logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

9 июни соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармонҳо «Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Фармонҳои мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти нави дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид шудаанд, равона гардидаанд.
Дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, аз ин рӯ ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.
Тибқи фармонҳои мазкур масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор мегарданд ва тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ мегарданд.
Дар доираи талаботи Фармонҳои мазкур дар назар дошта шудааст, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории амалкунанда вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии судҳо ворид карда мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2016    №: 111    Мутолиа карданд: 546

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед