logo

ҳуқуқ

МАҚОМ ВА НАҚШИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ДЕМОКРАТИСОЗИИ ҶОМЕА

Имсол ба таъсисёбии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Ин муҳлат он қадар тӯлонӣ нест, вале аз лиҳози ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии кишвар Шӯрои мазкур корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст.

Пеш аз он ки ба ин масъала равшанӣ андозем, мехоҳем ба таври мухтасар оид ба зарурати пайдоиш, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ, сохтор, самтҳои асосии фаъолият, корҳои баанҷомрасида ва дурнамои рушди он чанд сухан гӯем.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияи давлатӣ иддае аз шаҳрвандони кишвар худро мухолифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат эълон намуда, барои расидан ба аҳдофи ғаразноки хеш ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз карданд. Дар он шабу рӯзҳо ба соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамомияти арзии кишвар хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Бо назардошти чунин вазъият, Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо ва роҳу воситаҳо истифода бурд, то ки пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва аз ҳам пошидани кишварро бигирад. Ба ҳамин хотир аст, ки барои ҳарчи зудтар расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани азизи мо, Тоҷикистон, бо мухолифин музокиротро оғоз намуд, вале ин раванд бо мушкилиҳо пеш мерафт.
Дар чунин шароити душвору мураккаб Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор намуд, ки кишвар ба як созмони муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ дорад, ки ба он ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, олимон, шоирону нависандагон, шахсони соҳибэҳтиром шомил бошанд, то онҳо бо нуфузи худ барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, баргардондани гурезаҳо мусоидат кунанд ва таъмингари сулҳу ризоияти миллӣ шуда тавонанд.Ҷиҳати амалӣ кардани ин ҳадаф Сарвари давлат омода будани худро барои муколама бо ҷомеаи шаҳрвандӣ эълон дошт. Дар натиҷа 11 марти соли 1996 «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба имзо расид. Ин аҳдномаро аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи дигар - ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар имзо карданд.
Аҳднома таъсиси Шӯрои ҷамъиятиро ҳамчун ниҳоди тавсеабахши муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пойдору бардавом намудани сулҳу субот ва ризоияти ҷомеа ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ дар бар мегирифт. Баъдтар Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ қабул гардида, «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» 11 марти соли 1999 ва 11 марти соли 2009 таҷдиди назар шуда, то ҳол амал мекунад.
Ба мақсади шарҳу эзоҳи ҳамаҷонибаи «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, ки 23 июни соли 1997 баргузор гардид, «Принсипҳои асосии ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон» - ро пазируфт. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 декабри соли 1999, № 2 «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳким ва инкишофи ҳамкориву ҳамдастии иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар 64 шаҳру ноҳия ва вилоятҳои мамлакат шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуданд. Ин амал шаҳодати он буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо ба Шӯрои ҷамъиятӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳарчи бештар ҷалб шудан ва фаъол гаштани созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳизбҳои сиёсиро дар ҳаёти ҷомеа иқдоми муҳим ҳисобида, ба такомули ин раванд дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо аҳамияти зарурӣ медиҳанд. Бинобар ин, вақте ки сухан дар бораи таърихи пайдоиши Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, бамаврид аст бигӯем, ки он бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода шудааст.
«Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ», «Принсипҳои асосии ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999, № 2 «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои ҳуқуқиву сиёсие мебошанд, ки фаъолияти рӯзмарраи Шӯрои ҷамъиятиро ба танзим медароранд.
Дар ҷаласаи аввалин масъалаи интихоби раис мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аъзои Шӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Айни замон «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» - ро 85 ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла 6 ҳизби сиёсии кишвар имзо кардаанд. Ва ба ҳамин асос, бо таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ниҳодеро пайдо кард, ки дигар созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд минбари онро барои баёни аҳдоф ва пешниҳодҳои созандаи хеш ва тарғибу ташвиқи барномаҳояшон истифода намуда, фаъолияти босамари ҷамъиятии хешро пеш баранд.
Мутаассифона, баъзан дар расонаҳои хабарии кишвар чунин андешаҳо ҳам ба назар мерасанд, ки гӯё Шӯрои ҷамъиятӣ вазифаҳои худро анҷом бахшида, дигар зарурати фаъолияти минбаъдаи он вуҷуд надораду гуфтугӯи мустақими ҷомеаро бо мақомоти сатҳи олии кишвар таъмин карда наметавонад. Инчунин, идеяи «Ризоияти ҷомеа», ки ҷавҳари асоси фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро ташкил медиҳад, дар сурати набудани ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ дар Шӯро метавонад эътибори худро гум кунад.
Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки чунин андешаҳо бо тарзи масъалагузориҳо оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ барои мо падидаи нав нестанд. Аз ин рӯ, мехоҳем бори дигар ба чунин пурсишҳо посух гӯем. Дар робита ба муносибати ҳизбҳои сиёсии расмӣ нисбат ба Шӯрои ҷамъиятӣ назари мо чунин аст:
Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ набуд. Роҳбари ин ҳизб Р. Зойиров дар яке аз мусоҳибаҳояш мавқеи ҳизбро нисбат ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ изҳор намуда буд, ки ба нуқтаи назари ӯ котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ муфассал посух дод ва тафсилоти он дар нашрияи «Пайкон» таҳти унвони «Андешаҳои Зойиров аз ҳақиқат дур аст», 23 декабри соли 2009, ба чоп рсиданд. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон соли 2002 «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» - ро имзо карда, моҳи марти соли 2010 фаъолияташро дар Шӯрои ҷамъиятӣ қатъ карда буд. Қатъи узвияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар Шӯрои ҷамъиятӣ чунин маъно дошт, ки дар чорчӯбаи «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадор шудаанд, ки давлатро дар ҳалли масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ дастгирӣ менамоянд, дар таҳкими истиқлолияти он, ноил шудан ба ризоияти миллӣ мусоидат мекунанд, аз тамоми шаклҳои экстремизм, фишору зӯроварӣ даст мекашанд ва терроризми байналмилалиро маҳкум месозанд. Баромадани ҲНИТ аз Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, маънои онро дорад, ки ҳизб аз ин уҳдадориҳо даст кашид. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ин иқдоми роҳбарияти ҲНИТ ҷавоби муфассал дода буд.
Ҳизби демократии Тоҷикистон соли 2010 ҳамчун нишони эътироз ба натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узвияташро дар Шӯрои ҷамъиятӣ қатъ намуд. Роҳбарияти нави ҲДТ 30 апрели соли 2015 узвияти ҳизбро дар Шӯрои ҷамъиятӣ барқарор кард.
Айни замон шаш ҳизби сиёсии кишвар - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳастанд ва минбари онро барои тарғибу ташвиқи барномаҳои ҳизбашон истифода бурда, мавзӯъҳои мушаххасро барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод мекунанд.
Ҷавҳари асосии «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» аз он иборат аст, ки иштирокдорон - давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ уҳдадориҳои муайянро ба дӯши худ мегиранд ва принсипҳои аҳдномаро эътироф мекунанд. Дар чорчӯбаи ин аҳднома давлат уҳдадор шудааст, ки қонунҳои ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равонашударо таҳия ва қабул намуда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути ба роҳ мондани сиёсати иҷтимоӣ саҳми меҳварӣ гирад. Ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ уҳдадор шудаанд, ки давлатро дар татбиқи масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ дастгирӣ ва дар таҳкими истиқлолияти он, ноил шудан ба ризоияти комили миллӣ мусоидат намоянд, бунёдгароии мазҳабӣ, фишору зӯроварӣ ва терроризми байналмилалиро маҳкум созанд.
Ҳамин тавр, дар кишвар ташкилоти ҷамъиятие фаъолият дорад, ки дорои мақоми намояндагӣ, таҳлилию машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ мебошад. Мақсади асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии озод дар Тоҷикистон ва мусоидат намудан ба таҳкими истиқлолият, рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мебошад.
Хусусияти хоси ин санади таърихӣ аз он иборат аст, ки Аҳднома на бо шахсони алоҳида, балки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба имзо расида, ҳамаи мақомот ва созмонҳое, ки принсипҳо ва муқаррароти онро дастгирӣ менамоянд, ҳар вақт метавонанд ба он ҳамроҳ шаванд ва ин ҳамроҳшавиро бо имзои худ тасдиқ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар Шӯро намояндагони комилҳуқуқи худро таъйин намуда, ҳангоми зарурат худашон дар маҷлисҳо иштирок мекунанд. Дар ҷаласаҳо роҳбарон ё намояндагони ваколатдори аъзои Шӯро бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда ширкат меварзанд.
Амалан Шӯрои ҷамъиятӣ чун пули васлкунандае миёни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин минбари озод барои муколама мебошад. Дар дигар кишварҳои олам фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим медароранд, аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз санадҳои ҳуқуқии қабулшуда, ташкилоти ҷамъиятии алоҳидае бо номи Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст, ки ҳадафи он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ, мисли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон, намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Фонди байналмилалии низомҳои интихоботӣ (IFES), сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, онро ҳамчун падидаи нодир арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаашро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор медиҳанд. 21 октябри соли 2002 ҳангоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба Шӯрои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо аъзои Шӯро мулоқот кард ва ба кори онҳо баҳои муносиб дод.
Шӯрои ҷамъиятӣ тайи чанд соли охир зери унвони «Ҳамкориҳои иҷтимоӣ» маҳфиле дар якҷоягӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир мекунад, ки дар он масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Таҷрибаи 20 - солаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ собит сохт, ки он минбари баланди пурмасъулият, майдони озоди баҳсу мунозира, пеш аз ҳама, барои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мебошад, ки дар ҷаласаҳои он масъалаҳои гуногуни мубрами ҷомеа баррасӣ гардида, нуқтаи назар, пешниҳодҳо ва ақидаҳои алоҳида ҳамаҷониба таҳлил мешаванд ва роҳи ҳаллу фасли онҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа дарёфт мегардад. Шӯрои ҷамъиятӣ падидаи нодиру қавиест дар таърихи навини мо, ки истифодаи пурсамари имконият ва неруву иқтидори он дар таҳкими сулҳу субот ва ризоияти ҷомеа, худшиносии миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои кишвар ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Н. САИДОВ,
 котиби ҳамоҳангсози
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 479

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед