logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хати аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин», 26 июни соли 2009

Ҳамватанони азиз!
Муҳандисон ва сохтмончиёни мӯҳтарам!
Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали боз як корхонаи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне корхонаи маъданкоркунии  «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин», ки ба арафаи ҷашни бузурги мардуми тоҷик - Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омада, худ гувоҳи равшани вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ дар Ватани азизи мо мебошад, самимона табрик мегӯям.
Воқеан, Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошад, ки то имрӯз дар қаламрави он беш аз 400 кони канданиҳои фоиданок муайян ва кашф карда шудааст. Масалан, танҳо дар кони Конимансури калон захираи умумии металли нуқра ба ҳисоби пешакӣ 55 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки бо чунин захираи ҳисобшуда кишвари мо дар  миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Дар мамлакати мо инчунин захираи сурма, сурб ва рӯҳ низ хеле зиёд буда, агар онро бо металл ҳисоб намоем, ба даҳҳо миллион тонна оҳан баробар мешавад.
Аз ин рӯ, соҳаи саноати коркарди маъдан яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон буда, мо бо дарназардошти муҳимияти масъала ва зарурати рушди саноати маъдан бо татбиқ намудани як қатор барномаҳо, аз ҷумла бунёд ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои саноатии кишвар ба тараққиёти бонизоми иқтисоди миллӣ суръати тоза бахшида истодаем.
Дар доираи ин чорабиниҳо фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори онҳо дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир беҳтар шуда истодааст.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, солҳои пеш корхонаҳои саноатии кишвар асосан ба истихроҷ ва коркарди аввалияи маъдан машғул буда, маҳсулоти ниҳоии онҳо берун аз қаламрави мамлакат истеҳсол карда мешуд.
Ин омил ва махсусан мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолии тавлидоти маҳсулоти тайёр ба рушди минбаъдаи соҳа монеаи ҷиддӣ эҷод мекард. Инчунин бо сабаби канда шудани робитаҳои истеҳсолӣ бо ҷумҳуриҳои дигар дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ва илова бар ин дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иқтисоди кишвар бо хисороти бузурги моддӣ рӯ ба рӯ гардид.
Ва табиист, ки барои давлати навбунёди мо ба таври зарурӣ барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ кори ниҳоят мушкил буд. Бо вуҷуди ин, мо  тасмим гирифтем, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро тадриҷан бо дарназардошти талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ва имкониятҳои воқеии иқтисоди кишвар  мутобиқ гардонем.
Ҳоло дар мамлакат корхонаҳои саноатии давлативу муштараки «ТАЛКО», «Зарафшон», «Апрелёвка», «Адрасмон», «Ҷамаст», «Анзоб», «Тиллои тоҷик», «Тоҷикхимпром», «Тоҷиказот», «Тоҷиксемент» ва «Востокредмет» асосан ба коркарди маъданҳои табиии тиллову мис, нуқраву волфрам, сурбу руҳ, симобу сурма, ангишту намак, сементу алюминий, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ва нуриҳои маъданӣ машғуланд ва солҳои охир иқтидори содиротии онҳо хеле афзуда, ҳоло дар рушди иқтисоди миллиамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки дар давоми солҳои 2004-2008-ум ва панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд қариб 80 корхонаи нав ташкил гардида, фаъолияти 26 корхонаи азкормонда барқарор карда шудааст, ки ин албатта, боиси дастгирист.
Ба истифода супурдани хати аввали корхонаи ғанигардонии маъдани «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин», ки имрӯз ҳамаи мо ба ин муносибат ҷамъ омадаем, давоми мантиқии ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлатамон мебошад. 
Бояд зикр кард, ки  кони Олтинтопкан яке аз бузургтарин конҳои маъдани Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он ҳанӯз соли 1948-уми асри гузашта, яъне зиёда аз шаст сол пеш корхонаи истихроҷи маъдан таъсис ёфта буд. Корхонаи мазкур то соли 1996-ум дар маҷмӯъ беш аз 63 миллион тонна ашёи хом, аз ҷумла 845 ҳазор тонна сурб, 943 ҳазор тонна рӯҳ ва дигар металлҳои нодир истихроҷ кардааст.
Баъдан фаъолияти корхонаи мазкур дар нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта бинобар мушкилоти молӣ ва коҳиш ёфтани талабот ба маҳсулоти он дар бозори ҷаҳонӣ қатъ гардид. Чанд сол пеш мо бо мақсади эҳёи дубораи фаъолияти он бо яке аз ширкатҳои кишвари ба мо дӯст – Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома баста, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин»-ро таъсис додем.
Мо дар навбати худ ба роҳбарияти ширкати мазкур шарт гузоштем, ки дар баробари истихроҷ ва коркарди аввалияи маъдан, инчунин бунёди фабрикаи ғанигардонӣ ва заводи металлургии истеҳсоли сурбу рӯҳ ва дигар металлҳои нодирро  ташкил намоянд.
Ва чунонки шумо шоҳид ҳастед, имрӯз дар ин кон ҳам истихроҷи ашёи хом ва ҳам коркарди он  ба роҳ монда шудааст.
Тибқи созишномаи дуҷониба ширкати чинӣ барои бунёди фабрикаи маъдантозакунӣ ва фаъолияти мунтазами ду кони ин мавзеъ бояд дар ҳаҷми қариб 130 миллион сомонӣ сармоягузорӣ намояд ва навбати аввали корхона, ки имрӯз ба истифода дода мешавад, натиҷаи аз худ гардидани як қисми маблағи мазкур мебошад. Иқтидори солонаи хати аввали корхона ба коркарди 300 ҳазор тонна маъдани сурбу рӯҳ баробар аст.
Баъди бунёд ёфтани хати дуюми технологӣ ва бо иқтидори пурраи лоиҳавӣ ба кор шурӯъ намудани корхона имкон фароҳам меояд, ки дар як сол то 23 ҳазор тонна хокаи сурб ва зиёда аз 21 ҳазор тонна хокаи рӯҳ истеҳсол карда шавад. Дар маҷмӯъ, баъди пурра ба фаъолият шурӯъ кардани корхона дар як сол коркарди то 1 миллион тонна маъдан пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар ин муддат баъзе корҳои дигар, аз ҷумла безарар гардонидани партовҳои маъдани коркардшуда низ пурра ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани лоиҳаҳои барқарорсозии кони маъдани Олтинтопкан, бунёди фабрикаи ғанигардонӣ ва заводи металлургӣ зиёда аз 3 500 нафар шаҳрванд бо ҷои доимии корӣ таъмин шуда, инчунин таҷдиди инфраструктураи роҳҳо, хатҳои барқ ва сохтмони дигар иншооту биноҳои хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.
Дӯстони азиз!
Чунонки шумо огоҳ ҳастед, имрӯзҳо саросари ҷаҳонро бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст. Вале бо вуҷуди таъсири манфии он ба иқтисоди кишварамон мо кӯшишу талош дорем, ки ислоҳоти соҳаҳои асосии иқтисоди воқеӣ, аз ҷумла  саноатро босуръат идома диҳем.
То имрӯз дар ин самт як силсила корҳои назаррас ба анҷом расида, тамоми заминаи меъёрии ҳуқуқии мутобиқ бо талаботи замона фароҳам оварда шуд, ки ҳамаи ин иқдомот дар маҷмӯъ ба афзоиши сармояи хориҷӣ ва густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Чанде пештар дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия баргузор шуд, ки дар он беш аз 150 нафар соҳибкору тоҷирони турк иштирок карда, ба масъалаҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди нахи пахта, пашму пӯст, меваю сабзавот ва сангу металлҳои қиматбаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Мо бо итминони комил изҳор медорем, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди воқеии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла саноати маъдан тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ба кор шурӯъ намудани корхонаи мазкур далели равшани ин гуфтаҳост.
Бояд зикр кард, ки солҳои охир равобиту ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамсояи бузурги шарқиямон - Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз пеш вусъат меёбанд.
Масалан, танҳо дар панҷ моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ бо ин кишвар беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.
Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба рушди соҳаҳои иқтисоди воқеӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, то имрӯз ҷиҳати зина ба зина татбиқ гардидани онҳо ва вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ва мо ният дорем, ки ин раванди некро минбаъд бо суръати бештар идома бахшем.
Дар ин раванд бояд роҳбарони корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, ки зиёда аз 40 фоизи иқтидори саноатии мамлакат дар ҳудуди он ҷойгир аст, инчунин соҳибкории боҳиммат бо ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, барқарор кардани фаъолияти корхонаҳои азкормонда, воридоти технологияҳои пешрафта ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими имкониятҳои истеҳсолии кишвар, аз ҷумла бо молу маҳсулоти хушсифати содиротӣ беш аз пеш кӯшиш намоянд.
Дар баробари ин, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бунёдкориву созандагиҳои имрӯзаи кишвар маҳз ба шарофату баракати ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи иҷтимоиву сиёсӣ ба вуҷуд омадааст.
Бинобар ин, аз ҳар як фарди худогоҳу бедордил ва ватандӯст тақозо мегардад, ки манфиати халқу Ватани азизи худро ҳамеша ва дар ҳама маврид аз манфиатҳои дигар боло гузошта, ба хотири ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ кору фаъолият намоянд ва дар раванди созандагиву бунёдкории кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамчунин бо истифода аз фурсати муносиб ва ба идомаи анъанаи неки барқарор кардани номҳои таърихӣ, инчунин бо номи фарзандони бузурги миллатамон ва исмҳои зебову хушоянд иваз кардани номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ, шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин пешниҳод менамоям, ки мавзеи Олтинтопкан “Зарнисор” номида шавад.
Дар охир, бори дигар, ҳамаи шумо – муҳандисону сохтмончиёнро бо ин иқдоми неки созандагӣ, яъне ифтитоҳи хати аввали корхонаи ғанигардонии металл, инчунин ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тани сиҳат, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!

Панҷшанбе, 2 июли  соли  2009. № 83-84 (21 590-591). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 723

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед