logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АЗ ПАНДҲОИ ШАЙХ САЪДӢ
Ҳар он сире, ки дорӣ, бо дӯст дар миён манеҳ, чӣ донӣ, ки вақте душман гардад ва ҳар газанде, ки тавонӣ, ба душман марасон, бошад, ки вақте дӯст шавад. Розе, ки ниҳон хоҳӣ, бо кас дар миён манеҳ, агарчи дӯсти мухлис бошад, ки мар - он дӯстро низ дӯстони мухлис бошад, ҳамчунин мусалсал..!
* * *
Сухан дар миёни ду душман чунон гӯй, ки агар дӯст гарданд, шармзада набошӣ!
* * *
Ҳар ки бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад!
Таҳияи Б. БАҲОДУР

 

АЗ ХОНАИ МАН ХУБТАР
Ашӯр Сафар дӯсташ Одина Ҳошимро пазмон шуда, ба театр (театри ба номи Саидалӣ Вализода, ки Одина Ҳошим директораш буд) меравад. Ҳар ду чанде суҳбат мекунанду баъд ба мошин савор шуда, аз ҳавлии театр берун мебароянд. Нисфирӯзӣ буд ва шикамҳо аз гуруснагӣ танбӯр менавохтанд.
Мошин ба сари роҳи калон мебарояд.
- Куҷо ҳай кунам? – мепурсад Одина Ҳошим, ки ронанда буд.
- Куҷое ҳай кунӣ, оғо, - мегӯяд Ашӯр Сафар, - аз хонаи ман хубтар аст.
Гурез САФАР

 

ТУТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ШИФОБАХШИИ ОН
Тут ҳамчун дарахти зиёдумри сояафкану серҳосил машҳур аст. Баргаш барои тайёр кардани ашёи хом ва меваи ширинаш ғизои одамон аст. Ин навъи мева барои бардавомиву дарозумрии инсонҳо солҳост, ки миёни мардуми Шарқ маъмул аст. Тут аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ  бой буда, дар худ калсий, магний, оҳан ва амсоли онҳоро дорост. Хусусиятҳои шифобахшии тути хушккардашударо донишмадон барои беморони гирифтори қалб, фишорбаландӣ, тоза кардани гурдаҳо ва узвҳои ҳозима тавсия карданд.
Истеъмоли афшурдаи тут бошад, хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, дар бартараф кардани варами даҳон, илтиҳоби захми меъда ва дарди гулӯ муфид аст. Инчунин, барги таркардашудаи тут барои ба зудӣ бартараф кардани таб истифода мешавад.
   Дар Украина давоми 4 ҳафта тариқи меваи тару тозаи тут табобати беморони дилро таҷриба карданд. Ҳамарӯза ба беморон  4 маротиба 200 – 300 грамм истеъмол намудани  тути тару тозаро тавсия дода, расман озмоиш гузаронданд. Натиҷаи озмоиш нишон дод, ки давоми як моҳи табобат  қабзият ва дарди дил коҳиш ёфтааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

 

ХОК МЕХӮРЕМУ ХОК НАМЕДИҲЕМ!
(аз хотироти Аҳмадшоҳи Масъуд)
Ман ҳеҷ гоҳ гиря накардам, чун агар гиря мекардам, Афғонистонро аз даст медодам, вале як бор натавонистам ашкамро нигаҳ дорам .
Замоне буд, ки таҳти фишори сахти душман қарор доштем ва бидуни ғизо ва либоси гарм ба сар мебурдем. Рӯзе берун аз қароргоҳ рафтам ва занеро дидам, ки кӯдакеро дар бағал дошт. Кӯдак аз бағали модараш поён омад ва рафт тарафи буттае, алафашро барканд ва решаҳои пур аз хокашро хӯрдан гирифт. Тарсидам, ки модар ба тарафи ман фарёд мезанад ва мегӯяд: ай хок бар сарат Масъуд бо ин ҷангҳоят. Вале модар ба кӯдакаш гуфт: «Бихӯр писарам боке надорад, хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем...
Бидуни ихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Сахт гиристам…
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

 

400 КӮЛИ ЯК ПАРК
Парки миллии Тоҷикистон на танҳо  бо бузургиаш, балки  бо ёдгориҳои  таърихӣ, анвои гуногуни набототу  ҳайвоноти нодираш дар қаламрави Осиёи  Миёна беназир аст.
Парк дар қисмати марказии Помиру Олой ва ҳудуди қаторкӯҳҳои  Заалайскӣ, Белуш, Зулумарт ҷойгир буда, масоҳати умумиаш  2, 6 миллион гектарро  ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди он зиёда аз 400 кӯл мавҷуд аст. Калонтарини онҳо Сарез, Қаракӯл, Яшикӯл ба шумор мераванд.   
Бо назардошти он ки дар парк калонтарин пиряхҳо ҷойгиранд,  онро манбаи асосии оби минтақа низ номидаанд. Танҳо  пиряхи калонтарини Осиёи Миёна Федченко 10, 2 дарсади манбаи захираи оби Помирро ташкил менамояд. Дар ҳудуди парк ҳамчунин 10 пиряхе мавҷуд аст, ки зиёда аз 2 километр масоҳат доранд.
Коршиносону муҳаққиқони  кишварҳои  Муғулистон, Ҷопон, Олмон ва Британияи Кабир  борҳо аз  парк дидан намуда, онро  иншооти таърихии инъикоскунандаи пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин номиданд. Зеро дар он нишонаҳои аввалини истифодабарии олотҳои мисину пӯлодӣ ва ашёҳои дигар баҳри парвариш ва ром намудани ҳайвоноти ёбоӣ, шикор ва муборизаҳои дастаҷамъона зидди ҳайвоноти ваҳшӣ мушоҳида мешавад.
Дар парк объектҳое  мавҷуданд, ки таърихи миллионсола доранд ва дар давраи гузариш  аз замони мезазой ба таърихи полионтологӣ шакли худро дигар накардаанд. Баъди омӯзиши зиёд  коршиносон ба хулосае омаданд, ки дар Парки миллии Тоҷикисон маълумотҳое мавҷуданд, ки на танҳо хусусияти минтақавӣ, балки  умумиҷаҳонӣ доранд ва омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо аз таърихи инсоният саҳифаи наверо  боз хоҳанд кард.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 

МУҲАММАД АЛӢ
 Ӯ ДОСТОНЗЕБ АСТ
Муҳаммад Алӣ, ки то синни 22 – солагӣ исми  Кассиус Клейро дошт, дар умри тӯлонии ба сар бурдааш на танҳо дар дунёи бокс маъруфу маълум гашт, ҳатто чун муборизи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва зидди нажодпарастӣ дар миёни мардумони олам мақому шуҳрати хоса касб карда буд.
Ӯ 17 январи соли 1942 таваллуд шуда, аз синни 12 – солагӣ  ба бокс машғул шуд. Нахустзӯрозмоиашро моҳи октябри соли 1960 анҷом дод ва аввалин медали тиллоро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рим ба даст овард.
Муҳаммад Алӣ худи ҳамон сол ба бокси касбӣ гузашт ва пай дар пай дар муҳорибаҳо дастболо гардид. Аввалин кӯшиши чемпиони ҷаҳон шудан аз тарафи ӯ моҳи феврали соли 1964 сар зад ва бо чемпиони он замон Сонни Листон дидор анҷом дод. Бо вуҷуди пешгӯиҳои аксари шореҳони варзиш, ки ғолибиятро ба Листон нисбат медоданд, Муҳаммад Алӣ рақибашро дар раунди шашум маҷбур намуд, ки таслим шавад. Бо ҳамин ғалаба ӯ дар 22 – солагӣ унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардид. Пирӯзии Муҳаммад Алӣ бар Листон дар дунёи бокс ҳангомаеро ба вуҷуд овард, ки то ҳанӯз ҳамто надорад. Ва маҳз пас аз ҳамин пирӯзӣ Муҳаммад Алӣ чунин ҳарфҳои бузургро ироа намуд: «Ман маъруфтарини маъруфҳо, шоҳи олами боксам!».
Дар ҳамин сол ӯ ба гурӯҳи «Миллати ислом» ҳамроҳ шуда, бар ивази Кассиус Клей номи Муҳаммад Алиро мегирад ва соли 1965 дар дидори дифоъ аз унвони чемпионӣ боз бо Листон зӯр озмуда, дувумин бор қаҳрамони ҷаҳон мегардад.
Солҳои 1964 то 1967 Муҳаммад Алӣ дар муқобили нуҳ рақиб ба муҳориба баромада, унвони чемпиониро ҳифз мекунад, вале баъдтар ба сабаби саркашӣ аз иштирок дар ҷанги Ветнам  ба муддати се сол аз ҳузур дар зӯрозмоиҳо ва номи чемпионӣ маҳрум мегардад.
Муҳаммад Алӣ моҳи марти соли 1971 бар муқобили чемпиони ҷаҳон Ҷо Фрейзер рӯи ринг меояд ва дар раунди 15 – ум ба нокаут афтода, мағлуб мегардад. Вай соли 1974 дар Зоир бо қаҳрамони собиқи бокс Ҷорҷ Форман дар сангинвазн зӯр озмуда, дастболо мегардад ва баъд аз як соли он унвони чемпиониро дар муҳориба бо Фрейзер бар худ бармегардонад.
Соли 1977 дар филми бо номи «Маъруфтарин» нақши хешро мебозад. Дар маросиме, ки Би-би- си соли 1999 баргузор кард, ба Муҳаммад Алӣ унвон ва ҷоизаи Беҳтарин варзишгари тамоми давру замонҳо тақдим гардид. Ӯ моҳи декабри соли 1980 дар 40 – солагиаш боксро тарк намуд.
Муҳаммад Алии достонзеб чун шоҳи боксгарони дунё пазируфта шуда, номаш дар лавҳаи таърихи бокс бо хатҳои заррин барои абад сабт мегардад.
3 июни соли равон ӯ аз олам даргузашт, вале дар дунёи варзиш ва дар замири мухлисони бокс ӯ барои ҷовидонӣ зинда аст.
 Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

 

Дейл КАРНЕГӢ
ТАРС ТАШВИШРО МЕЗОЯД
(Идома аз "Шоми шанбе" - ҳои гузашта)
Ғаму ташвишу изтироб метавонанд боиси пайдоиши бемории тарбод ва илтиҳоби бандҳо (варами пай, артрит) гарданд ва шахсро як умр бистарӣ созанд. Духтур Рассел С. Сесил, профессори факултаи тиббии Донишгоҳи Карнел, ки дар дунё машҳуртарин мутахассиси илтиҳоби артрит ба шумор мерафт, 4 сабаби пайдоиши ин касалиро ном гирифтааст:
1. Шикасти ҳаётӣ оилавӣ.
2. Фалокати молиявӣ ё ягон андуҳ.
3. Танҳоӣ ва изтироб.
4. Дуру дароз дар дил нигоҳ доштани ранҷиш.
Албатта, ин чор ҳолати ҳаяҷоновар сабабгори асосии пайдоиши илтиҳоби бандҳо нест. Шаклҳои гуногуни артрит мавҷуданд ва сабабҳои пайдоиши онҳо ҳам мухталифанд. Вале асосҳои овардаи табиб Сесил аз ҳама паҳншудатаринҳоянд. Масалан, вақте як рафиқи ман дар ҳолати нобоби молиявӣ монд, яъне касод шуду хати гази хонаашро буриданд ва бонк суратҳисобашро баст, ҳамсараш гирифтори артрит шуд. Баъди он ки дӯстам вазъи молиявиашро беҳ намуду қарзҳоро пардохт, завҷааш аз маризӣ раҳоӣ ёфт. Ва то ин вақт ҳоли ӯ аз доруву дармону парҳез ҳеҷ беҳ нашуда буд.
Духтур Уилям Макгонигл ҳангоми сухан рондан дар ҷаласаи дандонпизишкони Амрико, гуфта буд: «Ҳиссиёти ноҳинҷоре, ки аз изтироб, маъюсӣ, тарс ва  ғайра пайдо мешавад, метавонад мувозинати калтсиро дар ҷисми одам вайрон намуда, боиси пӯсиши дандонҳо гардад». Ин табиб изҳор дошт, ки як рафиқаш дандонҳои солим дошт, вале баъди он ки завҷааш ногаҳон ба бемории сахт печид, якбора нуҳ дандони вай ба пӯсидан даромад. Сабаби ин ҳолат ташвишу изтироб ва ғаму андуҳ буданд, на чизи дигар. Аз ин рӯ, ба фардо бо чашми бовар бингаред ва аз ташвиши беҳуда ранҷ накашед.
   (Идома дорад)
Тарҷумаи Нозирҷон ЁДГОРӢ

 

СОЯИ СИТОРАҲО
Одамони машҳур, яъне ситораҳо низ, мисли мо – одамони одӣ,  аз гӯшту устухон иборатанд. Ба онҳо низ тарсу ваҳм хос аст. Лекин ҳар кадоми онҳо фобияи худро дорад. 
Барои мисол, киноактёрони машҳур Мишел Пфайффер ва Ума Турман аз фазои сарбаста хеле метарсанд. Ин ба онҳо ҳангоми фаъолияти касбиашон мушкилоти зиёд пеш меорад. Ума Турманро барои иҷрои нақши қаҳрамони асосӣ дар филми "Kill Bill 2", ки ӯро зинда ба гӯр меандозанд,  лозим омад бо ин бемории равонии худ шадидан мубориза барад. Лекин, як чиз мусаллам аст, ки Турман ин ҳолати қаҳрамонаш, ё аниқтараш авзои  худро хеле олӣ «бозидааст».
Вупи Голдберг, Шарлиз Терон, Бен Аффлек, Шер ва Колин Фарреллҳо бошанд, аз парвоз дар тайёра ҳарос доранд. Овозхони машҳур Майкл Ҷексон низ аз ҳавопаймову чархбол сахт метарсид. Дили ӯро паси ҳам ҷамъ шудани мошинҳои зиёд низ ба тазйиқ меовард. Бинобар ин, Ҷексон, агар илоҷаш бошад, хоҳиш мекард, ки ӯро ба майдони консертӣ бо киштӣ бубаранд. 
Иля Лагутенко ва Скарлетт Йохансон бошанд, ҳангоми дидани нонхӯракҳо чун кӯдак чиррос мезананд, зеро онҳо барояшон ваҳмангезанд. Вуди Аллену Стивен Спилберг бошанд, аз ҳама намуди ҳашарот қимобанд. Дар ҳавои кушод низ худро аз онҳо дур мегиранд. Никол Кидман дар ин рӯихат пешсаф аст. Ӯ ҳатто аз шоҳпарак низ метарсад. Ҳангоми ба ӯ наздик шудани ин ҷонвари безарар чун кӯдаки тарсончак овоз баланд карда, мегурезад.
Камерон Диасро мегӯянд, ки аз дастаи дар метарсад. Аҷаб, ӯ ба хонааш чӣ гуна даро-баро мекарда бошад?
Асрори ситораҳоро бароятон М. ТАБАРӢ бозгӯ намудааст.

 

КАЙҲОНИ ҶОЛИБ
Астронавтҳои амрикоӣ Ҷен Дэвис ва Марк Ли – алҳол ягона ҷуфти оилавист, ки якҷоя дар кайҳон буд. Онҳо дар ҳайати экипажи киштии кайҳонии  “Эндевер” сентябри соли 1992 парвоз карданд.
Дар кайҳон бинобар фишори паст, ки дар шароити бевазнӣ ба сутунмуҳра таъсир мекунад, сайёҳони кайҳонӣ ба ҳисоби миёна 5 сантиметр дарозтар мешаванд.
Тибқи тадқиқоте, ки ҳанӯз соли 2001 гузаронда шуд, нафароне, ки дар Замин аз хурроккашӣ азият мекашиданд, дар кайҳон аз он халос мешаванд.       
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

БУЗУРГТАРИН МЕТРО
Калонтарин  метро, ки масираш аз қаторкӯҳҳои  Олфи  Утриш, Олмон ва Италия мегузарад,  мавриди истифода қарор гирифт. Истгоҳи аввалаш Утриш ва охираш Италия мебошад. Он қисмати шимоли Аврупоро ба ҷанубаш мепайвандад.
Нахустин мусофирони ин нақлиёти  суръати ҳаракаташ тез роҳбарони кишварҳои  Олмон, Италия ва  Утриш буданд. Дарозии хатсайри он 57 километр буда,  дувуним километри он аз зери замин мегузарад. Сохтмони  ин роҳ 17 сол бо харҷи зиёда аз 12 миллион доллар идома ёфта, дар сохтмони он 2600 коргар  иштирок кард.
Таҳияи  Ҳ. САНГОВА

 

ПЕНАЛТИИ ФАВҚУЛОДА
17 июли соли 2011 дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб дар майдони худ бо тими миллии Ливан дидори дӯстонаро анҷом дод.
Ҳисоби бозӣ 5:2 ба фоидаи соҳибони майдон буд ва ин лаҳза довар ба дарвозаи ливаниҳо зарбаи ҷаримавии 11 – метра таъйин намуд. Пеналтиро бозигари АМА Зеяб Авана иҷро кард. Ӯ ба сӯи тӯб давида, дафъатан пушташро тарафи дарвозабони ҳариф гардонд ва  бо пошнаи по ба тӯб зарба зад. Агарчи зарба онқадар пурзӯр ҳам набуд, вале тӯб дохили дарвоза гардиду онро довар бипазируфт.
Пас аз ин ҳолат Аванаро ба сабаби беэҳтиромӣ нисбат ба ҳариф иваз намуданд.
Ин пеналтии  басо фавқулодаро солҳост, ки мухлисон аз тариқи интернет тамошо мекунанд, аммо муаллифи он Зеяб Авана дар қайди ҳаёт нест. 25 сентябри соли 2011 ӯ дучори садамаи автомобилӣ гардида, дунёро падруд гуфт.
Таҳияи И. РАҶАБ

 

РОҲЗАНҲО БОИГАРИАШОНРО ДАР КУҶО ПИНҲОН КАРДААНД?
Аз сабаби фаъолияти пурҷӯшу хурӯши роҳзанҳои баҳрӣ дар қаъри уқёнусҳои дунё хазинаҳои бузурге маҳфуз аст.
Арзиши боигарии дар соҳилҳои ҷазираҳои Кокос пинҳонкардаи роҳзани машҳур Генри Морган (дар асрҳои 16 зиндагӣ кардааст) аз 1 миллиард доллар зиёд будааст. То ин вақт зиёда аз 300 экспедитсияҳои ҷустуҷӯӣ барои дарёфт намудани он ташкил карда шудаанд. Вале ҳеҷ яке аз онҳо  натиҷаи дилхоҳ надод.
Роҳзани дигари машҳур Эдвард Тич аст, ки боигариашро дар қалъаи ҷазираҳои Виргиния нигоҳ медоштааст. Мегӯянд, ки хазинаи Тич ба садҳо миллион доллар баробар аст. Ин хазинаро низ то ҳол касе наёфтааст.
Мувофиқи ҳисоби бостоншиносони амрикоӣ Ресли Хоуп арзиши умумии хазинаи роҳзанҳо даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.  То ин дам ҳамагӣ 5 - 7 дарсади боигарии роҳзанҳо ёфт шудаасту халос.
Дар киштии «Титаник» 57 мусофири миллионер ба сафар баромада буданд. Боигарии онҳо  низ ба қаъри об фурӯ рафтааст. Дастнависҳои (манускрипт) ноёби Умари Хайём нест шуда бошанд ҳам, вале алмосу тиллои баробар ба даҳҳо миллион доллар ҳанӯз ҳам дар зери вайронаҳои киштӣ хобанд.
Хазинаи бузурги се аср боз ҷӯстуҷӯ шудаистодаи воқеъ дар ҷазираи Хуан-Фернандеси наздикии Чилӣ (онро Робинзон Крузо, «Ҷазираи хазинаҳо» ҳам мегӯянд) аз тарафи баҳрнаварди испанӣ Хуан Эстебан Убилла ба маблағи 10 миллиард доллар баҳогузорӣ шуд.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ

 

«КИБЕРАТАКА» - ҶАНГИ ВОҚЕӢ
Дар соли 1985 дар  Япония гурӯҳи чапгарои радикалӣ бо ёрии шабакаҳои компютерӣ ба ягона шабакаи идоракунии роҳи оҳан ҳуҷум овард. Хушбахтона, компютерҳои роҳиоҳанчиён сахт ҳифз карда мешудааст ва шикастани он муяссар нашуд.
1 майи соли 2000 дар интернети қитъаи Осиё вируси компютерии «I love you»  сар дода шуд, ки бо суръати ниҳоят тез дар тамоми дунё паҳн гашта, фаъолияти бисёр муассисаҳои давлатӣ, порлумонҳо, аз ҷумла Пентагон ва порлумони Англияро халалдор намуд. Дар 5 рӯзи аввал 6,7 миллиард доллар зарар расонд. Баъдтар хадамоти махсуси ИМА ва Филиппин муаллифи вирус – узви яке аз гурӯҳҳои террористиро муайян кард.
Эҳтимол, он рӯз дур нест, ки хакир – террористон ба давлатҳои дорои технологияи баландтарин зиён бирасонанд, ки аз ҳуҷуми ҳастаӣ бештар бошад. Ва, мутаассифона, эҳтимолияти ин амал шояд барвақттар бирасад, зеро дар 10 соли охир технологияи баланд ба дараҷаи шигифтангез пеш рафт. Агар ба омори сияҳкорон бингарем, дар ин давра зиёда аз 6 ҳазор актҳои террористӣ анҷом ёфта, 25 ҳазор нафар шаҳид ва маҷрӯҳ гаштааст. Аз рӯи маълумоти мутахассисон имрӯз дар дунё қариб 500 ташкилот ва гурӯҳҳои экстремистӣ фаъол буда, шабохунҳои ҳарбӣ, диверсионӣ ва куштори сиёсиро амалӣ менамоянд. 
Терроризм, ки дар асри XX васеъ паҳн гашт, бо навовариҳои илму техника баробар қадам мегузорад. Мутахассисон бар он боваранд, ки вақтҳои наздик вожаҳои автомат, камони снайперӣ, таҷҳизоти дастисохти тарканда – лавозимоти ҳарбии анъанавии террористон -  аз истифода мебароянд, яъне архаизм мешаванд. Раиси маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ Александр Попов чунин меҳисобад, ки шаклҳои навтарини терроризми технологӣ, пеш аз ҳама кибернетикӣ ба миён меоянд. Ин чӣ бошад ва кибертерроризм ба аҳли башар чӣ таҳдиде дорад?
Мана андешаҳои Тимоти Л. Томас, таҳлилгари маркази таҳқиқоти ҳарбии хориҷии академияи «Форт Ливенворд» - и ИМА:
«Вақте ки бори нахуст интернет фаъол шуд, ҳама барояш чапак заданд ва онро пайвандгари тамаддунҳо хонда, чун воситаи муоширати байни соҳибкорону истеъмолгарон ва намояндагони ҳукумат пазируфтанд. Вале зуд пай бурданд, ки он метавонад ба манбаи таҳдид ҳам табдил ёбад. Рақамҳо шоҳиданд, ки террористон ҳангоми кашидани нақшаи ҳуҷуми 11 сентябри соли 2001 аз интернет фоида бурдаанд. Дар Афғонистон компютерҳои роҳбарони «Толибон» ба даст афтоданд ва аз ҳуҷҷатҳои онҳо маълум гардид, ки террористон интернетро чун воситаи кибербанақшагирӣ   истифода кардаанд. Гурӯҳи «ал – Қоида» - и дар ИМА фаъолбуда барои алоқа интернеттелефонҳоро истифода бурдаанд».
Имрӯз террористон метавонанд бо ёрии 15 барномаи амалӣ дар «тори байналмилалӣ» - интернетӣ ба даҳшатафканӣ машғул шаванд. Яъне онҳо метавонанд дар бораи ҳама чиз: корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, одамони алоҳида, роҳбарони давлату ҳизбҳо, қисмҳои ҳарбӣ, сарҳадҳо, харитаҳои ҷуғрофӣ, фурудгоҳҳо, тайёраҳо, хати ҳаракати қатораҳо, неругоҳҳо, обанборҳо, дарғотҳо, бонкҳо…  маълумот пайдо намоянд, барои иҷрои амали худ маблағ гирд оранд ва бо ҳам махфиёна дар тамос бошанд.
Террористон фаъолона аз интернет барои ирсоли маълумоти махфӣ истифода мекунанд. Калимаҳои бемаънию бемантиқ метавонанд дастурҳои рамзӣ бошанд. Онҳо, агар ба манфиати худашон бошад, ба воситаи интернет робитаҳои корӣ, амалиёти бонкиву молиявии бисёр ташкилотҳоро вайрон карда метавонанд. Терроризм ҳамеша дар ҷустуҷӯ буда, роҳҳои нав ба нав, шаклу усулҳои беҳтаринро баҳри ба мақсад расидан кашф менамояд, яъне пайваста дар эҷод аст. Имрӯз террористон на танҳо ба ҳаёту саломатии ҳар яки мо, балки бо вайрон намудани шабакаҳои идоракунӣ, таъмини зист, бо фароҳам овардани фазои тарсу ҳароси доимӣ ба кулли ҷомеа таҳдид мекунанд.
Кибертерроризм хатари воқеист, онро ба назар нагирифтан ҳадди ақал кӯтоҳандешист.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 705

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед