logo

иҷтимоиёт

РӮЗҲОИ НЕК ДАР ПЕШАНД

Тавре «Ҷумҳурият» қаблан хабар дода буд, 12-14 майи соли равон сел ба ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва шаҳраки М. Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ хисороти калон ворид сохт. Аз байн қариб як моҳ гузашт. Оқибатҳои офати табиӣ дар ин маҳалҳо чӣ тавр бартараф мешаванд?

Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳаҷми зарари офати табиӣ дар ҳудуди деҳаҳои Комсомол, Адолат ва Файзобаи Ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаҳои Румӣ, Навобод, Ҳоҷиён, Элок, Косибон, Истиқлол ва коргари Ҷамоати шаҳраки М. Турсунзода дар маҷмӯъ 12 миллиону 79 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз сел 32 хонаи 222 бошанда пурра ба маблағи 1 миллиону 920 ҳазор сомонӣ, 72 хонаи 592 бошанда қисман ба маблағи 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ зарар дид.
Офати табиӣ ба маблағи қариб 5 миллион сомонӣ купрук, роҳҳои нақлиёт, селбурҳо, хатҳои обёрию каналҳо, иншооти соҳилмустаҳкамкуниро хароб сохт.
Дар рӯзҳои борони шадид ва омадани сел ҳамчунин 32 сар чорвои мардум талаф ёфт. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ рӯй надод.
Аз дақиқаҳои аввали бадбахтии ба сари мардум омада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сохторҳои марбутаи давлатӣ супоришҳои фаврии мушаххас дод, ки барои дастгирии мардуми зарардида ва рафъи ҳарчи зудтари оқибатҳои сел аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд. Ҳамзамон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадом 44 оилаи манзилаш пурра ва 75 оилаи манзилаш қисман харобгашта мутаносибан 6 ҳазор ва 3 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи пулӣ расонда шуд.
Қобили зикр аст, ки вазъи душвори зарардидагони сел сокинони дигар маҳалҳои ноҳия, идораю корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатмандро бетараф нагузошт. Аз ҷониби онҳо ба маблағи қариб 650 ҳазор сомонӣ кумак расонда шуд. Бахши ноҳиявии КВД «Тоҷиксуғурта» ба 104 зарардидаи офат қариб 100 ҳазор ёрии пулӣ кард.
Ҳамин муттафиқӣ, ташкили хуби кор аз ҷониби ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, иштироки  фаъолонаи кормандони мақомоти умури дохилӣ ва низомиён, мардуму мактабиёни деҳоти атрофи маҳалҳои зарардида, сафарбарсозии техникаи гуногун имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ манзили одамон, дигар иншооти зарардида аз лою об тоза карда шаванд, ки кори саҳл набуд. Айни замон барқарорсозии хонаҳои осебдида ва дигар объектҳои хоҷагии халқи ноҳия идома дорад. 
- Хонаи моро ҳам сел пурра вайрон кард. Аммо мо аз рӯзҳои аввали ин бадбахтӣ худро танҳою бечора ҳис накардем. Аз номи Сарвари фуқаропарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки умрашон дарозу роҳбарияшон минбаъд низ бобарор бошад 6 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ доданд. Ғайр аз ин ду ҳазор сомонӣ суғуртапулӣ гирифтем. Бар илова як камаз шағал таги дарамон оварда рехтанд, 6 халта орд, 50 кг биринҷ, 50 кг равған, 1 қуттии гигиенӣ доданд. На танҳо ба хонаводаи мо. Ҳоло бо аҳли оила аз пайи барқарор кардани хонаамон мебошем. Дилам пур, ки бо чунин дастгириҳо ин душвориҳо мегузаранду боз бисёр рузҳои нек дар пешанд, - мегӯяд сокини Ҷамоати шаҳраки М. Турсунзода Авзалмоҳ Солиева.

Гулмочозода МАВЛУДА,
донишҷӯи бахши 3 - юми
Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи П. БӮЙДОҚОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 484

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед