logo

иҷтимоиёт

СИГОР. ТО САРАТОН ЯК ҚАДАМ

Сигоркашӣ хатари пайдошавии ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла  саратонро зиёд мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 80 дарсади ҳодисаҳои гирифторӣ ба ин беморӣ ба сигоркашӣ рабт дошта, 86 дарсад маҳз аз саратони шуш мефавтанд.

Ҷамила Худоёрова, директори Маркази саратоншиносии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод, ки соли гузашта дар вилоят аз 35 нафари бо касалии саратони шуш дубора ба қайд гирифташуда,  25 нафараш фавтид. Дар  соли ҷорӣ ҳам бемории саратони шуш тамоюли афзуншавӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, олимон  дар натиҷаи пажӯҳишҳои густурда ба хулосае омадаанд, ки одам агар дар давоми рӯз аз 1 то 9 сигор кашад, нисбат ба шахсе, ки сигор намекашад, ба ҳисоби миёна 4,6 соли умрашро кам мекардааст. Ва агар аз 10 то 19 дона  сигор кашад, зиёда аз панҷ соли умрашро ба боди фано медодааст.
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба сигоркашӣ одат кардани ноболиғон аст. Мутахассисон муқаррар намудаанд, ки шахсони то 15 - сола нисбат ба онҳое, ки баъди 25 - солагӣ ба ин амал даст задаанд, панҷ маротиба тезтар ва бештар мефавтанд. Онҳое, ки солҳои тӯлонӣ ва аз ҳад зиёд тамоку мекашанд, ба бемории стенокардия мубтало хоҳанд шуд.  
Тайи даҳ соли охир ҳолатҳои ба бемории саратон гирифтор шудани шахсоне, ки умуман тамоку намекашанд, зиёд ба мушоҳида мерасанд. Ҷамила Худоёрова инро ба он рабт  медиҳад, ки ин нафарон бо шахсони тамокукаш дар як идора кор мекунанд ва ё дар як  манзил  зиндагӣ доштаанд. Зеро, ҳангоми кашидани сигор ба организми инсон 20 - 25 дарсад моддаҳои заҳрнок ворид мешаванд. Ба занҳое, ки сигор мекашанд, хавфи дучоршавӣ ба саратони шуш, бачапартоӣ, таваллуди пеш аз муҳлат, вазнин гузаштани давраи ҳамл ва таваллуди кӯдаки носолим таҳдид мекунад. 
Дуди тамоку дар таркибаш на фақат никотин, балки катрон низ дорад, ки олимон ба воситаи он ҳайвоноти таҷрибавиро сунъӣ ба касалии саратони шуш дучор намуда, месанҷанд. Аз ин лиҳоз, сигоркашӣ омили асосӣ ва ягонаест, ки саратони шушро ба вуҷуд оварда, сабаби пайдо шудани саратони меъда, сурхрӯда ва рӯда мегардад. Бинобар ин, даст кашидан аз сигоркашӣ роҳи беҳтарини пешгирии фардии касалии саратони шуш аст.    
Бино ба маълумоти равоншиносон, муаммои сигоркашӣ на танҳо мушкилоти тиббӣ, балки ҷиҳатҳои равонӣ низ дорад. Дар натиҷаи кашидани сигор асаби инсон то андозае хароб шуда, боиси фаромӯшхотирӣ ва зуд-зуд асабонӣ шудан мегардад. Аз ин рӯ, реклама ва фурӯши сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, байни хонандагону донишҷӯён, дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа бояд манъ карда  шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 593

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед