logo

фарҳанг

ҶАСОРАТ

Бо ин ном чанде пеш аз тариқи нашриёти «Эр – граф» китоби нави Шералӣ Мӯсо, адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ,  бо сифати баланд ба табъ расид. Дар он қиссаи ҳамном, ҳикояҳо ва очеркҳои муаллиф фароҳам гардидааст. Ба ин васила ӯ шахсият ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба таври адабию бадеӣ барои хонандагон пешниҳод месозад.
Ба китоб бо номи «Достони шуҷоат ва мардонагӣ» Шамсиддин Солеҳов, доктори илми филология, сарсухани пурмуҳтаво навишта, дар он қимати ин асари адибро муайян мекунад. Ҳамзамон ғояи асар ва сабки нигориши муаллифро баррасӣ менамояд.
Муҳаққиқ барҳақ менигорад, ки «шахсиятҳои бузург, чунон ки мо аз осори адабию таърихии гузаштаи халқамон медонем, мавқею нуфузи худро тадриҷан ба воситаи иқдомҳои шоистаи ватандӯстона ва бунёдкорию созандагӣ дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт менамоянд, ки он воқеан барои наслҳои оянда намунаи пайравӣ ва маншаи ифтихор аст. Чунин шахсият дар таърихи навини  миллати тоҷик Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошанд».
Албатта, барои муаллиф дар ин ҳол офаридан, балки нишон додани чунин шахсият ва зикри дастовардҳои бузурги ӯ диди тозаву амиқ, садоқату муҳаббат ва истеъдоди фитрӣ зарур мебошад. Яъне масъулияти таълифи асарҳо дар мавриди шахсиятҳои бузургу маъруф ва машҳур, хоса Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҳбубияти хосаи мардум бархӯрдор аст, нисбатан бештар мебошад. Шералӣ Мӯсо бо дарки ин  масъулияти зиёду мураккаб ва дар айни ҳол пурифтихор қиссаи «Ҷасорат» ва дигар ҳикояҳову очеркҳояшро хубу ҷолибу хонданӣ таълиф намудааст.
Албатта, баёну таълифи қиссаи ҷасорате, ки охир надорад, ҳаргиз ба осонӣ даст намедиҳад. Дар ин маврид сухани тоза гуфтан низ мушкил аст. Танҳо бо муҳаббату ҷасорат метавон ба ин мақсади нек ноил гардид. Аз ин рӯ, китоби тозаэҷоди Шералӣ Мӯсо бо номи «Ҷасорат» туҳфаи арзишмандест барои таърихнигорон, сиёсатшиносон, мутахассисон, донишҷӯён ва ҳаводорони каломи бадеъ.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 518

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед