logo

сиёсат

НАЗАРИ ФАЛСАФӢ БА ҚОНУНҲО

Қабули қонуне, ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимеро иҷро менамояд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ба ҳар кадоми онҳое, ки дар соҳаи илм андешаронӣ менамоянд, маълум аст, ки низоми давлатдорӣ ва зиёда аз он, зинаи ҷомеаи муайян ҳатман дар заминаи таҳкимёбии чор сохтори ҷамъиятӣ: сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо тарзи истеҳсолоти мушаххас амалӣ мегардад. Аз диди фалсафаи иҷтимоӣ дар тӯли таърих муайян шудааст, ки барои инкишофи ҳар як форматсияи ҷамъиятӣ аслан бояд се сохтори асосии ҷамъият - сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ба дараҷаи лозима дар рушд бошад. Вобаста ба инкишоф ёфтани онҳо сохтори иҷтимоии ҷамъият низ рушд меёбад.
Дар тӯли таърих тафаккури инсонӣ ташаккул ёфт. Имрӯз илм муайян намудааст, ки ҳамагӣ 3, 5 ё 10 дарсади шуури инсон фаъол асту халос. Инсон, ки ҳанӯз «комил» нест, бо ҳамин тарзи тафаккур зина ба зина метавонад дар зеҳнаш қонунҳои айниро (объективиро) аз олами ҳастӣ кашф намуда, вобаста ба дараҷаи дарки он қонунҳои  зеҳниро (субъективиро) бинависад ва ин дар таърих ба тарзи тадриҷӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Зарурати тағийру иловаҳо дар қонунгузорӣ низ сари чанд вақт аз ҳамин лиҳоз бармеояд. Яъне қонунҳои зеҳнӣ наметавонанд ҳама вақт ба таври шахшуда  амал намоянд. Файласуфи румӣ, шоир ва ходими давлатӣ Сенека Лутсий Анней (асри 4 то милод) менависад: «Зарурат ҷумлаи қонунҳоро мешиканад».
Робитаҳои диалектикии байни сохторҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто соҳаҳои ин сохторҳо, ки бевосита ба рушди ҳар кадом ҷамъият ва ё давлатдорӣ оварда мерасонад, амри зарурист. Вобаста ба гуфтаҳои боло, робитаи байни давлат ва шаҳрвандон низ ҷиҳати диалектикӣ дорад, яъне ҷудоиандозӣ ё тафриқабандӣ байни давлат ва шаҳрванди давлат аз диди фалсафӣ номаҳдуд аст. Афлотун дар китоби «Давлат» менависад: «Давлат шабеҳи инсон ва инсон шабеҳи давлат мебошад». Робитаҳои диалектикии байни инсону олами ҳастӣ ва ҳастии ҷамъиятӣ ногусастанист. Ва танҳо ин робита ва зиддиятҳои  диалектикӣ барои суръат бахшидани инкишоф замина шуда метавонанд.
Виктор Мари Гюго, узви академияи Фаронса (асри 19) чунин менигорад: «Идроки ҳуқуқ  дарки уҳдадориро инкишоф медиҳад. Қонунҳои умумӣ - озодиеанд, ки бо оғоз шудани озодии каси дигар маҳдуд мегарданд». Аммо Томас Гоббс дар китоби «Левиафан» ҳодисаҳои ҷамъиятро шарҳ дода,  менависад: Одати табиии инсон аст, ки дар ҷамъият кӯшиш мекунад озодии худро нигоҳ дорад ва дигаронро мутеи худ гардонад. Кӯшишҳои одамон доимо тазодро ба вуҷуд меорад. Одамон барои он ки ҳаёти худро ҳифз намоянд, роҳи сулҳро пеш мегиранд. Он аз рӯи талаботи ақл бармеояд, ки онро қонунҳои табиӣ меноманд. Аввалин қонуни табиӣ роҳи сулҳро ҷустуҷӯ кардан аст. Инсон бояд аз дарёфти миқдори чизҳо даст кашад (аз нафси худ) ва шартнома имзо кунад, ки дар он ҳуқуқҳои дигарон низ эътироф карда шаванд. Ва барои иҷрои ин шартнома давлат ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат қонунҳои шаҳрвандӣ эҷод мекунад, ки одамон онҳоро риоя кунанд.
Назари диалектикона ба ҳама олам, ки дар робита, тағйирот ва инкишоф аст, ба шуури инсоният, ки вобаста ба ташаккулёбии он инсон кӯшиш менамояд зиндагии иҷтимоии худро хуб намояд, бетаъсир нест. Инсон меҳнат мекунад, ки талаботи иҷтимоии худро қонеъ гардонад.  Дар ҳар як марҳалаи инкишофи ҷамъият, ки ҷомеа дар доираи қонунҳои хоси (яъне қонунҳои зеҳнӣ) худ амал мекунад ва ин қонунҳоро вобаста ба тафаккураш инсоният рушд медиҳад, боз таъсири қонунҳои айнӣ ҳам вуҷуд доранд, ки дар зери таъсири онҳо зиндагӣ кардан лозим меояд. Суханони Афлотун то имрӯз моҳияти худро гум накардаанд: «Тавассути кӯшиши самимона барои дарёфти воқеияти айнӣ ҳамсуҳбатон мустақиман ва ба замми ин дар худи худ, ҳақиқати аз онҳо вобаста набударо дармеёбанд, чунки онҳо худро ба қонуни олӣ - логос тобеъ медонанд. Аммо ин логос кадом як дониши мутлақро дар бар намегирад. Гап сари мувофиқае меравад, ки миёни ҳамсуҳбатон барқарор гардидааст ва он ба ногузирии қабули ин ва ё он мавқеъ оварда мерасонад. Ризоияте, ки ҳар касе аз нуқтаи назари худ гузашт мекунад».
Инсоният дар ин маврид ҳатман аз қонунҳои фалсафа бояд бохабар бошад ва аз онҳо барои ҳаёти иҷтимоии худро беҳ гардондан истифода намояд. Набояд фаромӯш кард, ҷисми инсон низ ҷузъе аз табиат мебошад. Файласуф ва риёзидони англис (асри 19-20)  Алфред Норт Уайтхед менависад: «Инсон танҳо ду роҳ дорад: пешрафт ва ё таназзул; консерватизми соф ба моҳияти қонунҳои кайҳон дар таззод аст».  Дар ҳар кадом зинаи инкишофи ҷамъият мутафаккирон ва олимони бузурги тоҷик ва инсоният ба ин хирадмандӣ, яъне рӯ овардан ба фалсафа руҷӯъ намудаанд ва инро таърих гувоҳ аст. Дар замони муосир беш аз пеш бо ба вуҷуд омадани мушкилоти глобалӣ, ин вазифаи таърихии инсониятро даҳчанд мегардонад. Дар низоми давлатдорӣ ҳам, парлумон, ки он ҷо аслан ашхосе намояндагӣ мекунанд, ки ташаккули шуурашон на танҳо дар доираи қонунҳои зеҳнӣ, балки қонунҳои айнӣ амалкунанда бошад. Ва маҳз ҳамин чиз боис мегардад, ки Сарвари давлат, Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакилони халқ барои тағйир додани қонунҳои зеҳнӣ маъсулпазир бошанд. Декурсел Адриан Пйер - адабиётшинос ва драманависи фаронсавӣ (асри 19) фармуда буд: “Вакили халқ - қонунгузорест, ки вазифадор аст, то пешакӣ дарёфт кунад, ки ҳукумат ҳамеша айбдор аст ва ё ҳақ аст”.
Новобаста аз он, ки доираи амали қонунҳои айнӣ ва зеҳниро илмҳои гуногун табиӣ ва ё ҷузъӣ донистаанд, аммо арзи онҳо дар доираи оламу одам умумӣ аст, яъне фаҳмиши якеро аз дигаре ҷудо донистан комилан нодуруст мебошад. Чун дар олами ҳастӣ ҳама чиз бо ҳам робита дорад, ҳатто робитаи маънавӣ, ки фаҳмиш дар ин маврид бисёр нозукона бояд бошад ва дарки фалсафӣ  ё ба қавли имрӯза илмӣ - методологӣ зарур аст. Ҳанӯз дар даврони атиқа Платони бузург навишта буд: «То ҳоле ки файласуфон идораи давлатро ба даст нагиранд ва ё дар ҳоле ки  шоҳон ё арбобон наметавонанд олиҳиматона ва бо ҷиддият муҳокимарониҳои фалсафӣ намоянд, ҳокимияти давлатӣ ва фалсафа бо ҳам пайванду тавъам намегарданд, ки имрӯз ба таври ҷудогона ё ба ҳокимият ё ба фалсафа тамоюлу талош доранд (ва теъдоди онҳо бисёр аст) тариқи маҷбурӣ барканор карда нашаванд, то он вақт, азизам Главкон, ҳукумат аз бадиҳо раҳо нахоҳад ёфт. Ва он низоми давлатие, ки ҳамин ҳоло тавсиф кардем, барои насли инсоният арзишманд нахоҳад буд ва он рӯшноии офтобро нахоҳад дид».
Новобаста аз он, ки мутафаккирон дар замони зиндагии худ вобаста ба рушди ҳамонвақтаи тафаккурашон барои нигоҳ доштани низоми муйяни давлат баъзан аз «маккории идеологӣ» ва ё сиёсӣ истифода намудаанд, аммо дар умум ҳеҷ кадоме аз ин нобиғаҳо ақидаҳои фалсафӣ, яъне рӯ овардан ба қонунҳои айнӣ, ки барои беҳтар гардондани ҳаёти иҷтимоии мардумашон зарур буд, сарфи назар накардаанд. Метавон хулоса кард, ки тағйиру иловаҳои 22 майи соли равон ба Конститутсияи мамлакат бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ воридгардида, барои рушди устувору босуботи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳанд, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.
Ойниёл НАЗРИЕВА,
номзади илмҳои фалсафа, корманди
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 664

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед