logo

иҷтимоиёт

ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ…

Бо  расидани фасли тобистон бинобар сабаби риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо, ҳавзҳо ва кӯлу обанборҳо, мутаассифона шумораи ҳодисаҳои нохуш афзудааст.

Аз рӯйи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, 18 май сокини деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара Раҳматулло Қурбонови 20 - сола ҳини моҳидорӣ дар Баҳри Норак  ғарқ шуд.  Ҳини моҳидорӣ чанги шасти ин ҷавон дар қаъри об банд мондааст ва хостааст, ки онро кушояд, аммо бинобар надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст. Ғаввосҳо баъд аз ду рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади Раҳматуллоро аз чуқурии 4 метри зери об берун оварданд.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи ғарқшавӣ дар Баҳри Норак набуда, ҳар сол оби дар назари аввал ороми ин баҳр чанд нафарро ба коми худ фурӯ мебарад. Дар бештари ҳолат сабаби ғарқшавиро сокинон ба набудани ҳавзҳои шиноварӣ ва ҷойҳои махсуси оббозӣ марбут медонанд.
 Бино ба иттилои Музаффар Ҳукуматуллоев, мудири бахши варзиш ва сайёҳии раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 16 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад. Мавриди зикр аст, ки  Хатлон калонтарин вилояти ҷумҳурӣ буда, 25 шаҳру ноҳия дорад. Шумораи танҳо ҷавонони вилоят бештар аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин нарасидани мураббиҳои варзида барои омӯзондани шиноварӣ ба наврасону ҷавонони вилоят мушкили ҳалталаби рӯз аст, зеро наврасон аксаран аз ҳисоби надонистани нозукиҳои шиноварӣ ғарқ мешаванд.
Баъд аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб як ҳавзи болопӯши шиноварӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ҳоло ягона ҳавзи ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар вилоят мебошад. Мутаассифона, ҳавзҳои аксар ноҳияҳо бинобар ниёз ба таъмир доштан аз истифода берун мондаанд. Дар шаҳри  Қӯрғонтеппа 2 ҳавзи шиноварӣ амал мекунад, ки ҳарду ҳам мавсимианд. Дар баъзеи ноҳияҳои дигари вилоят шояд аз сабаби набудани имконияти молиявӣ ягон ҳавзи шиноварӣ бунёд нагардидааст.
Комилҷон Хидиров, сухангӯйи Ситоди  ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон, гуфт, ки дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят ҳамагӣ 3 ғаввос хизмат мерасонад.
Бино ба иттилои Ориф Нозимов, котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015  дар миқёси кишвар 183 нафар ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудаанд. Аз ин шумор 40 нафар ноболиғи то 10 – сола мебошанд.
Дар вилояти Хатлон, ки минтақаи гармтарини Тоҷикистон аст, соли 2015 - ум 36 нафар ғарқ шудааст, ки нисбат ба соли 2014 ин шумора 8 нафар зиёд аст.
- Бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ аз ҳисоби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназоратии волидон ва набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар марказҳои шаҳру навоҳӣ сар мезанад, - гуфт Ориф Нозимов.
Масъулони вилояти Хатлон бояд ҷиҳати ташкили ҳавзҳои шиноварӣ чораҳои фаврӣ андешанд. Зеро чунин ҳолат метавонад шумораи ғарқшудагонро афзун намояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки бо расидани фасли тобистон, шаҳрвандон ҳини шиноварӣ дар кӯлу дарёҳо ба қоидаҳои шиноварӣ риоя намоянд. Падару модарон фарзандонро дар ин фасл аз ҳарвақта бештар зери назорати қатъӣ гиранд. Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакона, ки мактаббачагон вақти таътил ба фароғати тобистона фаро гирифта мешаванд, аз ҷониби масъулон назорати ҷиддиро ба роҳ мондан зарур аст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 479

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед