logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи ресандагии «Некӯ-Хуҷанд», 27 июни соли 2009

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки аз файзу баракати он давлату миллати мо дар таърихи навини худ аз хатари парокандагӣ эмин монд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи нави ресандагӣ боз як нишонаи ба шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту тараққиёт ворид шудани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад.
Дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои созандагиву бунёдкории имрӯза воқеан самараи ваҳдати миллӣ ва маҳсули сулҳу суботи устувор аст, ки ба мо 12 сол пеш ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муяссар гардид.
Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарам ва кулли мардуми сарбаланди Хуҷанди бостониро, ки кӯшишу талошҳои маҳз дар ҳамин шаҳр оғозкардаи моро ба хотири таъмини сулҳу осоиши миллат ва суботу амнияти давлат пуштибониву дастгирӣ карда буданд, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ҳамчунин корхонаи тозабунёди ресандагии «Некӯ -Хуҷанд»-ро, ки барои сокинони шаҳр садҳо ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад, бароятон муборакбод мегӯям.
Тавре ки ба ҳамаи шумо маълум аст, бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон, ки сатҳу сифати зиндагӣ ва вазъи иҷтимоии мардуми кишвар бевосита аз он вобаста мебошад, мо роҳи созандагиву бунёдкориро пеш гирифтаем ва дар ин раванд сохтмони як силсила иншооти муҳими гидроэнергетикӣ, саноатӣ, коммуникатсионӣ ва инфраструктураи иҷтимоиро вусъат дода истодаем. 
Мо мушкилоти имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро хуб медонем ва барои тадриҷан ҳаллу фасл намудани онҳо тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардаем.
Бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла содда гардонидани ҷараёни бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ба муддати ду сол боздоштани ҳама гуна санҷишҳои давлатии онҳо, ҷорӣ кардани шаклҳои нави қарздиҳии бонкӣ, муқаррар кардани имтиёзҳо барои ворид намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ, афзун гардонидани сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва сохтмони корхонаҳои саноатӣ, тадриҷан афзоиш додани ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатиро амалӣ карда истодаем.
Ҳамчунин тавассути ҷалби бештари таваҷҷӯҳи хоҷагиҳои кишоварзӣ ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, боғу токпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва бахшҳои дигар афзоиши ҳаҷми истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, паст кардани нархи фурӯши онҳо дар бозори дохилӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакатро аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарини худ қарор додаем.
Дар марҳалаи ҳозира яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ҳарчи бештар истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Дар ин замина дар баробари рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ба соҳаҳои ҷудогонаи саноат, бахусус истихроҷу коркарди захираҳои табиӣ ва саноати сабук, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр афзалияти бештар медиҳем.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди саноати сабукро барои солҳои 2006-2015 қабул карда, тибқи он амалӣ намудани як қатор тадбирҳои мушаххасро пешбинӣ намудааст, ки бунёди корхонаҳои ресандагиву бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Корхонаи ресандагии «Некӯ -Хуҷанд» низ, ки дар хусуси ҳарчи зудтар сохта, ба истифода додани он ҳанӯз соли гузашта дар ҷараёни сафари кории худ ба вилоят дастур дода будам, дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ва бо мақсади ташкили коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он таъсис дода шудааст.
Ин корхона дорои иқтидори коркарди дуюним ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, имконият дорад, ки 170 нафар мутахассису коргари маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шавад.
Бояд зикр кард, ки корхонаи имрӯза натиҷаи ҳамкории судманди ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, яъне «Хуҷанд – Инвест - Коттон» ва «Некӯ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад ва бо технологияи бисёр пешрафта муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Чунон ки зикр кардам, ҳоло дар қаламрави вилоят сохтмони боз се корхонаи муосири саноати сабук идома дорад.
Дар сурати пурра ба кор шурӯъ кардани онҳо ба мо муяссар мегардад, ки ҳар сол аз 20 ҳазор тонна нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолшаванда ҳаҷми зиёди маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол намоем.
Бинобар ин, аз роҳбарону масъулони корхонаҳои зикршуда тақозо мегардад, ки корҳои ба нақша гирифташударо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонида, дар масъалаи афзун гардонидани иқтидори истеҳсолии кишвар ва нерӯи содиротии он, инчунин фароҳам овардани шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд. 
Илова бар ин, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номуси вилоят ва кишвар муроҷиат менамоям, ки дар масъалаи ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба кор андохтани коргоҳҳое, ки аз кор бозмондаанд, фаъолтар бошанд.
Зеро дар шароити бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ин яке аз роҳҳои асосии бо кор таъмин кардани мардум ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар робита бо саҳми соҳибкорони эронӣ дар бунёди корхонаи мазкур мехостам изҳор намоям, ки солҳои охир робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои мо тадриҷан густариш меёбанд.
Зеро мардумони кишварҳои мо аз азал ҳамзабону ҳамфарҳанг ва гузашта аз  ин, ҳамреша мебошанд ва табиист, ки аз ин нуқтаи назар низ ҳамкориҳои мо дар тамоми самтҳо беш аз пеш суръату сифати тоза пайдо карда истодаанд.
Дар ин замина ҳоло дар кишвари мо бо ҷалби сармояи эронӣ чандин лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки сохтмони нақби «Истиқлол», Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» намунаи барҷастаи онҳо мебошанд ва барои иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти хоса доранд.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи мутахассисону кормандони эронӣ ва онҳое, ки дар бунёди коргоҳи мазкур  саҳми муносиб гузоштаанд, арзи сипос карда, ба ҳамаашон барори кор мехоҳам.
Дар охир ҳамаи шуморо бори дигар ба  муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, бароятон хонаободӣ, рӯзгори хушу осуда ва бахту саодат орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!

Панҷшанбе, 2 июли  соли  2009. № 83-84 (21 590-591). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 510

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед