logo

иҷтимоиёт

КАМОНГАРОН. МУШКИЛИҲО БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Кормандони рӯзнома барои аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои ободонию созандагӣ аз маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Синои пойтахт дидан карданд. Маҳаллаи мазкур 215 ҳавлӣ ва 1075 нафар истиқоматкунанда дорад. Се кӯчаи он - Камонгарони боло, Нурулло Ҳувайдуллоев ва Ғаффор Мирзо дар масофаи на он қадар дур аз ҳамдигар ҷойгиранд. Кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев калонтарин кӯчаи маҳалла ба ҳисоб рафта, инфрасохтори зарурии он нисбат ба дигар кӯчаҳои маҳалла беҳтар аст. Масалан, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ба монанди мағозаи хӯрокворӣ, сартарошхона, мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ва сехҳои дӯзандагӣ, ҳамчунин қомат афрохтани омӯзишгоҳи беморхонаи маъюбон бо гулгашту роҳравҳои хушзеби атрофи он нуфузу эътибори маҳалларо баланд бардоштааст. Дар кӯчаи Ғаффор Мирзо низ муассисаҳои зиёди давлативу ғайридавлатӣ, боғчаи бачагонаи «Ахтарон», коргоҳи таъмир ва нуқтаи шустушӯйи мошинҳо ва амсоли инҳо дар хидмати сокинони маҳаллаанд. Маҳз бо рушди инфрасохтори маҳаллӣ дар ҳар ду кӯча сифати роҳҳои мошингард ва баъзе аз роҳҳои байни хонаҳо беҳтар гардидаанд.
Аммо дар кӯчаи Камонгарони боло ҳанӯз беҳбудӣ ба назар намерасад. Ҳавлиҳои истиқоматии ба ҳам хеле наздик сохташуда (бо назардошти худсарона панҷара ва девор гирифтани атрофи ҳавлӣ) байни хонаҳо тангкӯчаро мемонад, ки барои рафтуои бароҳати  сокинони маҳалла ва бунёди майдончаи варзишӣ монеъ мешавад. Баъзе аз роҳҳои байни хонаҳо ва соруҷи (семент) шикастаи роҳравҳои наздиҳавлигӣ (баъзе аз роҳҳо умуман таъмирнадида) симои маҳалларо коста мегардонад.
Ҳанӯз ҳам сокинони маҳалла моҳияти тартиботи қонунгузории шаҳрдориро оид ба нигоҳдорӣ ва идораи инфрасохтори истифодаи умум –  қитъаи замини наздиҳавлигӣ, даромадгоҳ, таъмири лӯлаи обгузари дохили бино ва амсоли инҳо, ки ба уҳдаи соҳибмулкон вогузор шудааст, дуруст дарк накардаанд ва интизори хизматрасонии босифати коммуналии корхонаву муассисаҳои дахлдоранд.
Албатта, кор бе камбудӣ намешавад. Барои бартараф намудани мушкилиҳо  сокинони маҳалла тариқи дархост ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд.  Ин аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз рӯйи муроҷиати сокинони маҳалла барои насби трансформаторҳои нави барқӣ мусоидат кардааст. Феълан мушкилоти асосии ҳар се кӯча набудани нуқтаи пайвастшавии лӯлаи корези фозилоб ба шоҳқубури асосӣ мебошад», - мегӯяд  Саноат Соҳибова, раиси маҳалла. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки воқеан ҳам сокинони маҳалла ба нуқтаи пайвастшавии лӯлаи обгузар, ки барои фаъолияти хоҷагидории ҳар сокини пойтахт ниҳоят зарур аст, ниёз доранд.
Гулмаст Салимова, истиқо-маткунандаи кӯчаи Камонгарони болои маҳаллаи Камонгарон, шикоят кард, ки дар давоми чанд соли охир аз сабаби набудани лӯлаи корезӣ пасмондаи якчанд сокинони маҳалла ба ҷӯйбори назди хонаҳои истиқоматии шаҳраки рақами 12 рехта, боиси нигаронии аҳолии он гаштааст. Аз ифлосии оби ғализ бемориҳои сирояткунанда ба кӯдакон бештар таҳдид мекунад. Бояд гуфт, ки дар кӯчаи Ғаффор Мирзо низ мавҷуд набудани лӯлаи оби ғализгузар камбудии асосӣ мебошад. Ба гуфтаи сокинони кӯча, соли 2012 бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва шӯрои маҳалла, бо ҷамъоварии маблағи муайян аз ҷониби сокинон як қисми аҳолӣ бо нуқтаи пайвастшавии лӯлаи корезӣ таъмин гардиданд. Сабаби ноҳамвор будани роҳ фишори зарурии обро барои бемонеа бурдани оби ғализи аҳолӣ маҳдуд сохт ва боқимонда аҳолиро аз насби лӯла маҳрум кард, ки боиси баҳсу мунозираҳо байни  сокинон гаштааст. Алъон 10 хоҷагии ин кӯча ба лӯлаи корезӣ ниёз дорад. Аз сабаби надоштани иҷозатнома барои гузарондани лӯлаи корезӣ 13 хоҷагии кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви маҳаллаи Камонгарон низ бе насби лӯла монданд. Бо мақсади баррасии ин ва дигар масоили ҳалталаб кормандони рӯзнома, раиси маҳалла ва намояндаи мардумӣ бо сокинони маҳалла ҷамъомад доир намуданд.
Ойимбибӣ Ҷумъаева, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва қабули қарорҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо оид ба назорат ва шиносоии бевоситаи вакилон аз маҳаллаҳои  ба онҳо вобасташуда бамаврид ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо баъди суҳбат бо сокинони маҳалла аз мушкилии асосии онҳо огоҳӣ пайдо кардем. Қаблан дар ҷаласаҳои ҳисоботӣ раисони маҳалла аз мушкилӣ дар самтҳои гуногуни инфрасохтори маҳаллӣ сухан намегуфтанд. Алъон дар кӯчаи Камонгарони боло раванди насби нуқтаи пайвастшавии лӯлаи корезӣ барои 8 хоҷагӣ идома дорад. Масъулони вобасташуда ба чунин хулоса омаданд, ки масъалаи насби лӯлаи корезӣ барои  хоҷагиҳои маҳаллаи Камонгарон  проблемаи асосӣ маҳсуб меёбад ва он дар ду кӯчаи дигари маҳалла низ ҳалли саривақтии худро тақозо дорад. 
О. ВАФОБЕКЗОДА,
С. АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 455

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед