logo

ҳуқуқ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ҶАВҲАРИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Фарҳанги ҳуқуқӣ ва илми ҳуқуқ муҳофизони босуботи низоми ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Онҳо, ҳамчунин, ҷавҳари ҳамагуна донишҳо ҳастанд. Сабаби аз таназзул баромадани Юнони қадим ва ба зинаҳои баланди илму тамаддун расидани он қонун ва амали фарҳанги қонун шуд. Муаллифи аксари қонунҳо Платон буд. Он замон шиоре ҳам аз Платон машҳур шуд: «Хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош».

Юнониҳо аз мардуми одӣ то мансабдорони зинаҳои баланди давлатӣ диданд, ки итоат ба қонун аз ҳукумфармоӣ ба қонун беҳтару авлотар аст, ғуломи қонун шуданд. Ва диданд, ки ин хуб ҳам ҳаст. Додгустарону додситониён, сипоҳиёну навкарон ҳам ба қонун эътиқод бастанд, то оммаи мардумро ба итоати қонун дароранд.
Рушди Юнони ҳуқуқбунёд чашмрас шуд. Ба пешрафти давлат ва вусъати зиндагии юнониҳо ҳаваси мамлакатҳои гирду атроф ва тамоми ҷаҳониён омад. Шоҳон шавқи кишвари мутараққӣ карданд. Талабгорони Платон афзуданд.  Аз Платон хоҳиш намуданд, баҳри давлати онҳо низ қонун бинависад. Чунки мехостанд мисли Юнон мамлакати мутараққӣ гарданд. Платон рад накард, қонун навишт. Ва фарҳанги ҳуқуқии бисёр мулку раъиятҳоро аз ваҳшоният раҳонид ва онҳо рӯ ба рушди иқтисод, илму тамаддун ниҳоданд.
Платон танҳо хоҳиши шоҳи Корсикаро рад намуд. Барои ҳокими Корсика қонун нанавишт. Гуфт, ки корсикагиҳо мардуми худхоҳу якраванд. Ва меҳнати ӯ барабас хоҳад буд.
Солҳои 90 – уми асри гузашта ошкор карданд, ки ҷомеаи имрӯза низ аз худхоҳону якравони дур аз фарҳанги ҳуқуқӣ орӣ нест. Боз собит шуд, ки пояи ин фарҳанги покизасози ҷомеа аз барномаҳои таълимии таълимгоҳҳо берун мондааст. Воситаҳои ахбори омма ҳам ба дарки он намерасиданд. Як намоиши шабакаи якуми телевизиони умумииттифоқ, инчунин тақлиди телевизионҳои дигар ҷумҳуриҳо, бахусус Тоҷикистон бо номи «Человек и закон» ё «Инсон ва қонун» қатрае аз баҳр буд, дар роҳи фарогир гардондани фарҳанги ҳуқуқӣ ва ба ғояи асосӣ табдил додани он. То ин замон рӯзномае, ки бевосита ба ташвиқу тарғиби илму фарҳанги ҳуқуқӣ дар роҳи ба ғояи муқаддаси мардум табдил додани он талош намояд, ба вуҷуд наомад. Сол ба сол зиёд гаштани ҷинояткориҳо, пайдо шудани зуҳуроти номатлуб, аз қабили ваҳму ваҳмандозиҳо (терроризм),  ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гаравгонгирӣ, ташвиқи дину мазҳабҳои мухталиф шаҳодати ин муддаост.
Имрӯзҳо мо давлати чун кӯҳ собиту мустаҳкаму соҳибқудрат дорем. Ва он муҳофизи тавонои падидаҳои нав, аз ҷумла шаклҳои моликияту бозори нархҳои озод, шароити мусоиди рақобат байни корхонаҳои хусусию саҳомӣ, бизнеси калон ва миёнаву хурд, намудҳои гуногуни соҳибкорӣ аст. Барои ривоҷу равнақи ин шаклҳои нав ва баланд бардоштани самаранокиву ба даст овардани фоида, инчунин такмил додану пойдор гардондани муносибат ба одамону истеҳсолоти ба тозагӣ арзи вуҷудкарда, баробари ғамхорӣ ва кӯшишу талошҳои давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди тоҷикон, нангу номуси миллатдорӣ, раиятпарвариву ватанхоҳии сарватмандон зарур аст.
Ҳамчунин, соҳибони давлати ҳуқуқбунёд бояд дорои маърифати ҳуқуқӣ бошанд. Вале бояд иқрор шуд, ки фарҳанги ҳуқуқ, бахусус дар соҳаи иқтисоди андоз аз фаъолияти ҷамъиятӣ қафо мондааст. Ва ин ба сари вақт ҷамъ овардани ҳамаи шаклҳои андозу соҳиб шудан ба нишондиҳандаҳои беҳтарин монеаи асосӣ аст. Барои бартараф намудани ин монеа Президенти мамлакат борҳо таъкид карда, гуфтааст: «Агар хоҳед, ки андозро ҷамъ оварда тавонед, бесаводии мардумро дар соҳаи андоз бартараф кунед».
 Аз байн бурдани бесаводии ҳуқуқӣ ва кушодани забони лоли маърифати ҳуқуқиву иқтисодӣ зарур аст. Ин маърифат мардумро ба фардои неку фирӯз дилпур месозад. Ин дилпурӣ самараи заҳмати ӯро дучанду сечанду даҳчанд мекунад. Ин пешравӣ дар ҷойҳое эҳсос мегардад, ки кормандони андоз кайҳо неруи тавонои фарҳанги ҳуқуқиро дарк карда,  барои маърифатнокии соҳибкорон талош меварзанд.
Айни замон ислоҳоти идораи давлатӣ давом дорад. Ва ин ислоҳот ба ташкил додани низоми идоракунӣ нигаронда шудааст. Хусусияти низоми идоракунӣ шаффофияти фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ба мубориза алайҳи коррупсия нигаронда шудааст, ки имкон медиҳад, соҳибкории хурду миёна рушд кунад. Ин амал дар сурате натиҷаҳои назаррас медиҳад, ки қонун дар тамоми самтҳо аз ҳамагуна орзуву ҳавасҳои инсонӣ воло дониста шавад. Ва мардуми кишвар дар раванди рушди давлат ва таҳкими иҷтимоӣ бояд фаъолона ширкат намоянд.

Раҷаб МАРДОН,
публитсист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 406

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед