logo

ҳуқуқ

АЗ ҶАРИМА ТО ҶАЗО

СУХАН АЗ БОБИ РОҲБАРОНЕ МЕРАВАД, КИ ДАР ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТ БА САҲЛАНГОРӢ РОҲ ДОДААНД
Абдулатиф Қодирӣ, сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, иброз дошт, ки қарзи музди меҳнат то оғози моҳи апрели соли равон дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои вилоятӣ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар машварати корӣ бо масъулини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар ҳузури Анвар Яқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд, ин қазия бори дигар мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, роҳҳои ҳаллу фасли пардохти маблағи қарзи музди меҳнат нишон дода шуданд. Масъулони соҳа барои то охири сол марҳила ба марҳила - бе роҳ додан ба қарзи нав пурра пардохтани ҳамаи маблағи қаблӣ муваззаф гаштанд.
Баъзе масъулони соҳаҳои алоҳидаи вилоят бо пеш овардани баҳонаҳои беасос дар татбиқи дастурҳои Роҳбари давлат бемасъулиятӣ зоҳир намуда, аз ҳаллу фасли ин масъалаи муҳими иҷтимоӣ мавқеи канорагириро ихтиёр кардаанд, ки гуноҳе нобахшиданист.
Оё метавон муросо кард, ки идораҳои соҳаи беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳии вилоят аз кормандони худ ба маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ аз музди меҳнат қарздор бошанд? Шояд ҳамин сабаб аст, ки аксар мутахассисони ҷавон хоҳиши дар ин ҷо кор кардан надоранд.
Муяссара Аҳмадова, мудири бахши иқтисоди Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, ба чунин ҳол афтодани идораҳои соҳаро муаммои сарбаста шуморида, иброз медорад, ки то худи муштариён - хоҷагиҳои деҳқонӣ дар пардохти маблағи истифодаи об фаъол нашаванд, ба ҳалли масъала умед бастан нашояд.
Соли равон низ пардохти маблағи истифодаи об ҷавобгӯй ба талаботи рӯз нест. Бахусус вазъи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ашт нигаронкунанда мебошад. Кормандони мақомоти ҳуқуқиву назоратӣ бояд дар ин самт фаъолияти муассир дошта, дар ҳалли мушкилот пойфишорӣ намоянд.
Тибқи маълумоти расмӣ, қарзи пардохти музди маош дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ низ зиёданд. Роҳбарияти вилоят аз фаъолияти Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ изҳори нигаронӣ карда, аз кормандонаш истифодаи шаклу усулҳои наву муосири фаъолиятро тақозо намуд.
Барои напардохтани қарзи музди меҳнати кормандон, содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нисбат ба 48 роҳбари корхонаю муассисаҳо мутобиқи талаботи моддаи 134 қисми 1 ва қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳар кадом ба андозаи аз 20 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи умумии 44 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ҳамчунин барои иҷро накардани амрномаи мақоми ваколатдор ва уҳдадориҳои хидматӣ оид ба марҳила ба марҳила кам кардани қарзи музди меҳнат тибқи талаботи моддаи 139-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 роҳбари корхонаю ташкилот ҷазои маъмурӣ гирифт. Ҳамчунин 10 мавод барои чораҷуйӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.
Мушоҳидаю таҳлилҳо бозгӯйи онанд, ки тадбирҳои андешидаи  хадамоти мазкур ҳанӯз корагар нестанд. Зарур аст, ки бештар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти кориро дар доираи ваколатҳои худ дар ин самт пурзӯр намуда, нисбат ба он роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунанд, чораҳо андешанд. Федератсияи иттифоқҳои касбаи мустақил низ метавонад дар ҳалли ин масъалаи муҳим саҳми муносиб гузорад.
   Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 394

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед