logo

иҷтимоиёт

«ЗАЙРОН» - ОБДОРУИ ТАБИӢ

Осоишгоҳи «Зайрон», ки дар минтақаи зебоманзари дараи Ромит ҷойгир аст, на танҳо бо ҳавои тозаю рӯҳбахш, балки  бо оби  шифобахшаш низ шуҳрат дорад. Бо оғоз шудани  рӯзҳои гарму офтобӣ шумораи мизоҷони  бемори осоишгоҳ афзуда, оби табиии аз синаи кӯҳ ҷорӣ ба чандин дарду бемории онҳо шифо мебахшад.

- Оби осоишгоҳ доруи табиист, - мегӯяд Давлаталӣ Норов, сардухтури «Зайрон». – Ин об барои табобати  бемориҳои  системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту  пою сутунмуҳра ва пӯст пешбинӣ шудааст. Об дар таркиби худ калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад. Нӯшидани  об мумкин нест. Ба беморони гулӯдард ва милки дандон ҷайқондан тавсия дода мешавад. Аз осоишгоҳ каме поёнтар се ҳавзи дигар дорем, ки гармии оби он 450 мебошад. Элементҳои  кимиёвии ҳар ду нуқта дар шифобахшӣ якхеланд. Мо ба беморон тавсия медиҳем, ки дар оби ҳавзҳо аз 8 то 15 дақиқа зиёд наистанд. Истифодаи бештар аз меъёр ба узвҳои дарунии инсон зарар расонданаш мумкин аст. Бояд беморон аз 6 то 10 рӯз табобат гиранд.  Ғайр аз об боз  табобатҳои  парафин, озекерит, сӯзандармонӣ, маҳси  дастию барқӣ дорем. Дар осоишгоҳ то 100 кат дар хизмати  мизоҷон аст. Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарёст, ҳавои тозаи рӯҳбахш дошта, асабҳоро ором мекунад. Бояд беморон дар як рӯз як маротиба ба об дароянд. Чунки  элементҳои кимиёвии об, дар таркиби хуни одам аз 24 то 48 соат гардиш мекунад.  Баъди 24 соат бухор мешавад ва баъд аз он боз ба об даромадан муфид аст. Баъзеҳо, мо аз роҳи дур омадем,  гуфта ду – се бор медароянд, ки мумкин нест. Ҳамчунин ба об даромадан барои беморони гурдадард, сил ва  маризони  дил, ки ҷарроҳӣ шудаанд, 6 – 8 моҳ иҷозат дода  намешавад.
Агар беморон дар тобистон 6 – 10 рӯз пурра табобат гиранд,  саломатиашон  беҳбудӣ меёбад. Ду соли дигар дар ҳамон фасл омада табобатро идома диҳанд, бемориашон шифо меёбад. Ҳар рӯз бештар аз 20 нафар ба табобат меоянд. Асосан беморон дар моҳи май, июну июл хеле зиёд  мегардад. Тирамоҳ шумораи онҳо  камтар мешавад. Барқ ки доимӣ бошад, метавонем дар ҳама фасли сол  беморонро қабул кунем. Зеро об тобистону зимистон  як хел ҳарорат дорад.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 1619

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед