logo

иҷтимоиёт

МУЖДАИ ИСТИҚЛОЛ

Ба озмун

Номи ӯ шуру валвала ва тӯфони адолатро дар самои адабиёти онрӯзаи тоҷик ба по андохта буд. Ин худ гувоҳи он буд, ки истеъдоди фавқулодаи рӯзноманигорӣ ва ҳунари шоириаш миёни кулли донишмандони кишвар эътироф гардидааст.

Агар одитарин таъбиру ибораи адабӣ ба гӯши аркони сиёсати сотсиалистӣ гӯшхароштар мерасид, гӯянда ва ё нависандаи он таъбир ғарқи гирдоби маломат мешуд. Ғоиби донишманд, Ғоиби пурҷасорат, Ғоиби саропо валвалу шӯри миллат, Ғоиби шаҳсутуни нигоришҳои адабӣ - бадеӣ, Ғоиби фидоии миллат аз миёни ҳамсабақҳо, ҳамназарҳо аввалини аввалинҳо шуда садояшро он гуна ки қалби поку беолоиши малакутии шоиронааш мехост, баланд кард. Таъбири Ҳофизи бузургвор сари зулфи суханро он гуна шона мекард, ки агар дар мавриди худованди замин (деҳқон) ҳунарманди тавоно ва шоири матин суханро дар киштзори маонӣ мекошт, чун майсаҳои гандумзори доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашидаи диёраш хоса хонандаро маҳву моти нигоришаш мекард. Хушбахтиеро, ки Худованди меҳрубон, Офаридгори замину осмон ва рӯзирасони бандагон хеле ба арзонӣ насиби банда гардонида буд, ин бар маҳсули эҷоди таффакури миллии ӯ ошно гардиданам буд. Аввалин нигоштае, ки мавриди омӯзиш ва тадқиқоти банда қарор гирифта буд, ин посухи шоир ба «мунаққиди шитобкор» буд, ки соли 1964 дар хирмани адабиёти милливу сотсиалистӣ оташ афрӯхт. Маҳз ҳамин нигоштаи шоир бандаро маҷбур сохт, ки гом бар гоми ӯ бигзорам. Ва сарнавишт бандаро аз курсии соли чоруми донишҷӯӣ бо дастгирии бевоситаи устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» овард. Аз ин ба баъд аз наздик бо нигоштаҳои ин шоири шаҳири зиндаёд ошно гардидам.  Ва таъми истиқлоли милливу давлатӣ, пойдории забону фарҳанги миллиро аз нигоштаҳои ин шоири шаҳир чашидам. Ҳамин як пора шеъри саропо сӯзу гудоз ва пур аз муҳаббату назокату нафосати забони модарӣ ҳатто метавонад чеҳраи шоирро кушода бошад:
Забони модариам, ҷони покам,
Ту бо шир омадӣ дар ҷони покам.
Бупайвастӣ маро бо рафтагонам,
Туӣ, ман зиндаам, бе ту ҳалокам.

Нобасомониҳои зиндагӣ шоирро ором нагузошт. Шоири саропо сӯзу гудози миллат ва ҳассос аз андак ноҳамвориҳои замон дард мекашид. Забони модариашро он гуна ки худи ӯ бо ҳама назокату фасоҳат ва таровату зебоиаш медонист, мехост, ки ҳамагон ба он чун ӯ арҷгузор бошанд. Овезаҳои саропо ғалат ва таҳқиромези забони модарӣ ӯро маҷбур сохт, ки боҷуръат ва ҷасорати зиёд аз минбари баланди он замон сӯзу сози миллатро бар гӯши раҳбарони вақт бирасонад. Ва ҳамин буд, ки соли 1968 мақолаҳои «Пул додану дарди сар харидан?» ва «Таровати зиндагӣ дар зебоист» - ро рӯи чоп овард.
Баъди ин борони маломат ва таҳдиду таҳқирҳо бар сари шоир рехтанд. Ҳасудони истеъдоди фавқулодааш аз фурсат истифода бурда, ӯро дар пеши раҳбарони вақт бадном мекарданд. Шоири ҷавон ва миллатхоҳу тавонманд дар чунин набарди ноадолатона тани танҳо буд. Шояд касе аз ҳамсабақон ва наздикон мехостанд аз ӯ пуштибонӣ намоянд, аммо аз тезии теғи сиёсати замон метарсиданд.
Оре, ҳамон Ғоибе, ки беш аз панҷоҳ сол боз шеъраш моро ба ватанхоҳиву миллатдӯстӣ ҳидоят менамояд, ҳамон Ғоибе, ки ҳар ваҷаб хоки диёр барояш муқаддас ва саҷдагоҳ буд. Магар аз ин волотару хубтар он замон касе метавонист бигӯяд:
Кишваре, ки Рӯдакиро зод ӯ,
Шеъри оламгир моро дод ӯ.
Кишваре, ки дод бо табъи баланд
Булбули дар ишқ шайдои Хуҷанд.
Хусрави моро баланд овоз дод,
Шоҳини Кӯлобро парвоз дод.
То занад ханҷар ба қалби душманон,
Шердил Темурмаликро зод он.
Кишваре, ки Вахши ӯ афсона шуд,
Аз фурӯғаш нур дар ҳар хона шуд.
Кишваре, ки кӯҳсораш тоҷи ӯст,
Лолазораш дар баҳор амвоҷи ӯст.
Мардуми он бо баду неки ҷаҳон
Мекунад наззора аз Боми ҷаҳон.
Кишваре, к-афтода буд, аз пой хест,
Тоҷикистони ман аст он, хурд нест.

Шоири дар кураи оташи меҳру муҳаббати ватанхоҳиву ватандорӣ дар гудоз, новобаста аз фишорҳои сахти бадхоҳон дар андешаи ояндаи дурахшони миллат дар такопӯ буд. Истиқлолияти милливу фарҳангиро тараннум мекард. Бар машоми муштоқони Ватан муждаи истиқлол меовард. Ҷасорати ватанхоҳиву ватандорӣ, муҳаббат ба манзараҳои биҳиштосои кишвар набзи ӯро дар тапиш меовард. Он гуна, ки ӯ мефармояд:
Овои маро зи кӯҳсорон шунавед,
Аз савти нафиси обшорон шунавед.
Мурғони диёри ман шиносанд маро,
Овози ман аз нолаи онон шунавед.

Таърихи пур аз ғановату рангин ва матонату қаҳрамонии миллати тоҷик дар тӯли муқовимати беш аз шашҳазорсола дар муқобили ғосибон ва таҷовузкорон сафҳаҳои нави миллатро ба рӯи ӯ боз мекард. Ва ин дарду ранҷи шоирона вуҷудашро ором намегузошт. Ӯ соҳибмактаб буд, мактаби шеър ва тарона, ӯ соҳибмактаб буд, мактаби нави рӯзноманигорӣ. Ҳамааш аз рангу бори зиндагӣ об мехӯрд. Нигоришаш зебо, ҳазорранг ва оҳанги нигоришаш пур аз дарди миллат буд. Ва ҳамин дардҳои рӯзгор нигоришҳояшро ҳамнишини қалбҳои ҳазорон ҳазор мухлисон намуда буд. Рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», ки оинаи рӯзгори онрӯзаи кишвар буд, бо навиштаҳои ӯ миёни мардум соҳиби эътибори баланди хонандагон буд.
Он замонро шоири шаҳири зиндаёди мардумӣ, устод Лоиқ Шералӣ, ки яке аз дӯстони наздик ва шарикдарсони донишгоҳии ӯ буд ва баъди бисту як соли рӯи чоп омадани он мақолаҳо ба забони модарии шоир мақоми давлатӣ доданд чунин ёдоварӣ кардааст:  «Ин ифтихор ва шарафмандиеро, ки барои миллати қаҳрамони тоҷик дар қаламрави Шӯравӣ аввалиншуда насиб гардидааст, хишти аввалашро шоири шаҳири зиндаёд, дӯсти бисёр ҳам азиз, рӯзноманигори шинохта Ғоиб Сафарзода гузошта буд. Худо хоста бошад, ҷоизаеро бо арзиши хеле баланд бо номи ҷоизаи Ғоиб Сафарзода дар Бунёди байналмилалии забони форсӣ - тоҷикӣ таъсис хоҳем дод».
Бо аз байн рафтани давлати абарқудрати Шӯравӣ кишвари мо ба набарди мансабхоҳону мансабталошон мубаддал гашт. Орзуву омоли миллат, давлат ва забони поки тоҷикӣ дар вартаи ҳалокат қарор гирифта буд. Дар ҳамон рӯзгори тангу тор Худованди бузург раҳм бар ин миллати музтазъаф намуда, аз миёни миллати паҳну парешонгашта абармарди таърихиеро аз дудаи Сосону Сомон рӯи кор овард. Ва ҳама орзуҳои барбодрафтаи миллат ва фарзандони фарзонаи онро бо матонату ҷасорат ва қаҳрамонӣ ба Ватан боз овард. Парчами миллат аз нав афрохта шуд. Дар як муддати кӯтоҳ пораҳоро ҷамъ кард, кишварро аз вартаи яъсу навмедӣ раҳо сохт, забонҳои баста кушода шуданд. Хомаҳо дар киштзори маърифат нашъунамо ёфтанд, амну осудагӣ чароғи хонаи ҳар як тоҷикистонӣ гардид. Модарон бо кафи пур аз дуо аз даргоҳи Яздони пок ба ӯ сиҳатмандиву сарбаландӣ хоста, мардум дар сурати ӯ ғамхору ғамшарики хешро медиданд. Ғамгусориву меҳрубонӣ, миллатдӯстиву ватанхоҳӣ, ифтихор бар Ватану миллати хеш доштанаш ӯро сазовори боварии миллионҳо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи поки ҳамаи бузургони таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллатро шод гардонид. Орзуву ормонҳои шоири шаҳири зиндаёд Ғоиб Сафарзода ҷомаи амал пӯшид. Имрӯз номи Ғоиб зинати сафаҳоти рангини таърихи адабиёти миллат мебошад.
Он ормонҳои ҳазорсолае, ки чун Ғоиб Сафарзода садҳо фарзандони миллат бо худ ба абадият бурдаанд, ба ғамхорӣ ва ватанхоҳиву башардӯстии Роҳбари муаззами кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз афсона ба ҳақиқати воқеӣ табдил ёфтаанд.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 436

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед