logo

иҷтимоиёт

ШИДДАТЁБИИ САРАТОН. Он ҳам вакилон ва ҳам табибонро нигарон намудааст

Тайи даҳсолаи охир шумораи беморони гирифтори омосҳои бадсифат дар Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳои ҷаҳон тамоюли босуръати болоравиро мегирад. Ин нукта зимни нишаст дар мавзӯи «Вазъи бемории саратони ғадуди ширӣ ва гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон бо иштироки вакилон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои дигари соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон, вазъи бемории саратонро таҳлил карда, иброз дошт, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бештар аз 9 миллион нафар одамони гирифтори омосҳои бадсифат ба қайд гирифта мешаванд, ки аз ин шумора 5 миллион нафар вафот мекунанд. “Дар давлатҳои мутараққӣ ин беморӣ бо сабабҳои суръати баланди марговарии худ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Таҳқиқоти эпидемиологии солҳои охир муайян намуданд, ки тамоюли ба ҳамин  монанд дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ низ ба назар мерасад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эҳтимол меравад, ки дар 25 соли наздик 300 миллион ҳодисаи беморӣ ва 200 миллион хавфи фавт аз бемории саратон ба вуҷуд меояд, ки аз 3 ду ҳиссаи он ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ рост меояд.  Омосҳои бадсифат мушкилоти ҷаҳонии ҷомеа мебошад, ки соҳаҳои тиб, иҷтимоиёт ва иқтисодро фаро гирифтааст. Омосҳои бадсифати узвҳои системаи репродуктивии занон дар ҷаҳон паҳншудатарин мебошанд. Дар миёни онҳо ҷои аввалро саратони ғадуди ширӣ ишғол мекунад. Саратони гарданаи бачадон бошад дар сохтори бемориҳои саратони аҳолии занонаи сайёра дар ҷои дуюм аст. Ҳамин тариқ, вазъи паҳн ва бақайдгирии бемории саратон ва фавт аз ин беморӣ дар ҷумҳурӣ  мураккаб боқӣ мемонад. Имрӯз мо ҷамъ омадаем, то ки оид ба масъалаи фавқуззикр дар якҷоягӣ роҳҳи ҳалли онро  муайян намоем”, - иброз дошт Хайринисо Юсуфӣ.
Саида  Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (узви кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд), изҳор дошт, ки ҳалли масъалаҳои бемориҳои саратон яке аз самтҳои  афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад.
“Бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ дар чорчӯбаи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020”, “Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014” ва “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015” дар солҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур чорабиниҳои мақсаднок амалӣ гардиданду  мешаванд” - гуфт ӯ.

Ҳ. САНГОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 532

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед