logo

иҷтимоиёт

ЗИНДАГИИ ДИГАР

Инсонҳои асилу ростин нахуст худро сохтанд ва баъд барои сохтани ҷомеаи пешрафтаву осоишта саъю кӯшиш ба харҷ доданд. Дар расидан ба ин ҳадафи бузург дониш омӯхтаанду таҷриба андӯхтаанд ва онро бедареғ сарф намудаанд. Дарёфтаанд, ки инсонҳо – ҳар кадом ганҷу маъдани бузургест ва бояд онҳо кашф шаванд. Албатта, ин кашф ба нафъи ҷомеа ва барои наслҳои он ибратомӯз  аст.
Ҳақназар Шодиев аз ҳамин зумра инсонҳо буд. Рӯзгор агарчи дасти навозиш бар сараш набурдааст, аммо дар мактаби худ тарбияташ дод ва чашми оламбини ӯро кушод.
Соли 1976, фаъолияташро нахуст ба ҳайси коромӯз ва баъд муфаттиш дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз бахшид. Дар таҷрибаи корӣ бештар дарёфт, ки нозукиҳои ин касби дар назар содаву дар асл мураккабро бояд беҳтар биёмӯзад. Охир ӯ бо одам, агарчи ҷиноят содир кардааст, сару кор дорад. Андак лағжиш, андак хато метавонад тақдири ҷинояткор ва худро дигаргун созад. Меандешид ва мегуфт: «Ҳар амал сазову подоше дорад. Яъне, ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонад».
Сабабҳо ва омилҳои сар задани ҷиноятҳоро пурра меомӯхт. Ӯ ин ҳикматро, ки «ростӣ итминон ва оромӣ асту дурӯғ шаку тардид» ба хубӣ медонист. Аз рӯи он амал мекард. Оре, воқеан, инсон вақте рост мегӯяд, эҳсоси итминону оромиш мекунад. «Дар ҳадиси рост ороми дил аст; Ростиҳо донаи доми дил аст» - ро беҳуда нагуфтаанд. То ростӣ,  ҳақиқат дар вуҷуди одамӣ ғолиб намегардад, оромиш пайдо карда наметавонад. «Ин ҳолатро дар инсони ҷинояткор низ мушоҳида намудан мумкин аст», - мегуфт ӯ.        
Барояш соати муқаррарии кор вуҷуд надошт. Пештар аз вақти муайяншуда фаъолият мекард. То як поси шаб чароғи ҳуҷраи корияш фурӯзон буд. Мусаллам аст, ки чунин инсонҳои нек, кормандони асил аз дидаҳо ниҳон намемонанд, зуд соҳибэҳтиром мегарданд. Масъулиятшиносӣ, кордонӣ, самимияту поктинатӣ ӯро маҳбуб намуду ба вазифаҳои баланд расонд.
Мо аз амали ӯ, аз суханони ӯ дармеёфтем, ки кори тафтишот ба саросемагӣ ва андак ноогоҳӣ билкул бегона аст. Ва тафтишоту ҳукм ҷиддию адолатнок, ба хотири ислоҳи дурусти инсонҳо ва пешрафти ҷомеа, решакан намудани ҷиноятҳо бояд сурат бигирад.
Соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ доштани он аз ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла кормандони мақомоти прокуратура ҳисси масъулият ва фидокориро тақозо менамуд.
Вале бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатии мо аз харобкорӣ, куштори мардуми бегуноҳ, зӯрию дуздӣ ва ғорати моли халқ сар шуд. Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта, дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бригада оид ба тафтиши ҷиноятҳои содиршуда ба кор шурӯъ намуд. Ҳайати гурӯҳҳои ба ин бригада шомилгашта асосан аз кормандони прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил дода, сарварии он ба зиммаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақназар Шодиев вогузор шуда буд.
Новобаста аз таҳдиду зӯровариҳои ба ҳаёту саломатии аъзоёни гурӯҳҳо ҷойдошта ва дар маҷмӯъ, халал расондан ба фаъолияти муътадили мақомоти прокуратура, бригадаи тафтишотӣ дар як муддати кӯтоҳ тафтишоти 198 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расонда, нисбати 235 нафар айбдоршаванда парвандаҳои ҷиноятиро ба суд ирсол намуд. Аз тарафи гурӯҳҳои тафтишотӣ ҷиноятҳои табаддулоти ҳарбӣ, акти террористӣ, ба гаравгонгирӣ, бандитизм, тахрибкорӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд, ки қаблан дар ҷумҳурӣ содир нашуда, таҷрибаи тарзу усули тафтиши онҳо вуҷуд надошт.
Солҳои 1979 – 2008 давоми 30, яъне оғоз аз сармуфаттиши прокуратура ва муовини прокурори шаҳри Кӯлоб то муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хидмат кард. Балки то лаҳзаҳои вопасини умраш дар хидмати Ватани азизаш буд. Хидмати беш аз сисолаи ӯ дар ин соҳаи пуршараф қадр гардид. Ба унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», «Ифтихорнома» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени «Шараф» мушарраф шуд.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 19 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтааст ва ёдоварӣ аз он рӯзҳои вазнин ва расидан ба ин неъмати бебаҳо бо номи Ваҳдат кори саҳлу осоне набуд. Нақши мақомоти прокуратура низ дар гузоштани пойдевори сулҳ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии  кишвар назаррас буда, корманди ин мақомот Ҳақназар Шодиев  дар кори Комиссияи оштии миллӣ бо донишу таҷриба ва инсондӯстиаш мавқеи сазовор дошт. Фаъолияташ чашмрасу густурда буд. Баъдҳо низ ин ҳайати бонуфуз аз ӯ ва меҳнату заҳмату фидоӣ буданаш дар соҳаву кор ва доштани ахлоқи ҳамидаву муносибати самимияш ба некӣ ёд меоварданд. Зеро ки арзанда буд, содиқ буд  ва содиқ монд.
Раҳматулло ХОЛОВ,
прокурори раёсати назорати қонунӣ
будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи
генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири  адлияи дараҷаи 2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 493

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед