logo

иқтисод

РАМАЗОН: СОҲИБКОРОН СОҲИБЭҲСОН ШУДААНД

Таваҷҷуҳи хоса ва имтиёзҳои бештар додан ба деҳқонон, истеҳсоли зиёди маҳсулоти озуқаворӣ ва поён бурдани арзиши онҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ, хусусан дар моҳи шарифи рамазон яке аз ташаббусҳои Ҳукумати кишвар унвон мешавад.

Чанд сол қабл бо расидани моҳи рамазон дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшт, равған, картошкаву пиёз, тухм ва анвои дигари маҳсулоти ғизоӣ то ҳадде боло мерафт. Вале солҳои охир, бавижа имсол, нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои пойтахт тағйир наёфтааст.
Бахшида ба оғози моҳи шарифи рамазон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор намуд. Маҳсулот бо нархҳои нисбат ба бозор то 15 - 20 фоиз арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва идораю корхонаҳои марбута ҷиҳати ғановати дастархони мардум ташкил кардани ярмаркаҳои дигари фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияи мардумро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар ба нақша гирифтааст.
Ҷиҳати огоҳӣ пайдо кардан аз мизони нархи маҳсулоти озуқаворӣ аз чанд нуқтаи бозори «Шоҳмансур» - и шаҳри Душанбе дидан кардем.
Нархи гӯшт, ки маъмулан солҳои пеш дар арафаи моҳи рамазон боло мерафт, тағйир наёфтааст. Арзиши як килограмм гӯшти гов вобаста ба сифаташ аз 30 то 32 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ба андешаи Садриддини Абдулло, савдогари ин бозор, нархи гӯшт чанд моҳ боз бетағйир боқӣ монда аст ва имкони аз ин ҳам поён бурдани арзиши он вуҷуд дорад, агар нархи хӯроки чорво, асосан кунҷора паст шавад.
Арзиши маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон – пиёзу картошка, сабзӣ ва сабзавот мисли ҳолати пештара буда, нархи як килограмм пиёз аз 60 дирам то 1 сомонӣ, картошка 1 - 1,5 сомонӣ ва сабзӣ 0,7 - 1 сомониро ташкил медиҳад.
Як халта орди навъи якум, 50 кг, 140 сомонӣ буда, чанд моҳ боз қимати худро тағйир надодааст. Бо фаро расидани мавсими  ғаллағундорӣ нархи орд боз ҳам эҳтимол коҳиш ёбад.
Аз ҳама бештар нархи тухми мурғи маҳаллӣ дар ин бозор поён рафта, як донаи он аз 50 то 70 дирамро ташкил медиҳад. Як бастаи он бошад, аз 15 то 21 сомонӣ арзиш дорад.
Машраб Қараев, муовини директори бозори “Шоҳмансур”, дар суҳбат зимнан гуфт: “Нархи маҳсулоти озуқа дар бозор назар ба соли гузашта нисбатан арзон мебошад. Поён рафтани арзиши маҳсулоти озуқаворӣ ба хотири моҳи шарифи рамазон аст. Аз ҷониби дигар, маъмурияти бозор ва шахсони мутасаддӣ мизони нархро ҳамарӯза назорат мекунанд”.
Ба қавли М. Қараев, арзиши равған ва қанду шакар ҳанӯз ҳам баланд аст. Сокинон ба равғани истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳи бештар доранд, зеро ба андешаи онҳо баракати маҳсулоти худӣ бештар аст.
 Шариф Зоиров, муштарии доимии бозори “Шоҳмансур” гуфт: “Нархи маҳсулоти кишоварзии инҷо аз бозорҳои дигари пойтахт фарқ дорад. Арзиши маҳсулот дар ин бозор зери назорати ҷиддии масъулон аст ва шояд маҳз ҳамин сабаб боиси арзонии нарх гардидааст”.

Лашкар ШАРИФ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 580

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед