logo

фарҳанг

«ЧАРХ». БАРХӮРДИ НАЗАРҲО

Солҳои охир нахустин филме, ки бо ҷаззобияти хоси худ ва бо ҳунари коргардонӣ таваҷҷуҳи маро бар худ кашид ва ман онро дар Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон то охир тамошо намудам, ин филми ҳунарии «Чарх» буд. Нависандаи бузурги рус Антон Павлович Чехов дар ин маврид андешаи омӯхтание дорад: «Ман танҳо аз рӯи хотираам навишта метавонам ва ҳеҷ гоҳ мустақиман воқеапардозӣ накардаам. Барои ман лозим аст, ки хотираам сужаро ҳазм намояд ва дар он, чун дар полоиш, фақат чизе боқӣ монад, ки пурарзиш бошад ё ки типӣ».
Маҳз бо чунин дид ба филми ҳунарии коргардони хушсалиқа Шаҳбоз Раҷабов наздик мешавам. Дилам мехоҳад, ки сужаи кӯчакеро, бо мақсади халал наёфтани маънои асосӣ, аз филм берун созам. Аммо пайдо намекунам. Зеро аввал ва анҷоми онро риштае ногусастанӣ пайванд месозад.
Филм бо фаъолияти бобои Раҷаб (устод Убайдулло Раҷабов) оғоз меёбад. Вай ба шаҳр, ба хонаи писараш, ки вазифаи баланд дошт, меояд. Мехоҳад, ки даҳ рӯз монад. Шаб бехобӣ мекашад, субҳ ба деҳа бармегардад.
Аз нигоҳи аввал дар филм рақобати шадиде вуҷуд надорад, ки таваҷҷуҳи тамошобинро бар худ кашад. Аммо дақиқ нигарӣ, дар чеҳраи бобои Раҷаб рақобати ботинро эҳсос карданат мумкин. Писараш, ки аллакай шаҳрӣ шуда, дар сари дастархон нишастанро фаромӯш намудааст, боз мехоҳад ҳамроҳи оилааш ба Дубай равад, келинаш бошад, шахси молпараст аст. Ҳамин гуна хислатҳои одамон мӯсафедро ором намегузоранд. Дар ин шаҳр мӯсафед аз он азоб мекашад, ки мардумаш дарвозаи оҳанин часпонидаанд, ба ҳамсояи худ чандон бовар надоранд, дар ҳолати зарурӣ сокинонаш бар маҳалҳо тақсим шуда, бар муқобили якдигар мехезанд, техникаи пешрафта доранд, аммо лаззати ғизоро аз даст додаанд.
Бобои Раҷаб бошад, намояндаи мардуми русто аст. Ӯ ягона набераашро аз шаҳр ба деҳа меорад ва бар он меҳру муҳаббати зиёд дорад. Ба саволҳои бешумори наберааш ҷавоби файласуфона медиҳад.
Бобои Раҷаб дар деҳае зиндагӣ мекунад, ки онро бо тамоми мавҷудоташ, яъне бо ҳама неку бадаш, бо хасу хошокаш, бо ғубори роҳаш дӯст медорад. Ҳатто бар марди майзада, бар зани саркаш, ки аз дасти бешавҳарӣ бори зиндагиро бар дӯш гирифтааст, бар ҷавони парешоне, ки дар кӯдакӣ шоҳиди аз дасти қотилон кушта шудани падару модараш буд ва акси онҳоро дар ҷомадон нигоҳ медошту ҳамеша ин хотирот азобаш медоданд, муҳаббати беандоза дорад. Бобои Раҷаб медонист, ки бо ин ҳама сарпечӣ ҳеҷ кадоми онҳо ба нафаре хиёнат намекунад. Дар ҳолати зарурӣ аз як гиребон сар мебароранд. Боз дар деҳа боварӣ бар якдигар хеле қавӣ аст.
Коргардони ҷавон Шаҳбоз Раҷабов дидаву дониста атрофи ҳавлиҳоро аз чиғ ва химча девор гирифтааст. Ин чиз ду маънӣ дорад: якум, мардум ба зару зевар чандон таваҷҷуҳ надоранд, дувум, эътиқод бар ҳамсояҳо. Яъне дар деҳа дуздӣ ва рабудани чизи ҳамдигар вуҷуд надорад.
Дар интиҳо як чизро илова карданӣ ҳастам. Бори нахуст бо коргардонии Шаҳбоз Раҷабов ошно гаштам. Дарк намудам, ки аз нозукиҳои филмофарӣ огоҳ аст. Агар ӯ дар ин ҷода бештар кӯшиш намояд, дар оянда барои офаридани филме, ки миллати тоҷикро бар ҷаҳониён муаррифӣ созад, қодир аст.
Рӯзноманигор Ҳамроҳи АВЛИЁПУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 475

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед