастанд, ки ҳалли саривақтии онҳо ногузир аст.
- Дар семоҳаи аввали соли равон 284 ҳодисаи вайроншавии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 102 нафар ба ҳалокат расидааст. Шумораи ҳалокшудагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёд аст, ки сабабҳои асосии он аз меъёри муқаррарӣ баланд намудани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, риоя накардани қоидаи сабқат, манёвр, тартиби нодурусти гузаштан аз чорроҳаҳо, бетаваҷҷуҳии шаҳрвандон ба низоми ҳаракат дар роҳ ва дар баъзе ҳолатҳо ғайриқаноатбахш будани ҳолати роҳҳо мебошанд, - изҳор дошт сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Маҳмадсаид  Саидзода.
Шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки ҳар саҳар дар шоҳроҳҳои асосӣ танбашавии воситаҳои нақлиёт барои ба ҷойи кор сари вақт ҳозир шуданашон монеа эҷод мекунад. Рӯзҳои истироҳат гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ ва назди марказҳои савдову бозорҳо пур аз мошин шуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд. Баъзан асабоният, саросемагӣ, хархаша, нофаҳмиҳо ва ниҳоят садамаҳо аз ин ҷо низ маншаъ мегиранд. Ин вазъи мавҷударо сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ чунин шарҳ дод: “Тавре, ки назорати ҳамарӯза дар роҳ нишон медиҳад, дар се ҳолат, яъне, пагоҳирӯзӣ, нисфирӯзӣ ва шом теъдоди воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаҳо зиёд гардида, ба танбашавӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, дар чунин вазъияти мушкил масъулони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ин минтақаҳо таъҷилан ҳозир шуда, баҳри ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт сафарбар мешаванд. Бо назардошти зиёдшавии теъдоди автомобилҳо дар ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳри Душанбе, васеъ ва навсозии роҳҳо ҷараён дорад”.
Яке аз масъалаҳои доғи рӯз бе ҳуҷҷати ронандагӣ паси чанбараки воситаи нақлиёт  нишастани ноболиғон аст. Ин масъала аз ҷониби масъулони раёсат борҳо баррасӣ гаштаву тариқи телевизион барномаҳои вижае таҳия шуда бошанд ҳам, то ҳанӯз худсарона идора кардани воситаҳои нақлиёт ва баъзан аз беэътиноии падару модарон нисбат ба фарзандонашон мушоҳида мешавад. Ин аст, ки соли гузашта аз тарафи ноболиғон 17 садамаи нақлиётӣ содир шудааст.
- Нисбат ба ноболиғоне, ки воситаи нақлиётро бе шаҳодатномаи ронандагӣ идора кардаанд, дар асоси қисми 1 моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ барои татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фиристонда шуданд. Ҳамчунин, нисбат ба соҳиби воситаи нақлиёт барои ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта вогузор кардани автомобил тибқи талаботи қисми 2-и ҳамин модда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, чораи ҷазо  андешида мешавад,- афзуд Маҳмадсаид Саидзода.
Бо мошин ба мактаб омадани донишҷӯён ва ҳангоми ҳаракат суҳбати телефонӣ кардани онҳо низ масъалаи муҳим маҳсуб меёбад. Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз аз тарафи кормандони раёсат 7203 далели бо телефон суҳбат кардан ҳини рондани автомобил ва 216 ҳолати бо мошин ба донишгоҳу донишкадаҳо ҳозир шудани донишҷӯён сабт гардида, чораҳои зарурӣ дида шудаанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2016 аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷети давлат 7 миллиону 504  ҳазору 778 сомонӣ ворид шудааст. Вобаста ба вазъи содиршавии садамаҳои нақлиётӣ таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронда шуда, баҳри пешгириву коҳиш додани садамаҳо ва баланд бардоштани интизом дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, аз ҷониби масъулони БДА нақшаи чорабиниҳои иловагӣ таҳия гардидааст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 475

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед