logo

фарҳанг

БАЪДИ ДАМИДАНИ СУБҲ

Ба озмуни «Ҷумҳурият»
Рӯзи дар саҳифаи аввали рӯзномаи рақами 1 - и ҷумҳурӣ чоп шудани лавҳаи нахустинам ба ҳайси корманди он дар роҳрав ба ҷавони қоматбаланди лоғарандом, ки аз банда тахмин чор - панҷ сол калонтар менамуд, рӯ ба рӯ омадам. Салом дода гузашта рафтанӣ будам, ки вай муаддабона пеши роҳамро гирифта, даст дароз кард ва бо чеҳраи кушода гуфт:
– Агар хато накунам, шумо корманди нави рӯзнома.
– Бале.
– Биёед, шинос мешавем. Номи ман Ғоиб, Ғоиб Сафарзода, дар шуъбаи адабиёт кор мекунам.
– Номи ман…
– Ман шуморо аллакай мешиносам, Ато Ҳамдам. Имрӯз ман корамро аз мутолиаи лавҳаи шумо сар кардам. Лавҳаи хуб. Маълум, ки шумо мавзӯи интихобкардаатонро хуб медонед. Сари баъзе ҷумлаву ибораҳо баҳс кардан мумкин. Иншооллоҳ, мо боз бисёр вомехӯрем. Кори эҷодӣ моро наздиктар хоҳад гардонд. Шуморо табрик мекунам. Холӣ шудед, ба дафтари мо низ дароед, чой менӯшем, чақ - чақ мекунем.
Ман аз вохӯрӣ бо журналисти варзида, шоири боистеъдод, ки бо вуҷуди ҷавониаш аллакай ном бароварда буд ва ӯро ғоибона хуб мешинохтам, хеле шод шудам. Бо суҳбати гуворо, чеҳраи кушода ва самимияти беандозааш ба зудӣ дар қалби ман маъво гирифт…
– Дар чапираи навбатӣ, ки бисёр тезу тунд ва бо ҷӯшу хурӯш гузашт, баъди он ки суҳбат қариб ба поён  ва вақти ҷамъбаст расида буд, ногоҳ Ғоиб Сафарзода даст бардошта чунин гуфт:
– Муҳокимаи имрӯза ба назари ман аз дигар рӯзҳо дида башиддат ва ба манфиати кор буд. Лекин ман ҳайронам, ки чаро маърӯзачиён ва дар муҳокима иштирок кардагӣ рафиқон як лавҳаи ба назари ман хуб, муаллифаш ҳамкори нави моро нодида гирифтанд. Вай хабари одӣ нест, ки ба чашми мо нарасад. Гап дар бораи лавҳаи Ато Ҳамдам – мана худаш ҳамин ҷо нишастааст, меравад, ки «Вақте ки субҳ медамид…» номгузорӣ шудааст. Муаллиф ҳолати субҳи содиқ, меҳнати пурҷӯшу хурӯши механизаторро боварибахш тасвир намудааст. Ман хурсандам, ки ба сафи мо боз як рӯзноманигори ояндадор ҳамроҳ шудааст.
Сармуҳаррир фикри Ғоиб Сафарзодаро ҷонибдорӣ карда, ҷаласаро ҷамъбаст намуд. Ғоиб Сафарзода ба гумонам он лаҳза бо ин рафтори худ маро бо коллективи калони бузургтарин рӯзномаи ҷумҳуриявӣ хубтар ошно кард. Барои чӣ? Худам ҳам намедонистам. Охир мо пештар ҳамдигарро умуман надида будем.
Баъди ин ману Ғоиб Сафарзода ба як маънӣ хеле қарин шудем. Бисёр лавҳаҳоямро пеш аз ба чоп супоридан аввалин шуда ӯ мехонд, таҳрир мекард, маслиҳатҳо медод. Чизи хуб ва чизи бад ҳеҷ гоҳ аз назари ӯ дур намемонд. Дилаш ба фарҳангу тамаддунамон, алахусус барои забонамон бисёр месӯхт. Оид ба покиза нигоҳ доштани забон аз ҳар гуна зуҳуроти бегона, беғалат ва бенуқсон истифода бурдани ҳар як ҳарфу ҳиҷои тоҷик, калимаву ибораҳо мақолаҳои ҷиддӣ, сахт менавишт, ҷасурона менавишт, нотарсона менавишт. Андешаҳои ӯ барои рушду такомули забон ва маънавиёт, рӯшод ва беибо ҳарф заданҳояш бе асар намонданд, ӯро азият медоданд, барои истинтоқ ба идораҳои боло мебурданд. Вале вай сари мӯе парво надошт, Ғоиб буд ва Ғоибвор менавишту менавишт.
Ҳамчун корманди шуъбаи адабиёт барои дарёфти истеъдодҳои нав, ба нашр расондани асари онҳо пайваста кӯшиш мекард. Чунон ки дар боло гуфтам, ба нисбати мо – ҷавонони ҳамкораш бисёр дилсӯзу меҳрубон ва дар айни замон сахтгир буд. Лаҳзае ба ёдам меояд. Аз рӯзгори яке аз сарварони пахтакори ноҳияи Восеъ ҷуръат карда бо номи «Пайраҳа» очерке навиштам. Очерк аз назари мудири шуъба, мухбири махсуси шуъба Турдиалӣ  Бойбобоев гузашт ва ба чоп тавсия карданд. Ман мехостам пеш аз ба котибот супурдан онро аз назари Ғоиб - ака гузаронам. Ӯро суроғ кардам, гуфтанд, ки ба муддати як ҳафта ба сафари эҷодӣ рафтааст. Майлаш, гуфтам, омаданашро мунтазир мешавам. Вале рӯзи дигар мудири шуъба гуфт, ки очеркро зудтар ба котибот супор. Сармуҳаррир супориш додаст. Ноилоҷ, монда очеркро супоридам ва он дар шумораи навбатӣ ба табъ расид.
Ғоиб Сафарзода баъди анҷоми сафари эҷодӣ маро ба наздаш даъват намуд. Як пиёла чойи кабуд дароз карда гуфт:
– Ман очеркатро хондам. Аввал табрик мекунам. Ҳар кас имконият ва ғайрат надорад, ки очерки калонеро дар рӯзномаи мо чоп кунад. Очеркнависиро бо ҷидду ҷаҳд давом деҳ. Бовар дорам, ки аз ту очеркнависи хуб хоҳад баромад. Агар зинда бошам, вақту соаташ ояд, як тавсияномаро барои ба узвияти Итифоқи нависандагон дохил шуданат худам менависам. Дар атрофи ин очеркат баъзе эродҳо дорам, ҳоло фақат яктояшро мегӯям, боқимондаашро баъдтар. Ту манзараи саҳроро дар гашти рӯз ба қалам медиҳию лекин дар як ҷумла менависӣ, ки «Шаббода аз ҷониби ғарб вазида, гесувони Аноргул (қаҳрамони асосии очерк) - ро парешон мекард. Маънои калимаи «шаббода» - ро мефаҳмӣ?
– Мефаҳмам, – посух додам ман.
– Дар куҷо шунидӣ ё дидӣ, ки боди шабона дар рӯзи равшан мевазидааст? Шояд ту «насими чоштгоҳӣ» гуфтанӣ будӣ?
Ростӣ, баъди шунидани ин суханҳо худамро гум кардам, аз шарм сурх шудам. Намедонистам, чӣ ҷавоб диҳам.
– Ё ман ноҳақ ҳастам?
– Не, акои Ғоиб, шумо пурра ҳақ ҳастед. Ман саросема шудам.
– Саросемагӣ, бедиққатӣ, саҳлангорӣ, инҳо мафҳумҳое ҳастанд, ки душмани эҷодкоранд. Ту ки ба жанри калон даст задӣ, минбаъд ба ҳар сатру ибора ва ҷумлаҳоят эътибор деҳ. Даҳ бор чен куну як бор бур, гуфтанд. Хайр, шуд, аз эроди сахти ман хафа нашав. Хез. Меравем ба ошхона. Суҳбатро онҷо давом медиҳем.
То вопасин рӯзҳои марги фоҷиабораш бо Ғоиб Сафарзода ҳамсуҳбату ҳамнишин будем. Сад афсӯс, ки ӯ ба ваъдааш вафо карда натавонист. Ба ҷои ӯ тавсияҳоро ба ман ҳамчун очеркнавис барои ба узвияти Итифоқи нависандагон дохил шудан устодони дигарам Мутеулло Наҷмиддинов, Ҷумъа Одина ва Саттор Турсун навиштанд. Вале ман ӯро ҳамчун журналисти соҳибистеъдод, публитсисти шуълавар, шоири боистеъдод, дӯсту бародари ғамхор, бекина, ҳамдаму ҳамроз ҳамеша ёд меорам.
Ғоиб Сафарзода дар тӯли умри кӯтоҳи худ (32 сол дошт) барои ин миллат, барои фарҳангу маънавиёт корҳоеро ба субут расонд, ки дар он айём на ҳама аз уҳдаи он корҳо баромада менавонист.
Имрӯзҳо мо ба ҷашни бузурги 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳамаҷониба омодагиҳо мегирем. Шодем ва сарфарозем, ки ба ин рӯзҳо расидем. Вазифадор ҳастем, дар қатори номи он ашхосе, ки барои рушду такомули фарҳанги мо, журналистикаи мо, адабиёти мо хизматҳо кардаанд, талошу ҷоннисориҳои Ғоиб Сафарзода барин ҷавонмардони асилу фидоиро ба некӣ ёд бикунем.

Ато ҲАМДАМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 606

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед