logo

иҷтимоиёт

ИЛЛАТ. СУХАН АЗ БОБИ СОМОНАҲОИ ИҒВОАНГЕЗ МЕРАВАД

Баҳси мо оид ба фаъолияти сомонаҳои интернетии иттилоотӣ меравад, ки ахборро дар ҳудуди Тоҷикистон бо суръати баланд паҳн менамоянд. Вале мо на оид ба фоидаи аз онҳо бадастомада, балки дар бораи зарари маънавию ахлоқиашон онҳо ҳарф заданӣ ҳастем.
Бо ин мақсад ба муҳтавои ин сомонаҳо назар мекунем. Хусусияти ин сомонаҳо дар он аст, ки онҳо танҳо маълумоти ба худашон заруриро ифшо мекунанду дигар матолибро пешниҳод намесозанд. Мақсади асосии ин гуна сомонаҳо паҳн кардани ҳангома аст, яъне аз гуфтори сода аҳодисе мебофанд, ки гӯиё тамоми олам чаппа мешуда бошад. Дар ҳоле медонанду мефаҳманд, ки ҳодисаи мазкур чунин сурат нагирифтааст, онро нашр мекунанд ва чунон рангу бор медиҳанд, ки тамоми олам аз он чашм наканад. Аксари онҳо бо пули хоҷаҳои хориҷиашон амал мекунанд ва вазифаи аслиашон танҳо авзои ҷомеаро вайрон кардан асту бас. Оне, ки ягон хабари одиеро паҳн мекунанд, ба хотири рӯйпӯш кардани амалашон аст. Инро бемалол аз мутолиаи ибрози назари  ашхоси гуногун мушоҳида кардан мумкин аст. Баъди бо овардани номи маҳалли ҳамдигар мекӯшанд, ки якдигарро паст зананд, ки ин амал ба маҳалгароӣ оварда мерасонад.
 Хусусияти муштараки онҳо ифшои андешаҳои гурӯҳи махсус мебошад. Ба хотири расидан ба мақсади хеш  гурӯҳе бо ҳам маслиҳат мекунад ва маълумоти бардурӯғеро дар сомонаҳо ҷой медиҳанд. Албатта, барои намояндаи сомона пули ҳангуфт низ пардохт карда мешавад.
Иллати ин гуна сомонаҳо дар он аст, ки аксари маълумоти ифшошаванда бе риояи қоидаҳои имло сурат мегирад. Ин амалкарди онҳо фарҳанги тоҷиконро аснои муошират дар шабакаҳои интернетӣ паст нишон медиҳад. Агар ба ин матолиб назар кунед,  ҳудуди 80 - 85 дарсади онҳо аз ҷиҳати имло хато нигошта шуда, имлои тоҷикӣ дар онҳо риоя намешавад. Тақрибан 60 дарсади мавод дар худ буғзу кинаро акс мекунад. Аз маводи номбаршуда 30 дарсадашро  таҳқиру дашном ташкил медиҳад. Аз 15-20 дарсади  маводи боқимонда маълумоти саҳеҳу дуруст дарёфт кардан мумкин аст. Бадии кор дар он аст, ки онҳо дар назди касе ҳисобот намедиҳанд. Ҳоло масъулини ин сомонаҳо дарк намекунанд, ки чӣ корро ба анҷом расонида истодаанд.
Ба тамоми сокинони мамлакат муроҷиат карда гуфтаниям, ки ба фиреби ин гуна сомонаҳо наафтанд. Ин ҳама дасисабозиҳои онҳо як паёмад хоҳад дошт он ҳам вайрон кардани авзои ҷомеа.
А. УБАЙДОВ, ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 497

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед