logo

иҷтимоиёт

НОМУС БА АМАЛИ НЕК ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Абдулазиз Ҷобировро дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ҳамчун марди ҳалим, инсондӯст, ғамхору хайрхоҳ мешиносанд. Зеро дасти кумаки ин мард борҳо ба мардум расидаву мушкилашонро осон намудааст.

Замоне, ки корхонаи хурди орду равған дошт, як қисми даромадашро барои баровардани ниёзмандиҳои оилаҳои камбизоат сарф мекард. Чанде пеш бо харҷи 1 миллион сомонӣ дастгоҳи фибросканаро харида ба Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология туҳфа намуд. Қаблан бо сабаби набудани чунин дастгоҳ барои муайян намудани бемории гепотити С мардум бо харҷи маблағи зиёд ба кишварҳои хориҷа сафар мекарданд. Акнун бо кумаки Абдулазиз Ҷобиров дар пажӯҳишгоҳ ин кор ройгон анҷом дода мешавад.
Муҳим ин аст, ки Абдулазиз Ҷобиров тавонист дигаронро низ ба ин кор  ҷалб намояд. Акнун мардони боору номуси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҳамеша талош мекунанд, ки ба ниёзмандон дасти кумак дароз кунанд ва мушкилоти аҳолии деҳоташонро дар якҷоягӣ бартараф намоянд. Соли равон Абдулазиз Ҷобиров якҷо бо Сайфиддин Насриддинов, Рустам Ҳакимов, Шамсулло Давлатов роҳи Ҷамоати  деҳоти  Меҳнатободро таъмир намуданд. Бо дастгирии онҳо дар маркази ноҳия хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои камбизоат ва ятимон баргузор шуд. Синфхонаи компютерии мактаби № 8 таъмир ва бо компютеру дигар лавозимоти нави техникӣ муҷаҳҳаз гардид. Оилаи Қурбоновҳо аз ҳисоби маблағҳои худ дар мактаби № 25 – и деҳаи Гулистони ноҳия 4 синфхонаи наву замонавӣ сохтанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 532

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед