logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати фитрӣ ва нури хирад ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ ва соҳибқирони самои даврони истиқлолият бо азму ирода ва неруи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста кард ва эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардид. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ягонагӣ ва садоқат ба мардум, таваҷҷуҳ ба гузаштаи таърихии халқ ва асолати фарҳангию маънавии миллӣ, ҳувият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон пойдор гашта, дар ҷӯши ҳодисаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон мақому шуҳрат пайдо намуд.
Чеҳраи дурахшони сиёсатмадорӣ ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро бе арзишҳои миллӣ, аз қабили истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тасаввур наметавон кард. Зеро камолоти шахсият ва рисолати сиёсии ӯ парварда ва маҳсули ин арзишҳост. Ин абармард ба ойини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва покнажодии ниёгонамон меҳру садоқати беандоза дошта, меҳвари сиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро андар тору пуди ин ғоя сириштааст. Ӯ ҳамчун чеҳраи мондагори таърих ва фарҳанги замони муосир ба ҳифз ва бузургдошти ойини давлатдорӣ, суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пардохт. Таърихи пуршукӯҳи ориёинажодонро аз фаромӯшӣ ва хатари нобудшавӣ нигоҳ дошта, ба эҳёи ойину фарҳанги ниёгон муваффақ гашт.
Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқ, як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ омада мерасад. Воқеияти таърихӣ танҳо зодаи афкору ақоиди ҳақиқати маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегардад. Дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд: «Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем. Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд».
Дар ҳама давру замон унсури маънавӣ дар шуури миллии мардум нақши муҳими созанда ва бунёдгузорӣ дорад. Ин омил барои ба даст овардани истиқлол ва худшиносии миллӣ ва ҳамгироии омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва пешрафти давлат ва бақову ҳастии онро таъмин менамояд. Барои ба даст овардан ва устувор гардондани ин ғояҳои олии сарнавиштсоз дар баробари истиқлолияти сиёсӣ, таъмини истиқлоли фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳим ва пуршарафи зиёиёни эҷодкор мебошад. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва бунёди маънавӣ шарти аввал дар таъмини бақои умри миллат аст. Истиқлоли фарҳангӣ роҳе ба сӯи эҳёи миллӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ буда, миллатро аз роҳи маънавият ба арсаи олам мебарорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳастиашро баҳри эҳтироми муқаддасоти Ватан, бузургдошти анъана ва расму ойини ниёгон, ҳимояи манфиатҳои мардум ва худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа фидо сохт. Хулоса, сарнавишти сулҳу ваҳдати миллӣ бо дасти ин марди бузург навишта шуд.
Бузургӣ ва нубуғи сиёсатмадории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки захму ҷароҳатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тадбирандешию таҳаммулпазирӣ шифо бахшид.  Ҳамеша, новобаста аз таъсири шадиди буҳронҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон, ба таъмини амният ва шукуфоии кишвари маҳбубамон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Махсусан, дар ин даврон рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат устувор гашт.
Эмомалӣ Раҳмон бо нуру сафои яздонӣ ва башорати покизагӣ соҳибқирони самои даврон шуда, бо худафрӯзиву азхудгузаштагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат гардид.
 
Абдусамад МУЛЛОЕВ,
доктори илмҳои филологӣ,
ноиби ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 669
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед