logo

иқтисод

«БЕШАИ ПАЛАНГОН». ДАР ОН САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ РУШД НАМЕЁБАД, ЧАРО?

Солҳои охир мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», ки яке аз аввалин ва бузургтарин мавзеъҳои табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон  маҳсуб меёбад, бо номи гавазнҳои холдори бухороӣ маъруфият пайдо кардааст. Алҳол, миқдори он дар мамнӯъгоҳ 300 - 400 сар мебошад. Мутаассифона, паланги туронӣ, ки номи беша аз он гирифта шудааст, боқӣ намонд.

Сабаби нестшавии палангон дар чист ва пайдоиши дубораи онҳо имкон дорад?
- Дар давраи шӯравӣ азхудкунии заминҳо барои кишти шолӣ, пахта, дигар зироатҳо ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҷараён гирифт. Вақте ин ҳолат то ноҳияи Дӯстӣ (пештара Ҷиликӯл) расид (он мавзеъҳо ҳама туғайзор буданд), ҳудуди зисти палангон маҳдуд гардид. Бинобар ин, онҳо маҷбур шуданд, ки ба дигар ҷойҳо фирор намоянд, - мегӯяд Нуриддин Сайфуллоев, нозири ёдгориҳои фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ, собиқ сардори мамнӯъгоҳ.
Бино ба гуфтаи вай барои зисти озодонаи як ҷуфт паланг ҳудуди 50 ҳазор гектар замин лозим меояд. Тибқи маълумотҳо охирин палангро соли 1954 дидаанд. Вале аввали  солҳои 30 – юми қарни XX  дар соҳили дарёи Вахш  15 – 20 паланг ба ҳисоб гирифта шуда буд. Айни ҳол ин навъи палангонро танҳо дар Покистон метавон вохӯрд.
Убайд Акрамов, муовини сардори Муассисаи ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) - и Агентии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иброз дошт, ки барои ба қаламрави мамнӯъгоҳ дохил намудани 11 ҳазор гектар минтақаи буферӣ (муътадил) қарори раисони ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷайҳун ва раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расида, масъала дар баррасии Кумитаи давлатии идораи замин ва  геодезии ҷумҳурӣ қарор дорад.  Аммо, пас аз ин ҳам танҳо барои як ҷуфт паланг шароити зист таъмин мегардад. Яъне, баргаштани палангон ба ин мавзеъ то андозае ғайриимкон аст.

Ҳудуди беҳамто дар Осиёи Миёна
Мамнӯъгоҳи «Бешаи Палангон» бо комплекси экосистемаҳои туғайзори нодир, ки 24 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, дар Осиёи Миёна беҳамто мебошад. Он дар қисмати ҷанубу ғарбии мамлакат, 40 км қад – қади рӯди Вахш, (пайвастшавии рӯдҳои Вахшу Панҷ), сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тӯл кашидааст.
Иқлими мамнӯъгоҳ муътадил буда, ҳарорати миёнаи солона  +16-170 С – ро ташкил медиҳад. Дар ин мавзеъ 45 намуди ҳайвони нодир, аз ҷумла  гавазн, силовсин, кафтор, хуки ваҳшӣ, гурбаи ҷангалӣ, гург, шағол, гӯсфанди кӯҳӣ, 214 навъи парандагони мавсимиву муқимии дуғдоғ, мурғи саққо, лаклак ва моҳиҳои сому белмоҳӣ мавҷуданд. Қисме аз онҳо ба Китоби Сурх ворид шудаанд. Олами набототи мамнӯъгоҳ низ бой буда, 480 навъи дарахту рустаниву гулбуттаҳоро дар бар мегирад. Дарахти турангаро мебояд махсус таъкид дошт, зеро он бо хусусияти худ аз дигар дарахтон тафовут дошта, танҳо дар Тоҷикистон ва як қисмати Туркманистон мерӯяд.   
«Бешаи палангон» бо мақсади нигоҳдориву омӯзиши туғайзорҳо ва бошандагони нодираш 4 ноябри соли 1938 дар асоси қарори Комиссариати халқии кишоварзии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Он дар майдони қариб 50 ҳазор гектар дар ҳудуди ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷайҳун доман паҳн кардааст. 11,5 ҳазор гектарашро кӯҳҳо (Ҳоҷитозиён, Буритав, Тешиктош), 25 ҳазор га ҷангалзор, 13,5 га биёбон, 4 ҳазор га - ро кӯлҳо дар бар мегиранд.

Магасҳои зараррасон  аз меъёри экологӣ зиёданд…
Вале ба «Бешаи палангон» хатарҳои зиёд, аз қабили азхудсозии заминҳои наздимарзӣ, шикори ғайриқонунӣ, нобудсозии ҷангалзор, чарондани чорво, камшавии сатҳи оби дарёи Вахш, пайдоиши мормоҳӣ ва магасҳои зараррасони хунхор, афзоиши саршумори гург таҳдид доранд.
Тибқи иттилои Убайд Акрамов, афзоиши ҳашарот аз меъёри экологӣ 70% зиёд буда, дар бадани оҳуи бухороӣ, ҷирон, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, кафтор ба назар расидааст. Мувофиқи мониторингу таҳқиқоти илмии муассиса сабаби пайдоиши он чарондани рамаи чорвои майдаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритуз дар сарҳади мамнӯъгоҳ ва минтақаҳои сукунати ҳайвоноти мазкур мебошад. 
Ғайр аз ин, вақтҳои охир дар кӯлҳои беша мормоҳӣ пайдо шудааст.

P.S.
Феълан, ҳудудҳои табиии муҳофи-затшаванда дар кишварҳои Ғарб ва Амрико барои ташкили экотуризм макони мувофиқ ба ҳисоб мераванд. Агар сайёҳии экологӣ дар беша дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад, на танҳо истироҳат дар табиат таъмин мегардад, балки муносибати бошуурона ва эҳтиёткорона, дарк ва қадри табиат, ташаккули фаҳмиш оид ба нақши ҲТММ  барои табиату ҷомеа ба вуҷуд омада, билохира суди бештар барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ба даст хоҳад омад.
Ба андешаи коршиносон барои бартарафсозии ҳама гуна таъсиррасонии биологиву антропогенӣ бояд ҳудуди табиӣ бо симхор ё деворҳои муҳофизатӣ устувор гардад. Ғайр аз ин, аҳолии маҳаллӣ ва кормандони он дар бахши ҳифзи табиат курсҳои омӯзишӣ гузаранд.
Шаҳнозаи ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 761

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед