logo

ҳуқуқ

ХИЁНАТ. ПАЙВАСТАН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ МАГАР МАФҲУМИ ДИГАР ДОРАД?

Яке аз зуҳуроти даҳшатборе, ки дар замони феълӣ бархе муҳоҷирони кориро ба сарнавишти сангин рӯ ба рӯ намудааст, ин фаъолияти гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мебошад, ки саркардагони онҳо бо роҳи таблиғ шумори зиёде аз ин тоифаро ба сафи худ шомил намуда, роҳи зиндагиашонро тираву тор месозанд.
Таҳлилгарони умури сиёсиву иҷтимоӣ бар ин ақидаанд, ки бахши умдаи шаҳрвандони хориҷии ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайваста, тавассути мағзшӯӣ ва гирифторӣ ба ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Таҷрибаи ҷангҳои Ироқу Сурия нишон медиҳад, ки ҳоло ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ ва саргардон низ ба гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ пайвастаанд. Тавре маълум аст, баъд аз ворид шудани гумроҳон ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯ, бахусус гурӯҳи «Давлати исломӣ» шиносномаву дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият гирифта шуда, ба ин тартиб роҳи бозгашт ва ё бурунрафти онҳо баста мешавад. Айни замон дар сафи ҷангҷӯёни ин гурӯҳи хатарзо шаҳрвандони ноогоҳ аз ҳама гӯшаву канори дунё, махсусан ҷавонону муҳоҷирони корӣ ҷалб шудаанд. Чунончи, бар пояи гузоришҳои дастрас танҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо беш даҳ ҳазор нафар ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастаанд.
Мутаассифона, теъдоди муайяни ҷавонони тоҷик низ дар сафи гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла «Давлати исломӣ» шомиланд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон асосан аз кишварҳои дигар ба ин гурӯҳҳо пайваста, аксаран бинобар заъфи дониш, ноогоҳии диниву сиёсӣ ба доми ифротгароён меафтанд. Гузашта аз ин, муайян шудааст, ки шаҳрвандоне дар сафи ҷангиёни ин гурӯҳи худхонда қарор доранд, ки пайрави ақидаҳои ифротии «Салафия», «Салафияи такфирия» ва ғайра мебошанд.
Тибқи омори дастрас, солҳои охир бахши зиёди парвандаҳои ҷиноятии ашхоси гунаҳгор ва ҷиноятпеша дар шаҳру навоҳии кишвар марбут ба ифротгароӣ ва ифротгароии динӣ мебошад. Масалан, дар давоми соли 2015, танҳо дар шаҳри Ваҳдат бо чунин ҷурм 18 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Зимнан, дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 20 нафар баррасӣ гардид, ки ҳамагӣ марбут ба ифротгароии динианд. Дигарбора бояд таъкид кард, ки ворид шудан ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯву ҷудоихоҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ин хиёнат ба обу хоки Ватани маҳбуб аст.
Дар ин робита, кормандони мақомоти суди шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намуда, ҷиҳати иҷрои рисолати касбии худ дар доираи қонун талош меварзанд. Барои пешгирӣ аз эҳтимоли ба миён омадани ҷинояткориҳо, бахусус ҷиноятҳои ифротӣ ва гаравидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тудрав бо сокинон вориди гуфтугӯ мешаванд.
Дар шароити пурпечутоби сиёсӣ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир бояд шинохти арзишҳои миллӣ, пойдории демократияву озодӣ, таҳкими ваҳдату иттиҳоди халқи тоҷик дар партави ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амри зарурӣ ва вазифаи идеологиву хештаншиносии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Зарур аст, ки дар чунин вазъи ҳассос ба хотири ҳифзи сулҳу ваҳдат ва оромии ҷомеа аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ то дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ иқдомҳои вижаеро рӯи даст гирифта, алайҳи ифротгароии динӣ мубориза барем, то Истиқлолияти давлатӣ бегазанд боқӣ бимонад.

Исозода Баҳодур ЧИЛЛАХОН,
судяи суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 396

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед