logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ: ПЕШРАВӢ НАТИҶАИ ҲАМКОРИҲОСТ

Дар ноҳияи Дарвоз 1 масҷиди ҷомеъ ва 25 панҷвақта амал мекунад. Ин масоҷид аз қайди давлатӣ гузаронда шуда, дорои сертификати истифодаи ҳуқуқи замин низ мебошанд. Дар онҳо тамоми талаботи вобаста ба ҳолати санитарию гигиенӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва барқ риоя мегарданд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соли гузашта фаъолияти 14 масҷиди панҷвақтаро хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ дониста, манъ карда буд. Ин иқдом баъди санҷиши фаъолияти масҷидҳо дар ноҳия ва мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузории кишвар роҳандозӣ гардид. Биноҳои масҷидҳои басташуда бо қарори раиси ноҳия ба мувозанаи ташкилотҳои худидоракунии деҳаҳо гузаронда шуда, айни ҳол сокинон дар онҳо чорабиниҳои гуногун мегузаронанд.
 Дар ин бора Сардорбек Азорабеков, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоят, иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки масҷидҳои амалкунанда дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ ба ниёзмандон ёрии яквақта мерасонанд. Масҷиди ҷомеъ бошад, парастории ду маъюбро ба уҳда гирифта, ба онҳо ҳар моҳ кумакҳои пулӣ ва молӣ муқаррар намудааст.
 Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ аз 16 нафар ҷавони ноҳия, ки дар мактабҳои динии хориҷи кишвар дар се соли охир таҳсили ғайрирасмӣ доштанд, 15 нафарашон баргардонда шуданд. Сардорбек Азорабеков фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро дар самти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусбат арзёбӣ намуд. Зикр кард, ки бо вуҷуди дастовардҳои зиёд, камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, дар ноҳия комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ қонуншиканиҳоро кам ошкор мекунанд, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ зуд-зуд иваз мешавад. Дар ҷамоатҳои деҳот бошад, дар ин вазифа аксаран шахсони бемаълумот ва ё ғайрикасбӣ фаъолият доранд, ки ба манфиати кор нест.
 
 Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 423

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед