logo

сиёсат

ДАСТПАРВАРОНИ ХОНАИ БАЧАГОНИ ТАНОБЧӢ: «ДАСТГИРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ҲАМАРӮЗА ЭҲСОС МЕНАМОЕМ!»

Хонаи бачагони Танобчии ноҳияи Темурмалик яке аз муассисаҳое ба шумор меравад, ки дар таълиму тарбияи чандин насли наврас нақши муҳим бозидааст. Дар ин даргоҳи илму маърифат аз замони таъсисёбиаш то ба имрӯз беш аз 2456 нафар ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат таълиму тарбия гирифта, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
- Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ барои тарбиягирандагони ин даргоҳ шароити хуби зисту таълимӣ фароҳам оварда шудааст, - мегӯяд раиси ноҳияи Темурмалик Мирзохон Гулмаҳмадзода.
Соли 2003 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва бо дастгирии Бонки исломӣ дар хонаи бачагон барои 150 хонанда бинои нав сохта ба истифода дода шуд. Бинои мазкур дорои хобгоҳ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ, толори варзиш ва маҷлисгоҳ мебошад.
Ҳангоми сафари кории хеш ба ноҳияи Темурмалик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2013 ба хонаи бачагон низ ташриф овард. Сафари мазкур дар фаъолияти хонаи бачагони Танобчӣ дигаргунии зиёде ворид намуд. Сардори давлат дар ҳудуди хонаи бачагон ба сохтмони мактаби нави замонавӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузошт. Мактаби мазкур ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ барои 240 хонанда дар ду баст бо сифати баланд сохта шуда, моҳи октябри соли 2015 мавриди истифода қарор гирифт. Рӯзи ба истифода додани мактаб, Сарвари давлат ба бачаҳо компютеру принтер туҳфа намуд.
Бинобар иттилои ҷонишини директори хонаи бачагон Исмоил Саидов, соли гузашта 14 нафар хатмкунандагони ин даргоҳ, ки бо баҳои хубу аъло мехонданд, ба донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Москва, Пенза ва Екатеринбурги Федератсияи Русия дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд. 1 нафар ба Академияи милитсия ва чанд нафари дигар ба донишгоҳи амният дохил шуданд.
Сарпарастии хонаи бачагонро Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Вазортаи маориф ва илм ба уҳда доранд. Соли гузашта аз тарафи ин вазоратҳо ба хонаи бачагон ба маблағи 36 311 сомонӣ маводи хӯрока ва доруворӣ дастрас намуданд. Ҳамасола шахсони саховатманду хайрхоҳ ба мисли Абдулло Каримов, Раҳмоналӣ Олимов, Амонулло Каримов, Зоир Шарбатов, Ҷамшед Каримов ва Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса кумак мерасонанд. Соҳибкор Абдулло Каримов ба хонаи бачагон мошини хизматӣ туҳфа намуд. Ба таври умум, аз ҳисоби сарпарастон ва шахсони саховатманд дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 76 503 сомонӣ ба тарбиягирандагон ёрӣ расонида шудааст.
Агар имрӯз насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, накукорию созандагӣ ва бунёдкорӣ тарбия ёбад, ояндаи ҷомеа пурифтихор хоҳад буд. Омӯзгорону мураббияҳои хонаи бачагони Танобчӣ бо дарки ин ҳақиқат пайваста талош доранд, ки рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таълиму тарбияи хонандагон ва шукуфоии ҷомеа саҳми босазо гузоранд.

Холназар КАСИРОВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 689

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед