сиёсат
ИТТИЛОИЯ
8 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”- и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд.
Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд.
Расадхона дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шуда, соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифт, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст.
Расадхона дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси Олмон оварда шуда ҷисмҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад. Сифати аксҳои телескоп тақрибан ба нишондодҳои телескопи қутраш 2 метра наздик мебошад. Соли 1985 дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Галилей ба Офтоб, аксҳои нахустини расадхонаи «Санглох» бо ёрии телескопи қутраш 1 метра гирифта шуданд, дар ҳоле, ки ин аксҳоро бо ёрии телескопи қутраш 6 метра дарёфт карда натавониста буданд. Дар он лаҳза равшаннокии комета ба 22 қутри ситорагӣ баробар буд.
Барои барқарор кардани расадхона ва дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ қариб 1 миллион сомонӣ сарф шуд. Акнун дар ин ҷо 30 нафар олим ба таври доимӣ фаъолият мекунад.
Расадхона аз шаш ошёна иборат буда, дар ҳуҷраҳои кории он мутахассисон ба омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ машғуланд. Баъди барқарор ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити фаъолияти расадхона таъкид дошт, ки марказ барои тарбияи кадрҳои ҷавон пойгоҳи хубе хоҳад буд. Ба кормандони Институти астрофизика дастур дода шуд, ки бо олимони кишварҳои пешрафта ҳамкорӣ намоянд, то ин ки мактаби астрономии Тоҷикистон тақвият ёбад.
14 ноябри соли 2014 дар Агентии кайҳонии Аврупо дар давлати Олмон як воқеаи фараҳбахше мавриди таваҷҷуҳи олимони ҷаҳон қарор гирифт: дастгоҳи кайҳонии “Розетта”, ки дар сатҳи кометаи Чурумов - Герасименко қарор дорад, ба таҳқиқи амиқи ин комета оғоз кард. Ифтихори олимони тоҷик аст, ки ин кометаро бори нахуст 29 сентябри соли 1969 олими Тоҷикистон, корманди илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Светлана Герасименко кашф намудааст. Герасименко ба Олмон даъват шуда, таҳқиқи сатҳи кометаи кашфнамудаи худро мушоҳида намуд. Ин кометаро омӯхта, олимон ба бисёр масъалаҳои алоқаманд ба пайдоиши ҷисмҳои низоми Офтоб, аз ҷумла пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин ҷавоб хоҳанд ёфт.
Баъди шиносоии пурра бо расадхона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Институти астрофизика мулоқоти судманд анҷом дода, дар бораи дастовардҳои олимони тоҷик андеша ронд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳёи иншооти муҳимро, ки дар пешрафти соҳаи кайҳоншиносӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи олам саҳм мегузорад, ба ҳозирон муборакбод гуфт.
Як зумра кормандони соҳа ва олимони ҷавон зимни баромади худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзишманд изҳори сипос карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.06.2016 №: 110 Мутолиа карданд: 522