logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ ТРАНСГЕНӢ. ТО ЧӢ АНДОЗА АЗ ХАТАРИ ОН ЭМИНЕМ?

Бо супориши  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015  бо мақсади муайян кардани ҳолати гардиши маҳсулоти трансгенӣ ё ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) дар назди Агентии Тоҷикстандарт  аз ҳисоби кормандони вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.
Чанде пеш бо иштироки намояндагони вазоратҳои мазкур  ва роҳбарону мутахассисони «Тоҷикстандарт»  ҷаласаи аъзои гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки дар он  пешгирӣ намудани  воридоти маҳсулоти дорои ГМО, аз ташхис гузарондани ин гуна маҳсулот, такмили қонунгузориҳо дар ин самт, омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо,  ҷалб намудани мутахассисон аз ҳисоби олимону коршиносони соҳа, такмил додани озмоишгоҳҳои ташхисӣ, таъсиси мақомоти ваколатдор, муайян намудани меъёри дақиқи  мавҷудияти ГМО дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ ва тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ  мавриди баррасӣ ва мубоҳиса қарор гирифтанд.
Инак, андешаҳои чанде аз ширкатдорони ин ҷаласаи муҳим:

Шавкат Саидмуродов,
муовини директори Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои ҶТ, масъули мавзӯи илмӣ доир ба бехатарии биологӣ:
- Тоҷикистон аз соли 2013 узви Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)   гардид ва бозорҳои мо акнун  мутобиқи меъёрҳои ин созмон барои кишварҳои аъзои СУС  кушодаанд.  Беназоратӣ дар ин бахш метавонад ба мушкилоти муайян, аз ҷумла  ба воридоти маҳсулоти дорои  ГМО  ба ҳудуди кишвар оварда расонад. Маълум аст, ки дар низомнома ва қоидаҳои созишнома  назорати муомилоти ГМО ва гардиши маҳсулоти он дар ҳолати интиқол аз  сарҳади давлатӣ пешбинӣ нашудааст. Бинобар ин, зарурияти гузарондани таҳлили дақиқи «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба узвият дар СУС», ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 октябри  соли 2014, № 691 тасдиқ шудааст, баманфиат хоҳад буд. Дар муқоиса бо дастурҳои созмон пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба ин дастурҳо ва барнома зарурият дорад.  Мувофиқгардонии  қонун, низомнома ва муқаррарот, аз ҷумла қоида ва меъёрҳои санитарӣ (СанПиН), ки онҳо назорат доир ба масоили ГМО, аз қабили бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, масъалаҳои назорати ГМО дар бунгоҳҳои гумрукиро дар бар мегиранд,  ба санадҳои меъёрии байналмилалӣ тадбири зарурӣ ва  саривақтист, аммо манфиати давлат (ҳароина, саломатии мардум дороии бузурги  мамлакат аст) бояд дар мадди аввал бошад.

Раҳимзода Ҷӯрахон,
сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии  Агентии Тоҷикстандарт:  
- Дар Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади ба як хулосаи амиқ омадан доир ба масъалаи организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда (трансгенӣ ва ё ГМО) таъсиси озмоишгоҳ ҷиҳати муайян намудани маҳсулоти дорои ГМО дар маҳсулоти ғизоӣ ба нақша гирифта шуд.
Дар ин замина, соли 2013  мутахассисони  агентӣ дар шаҳри Москваи Русия (ширкати «БИОКОМ»)  аз курси омӯзишӣ гузаштанд. Айни замон 2 озмоишгоҳ (дар дастгоҳи марказӣ ва вилояти Суғд) фаъолият дорад. Ҳамчунин, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба-меъёрдарории техникӣ» аз ҷониби мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт  бо  ҷалби мақомоти дахлдор  Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» таҳия ва бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид, ки дар он маълумот оид ба маҳсулоти трансгенӣ муқаррар гардидааст. 

Ҷамшед Носиров, 
корманди Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустании Вазорати кишоварзӣ:
Тибқи моддаи 8 - и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии биологӣ», ки аз 1 марти соли 2005, № 88 ба тасвиб расидааст,   мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ Комиссияи миллӣ мебошад. Комиссияи миллӣ метавонад  ворид сохтани таркиби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро  бо мақсади муайян  ва дар давраи маҳдуд иҷозат диҳад.
Иҷозати  Комиссияи миллӣ барои  ворид сохтани  рустаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта  ҳангоми бақайдгирии навъҳо барои санҷиши арзишҳои агрономӣ ва технологӣ ҳатмӣ мебошад.  Ҳамаи навъҳое, ки аз маҳсулоти организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда бавуҷудомада, ба шароитҳои  агрономӣ ва технологӣ мувофиқанд, дар феҳристи навъҳои рустаниҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешаванд.  Бинобар ин, ба мо лозим аст, ки меъёрҳои стандартии организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар таркиби тухмӣ ва рустаниҳо ба воситаи таҷҳизоти ҳозиразамони ташхисӣ муайян карда, ҳамчун ҷадвали намунавӣ ба тариқи дастурамал  пешниҳод карда шаванд.

***
Ширкатдорони ҷаласа баъди таҳлилу баррасии амиқи масъала тасмим гирифтанд, ки  ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ки миқдори ГМО - и он то 0,9 фоиз мебошад, тамғаи иҷозатнома барои истифода гузошта шавад. Агар миқдори ГМО дар маҳсулот аз 0,9 фоиз зиёд бошад, дар ин сурат аз истифодаи он  бояд худдорӣ кард. 
Алъон вазъи эминии саломатии мо, сокинони Тоҷикистон, аз хатари маҳсулоти трансгенӣ (ГМО)  ба тасмиму натиҷагириҳои аъзои ин гурӯҳи корӣ вобастагӣ пайдо намудааст. Итминон дорем, аъзои гурӯҳи корӣ масъулияти азими худро эҳсос намуда, барои ҳифзи саломатии мардум, бозори истеъмолии мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбиру иқдомҳои фарогир роҳандозӣ менамоянд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 542

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед