logo

иқтисод

ҶС «НАФИСА»

ИҚТИДОРҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ИН КОРХОНАИ ТАВОНО БОСАМАР ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД, ЧАРО?

Ҷӯроб, хоса пахтагӣ, моли бозоргиру серталабот буда, дар ҳама фасли сол харидори худро меёбад. Аммо, сарфи назар аз он ки Тоҷикистон кишвари пахтаи аълосифат аст, бархе  аз тоҷирони мо  солҳост, ки  бозорро бо  ҷӯробҳои  хориҷӣ, ки аксаран аз нахи сунъӣ (синтетика) истеҳсол мешаванд, пур кардаанд. Чаро иқтидорҳои бузурги истеҳсоли ҷӯроб дар кишвар  самаранок истифода намешаванд? Барои чӣ дар бозорҳо ҷӯробҳои  истеҳсолгарони ватанӣ   кам  ба чашм мерасанд? Магар Тоҷикистон метавонад, ки талаботи бозори дохилиро бо ҷӯробҳои хушсифати пахтагӣ пурра таъмин намояд? Дар робита ба ҳамин мавзӯъ Абдулло Муҳаммадиев, директори  тиҷоратии ҷамъияти саҳомии «Нафиса», андешаҳояшро ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
- Ҷӯроби ҷамъияти саҳомии «Нафиса», ки аз нахи тозаи пахтагин истеҳсол мегардад, муштариёни зиёд дорад. Ҳоло корхона 20 намуди  (артикули) ҷӯроби пахтагини  хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи мардона, занона ва кӯдакона  истеҳсол мекунад.  Соли 2015  барои муштариёнаш  дар  кишвар    755 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуд.  Дар чор моҳи соли ҷорӣ бошад,  истеҳсоли ҷӯроб дар корхона ба  326 ҳазор ҷуфт расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Бо вуҷуди ин, айни ҳол корхона ҳамагӣ 2 – 3 дарсади иқтидори истеҳсолии худро истифода мебарад ва рӯшан аст, ки талаботи афзояндаи сокинони кишварро ба ҷӯробҳои босифату арзон  қонеъ карда наметавонад. Дар замони шӯравӣ «Нафиса»   соле то 60 – 64 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мекард. Хосияти фарқкунандаи моли ватанӣ  аз моли воридотӣ  он аст, ки пурра пахтагӣ ва  ҳавогузар буда,  пойҳо андаруни онҳо арақ намекунанд. Ҷӯробҳои корхона аз риштаҳои пахтагини аълосифат истеҳсол шуда, ба  талаботи бозори ҷаҳонӣ  ҷавобгӯ  мебошанд. Ҳамчунин, моли худӣ бо назардошти иқлими гарми Тоҷикистон аз нахи тозаи пахта   истеҳсол шуда, дар баробари ин,  нисбат ба ҷӯробҳои воридотӣ 10 – 15 дарсад арзонтар аст. 
Кам шудани истеҳсолот назар ба талабот боиси он гардидааст, ки дар бозорҳои  ҷумҳурӣ, аз ҷумла «Корвон», мардум ҷӯробҳои  истеҳсоли  хориҷиро сарфи назар аз сифати паст ва нархи гаронашон, мехаранд.

 - Пас,  барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаи «Нафиса»  чӣ мушкилиҳо  садди роҳ  гардидаанд?
- Аввалан, мо барои васеъ намудани истеҳсолот ба қарзҳои бонкӣ эҳтиёҷ дорем. Бонкҳои тиҷоратии мамлакати мо  барои истеҳсолот, пурра намудани фондҳои гардишӣ, ҷиҳозондани  корхона бо техника ва технологияҳои нав ҳанӯз ҳам қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок пешниҳод намекунанд.  Қарзҳои пешниҳодшаванда кӯтоҳмуддат  буда,  фоизҳои солонаашон гарон аст, яъне 26 – 36 дарсади солонаро  ташкил медиҳад.  Дар бозорҳо  имкон додан ба фурӯши моли воридотӣ, ки то андозае мавқеи фурӯши моли ватаниро танг  сохтааст, омили дигар аст. Агар  ин мушкилиҳо ҳалли худро аз ҷониби масъулон пайдо намоянд,  имкони пешравии истеҳсолоти корхонаҳои ватанӣ меафзояд, аз ҷумла  масъулони  «Нафиса» метавонанд тадриҷан ба зиёд намудани ҳаҷм ва номгӯи  истеҳсоли  ҷӯробҳои ватанӣ ноил гарданд. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 508

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед