logo

иҷтимоиёт

МАНФИАТИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ХАТАРУ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ

Агар ба тағйироти охири садаи гузашта ва ибтидои асри ХХI назари иҷмолӣ андозем, маълум мешавад, ки сиёсати «бозсозӣ» - и оғозшуда дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ки боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда шудани ин империяи бузург  гардид, корбурди худро баъди таъсиси ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол хотима набахшид, балки гурӯҳи давлатҳои пирӯз ғояҳои идеологии ҳамин сиёсатро дар тарҳу мазмуни нав истифода бурданд.

Дар вазъияти ноорому буҳронӣ боқӣ мондани давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон ва зарурати мубориза бо ғаразҳои тундрави ҳаракати «Толибон» ва созмони «ал - Қоида» барои пайдо намудани фазои нави фаъолияти онҳо созгор афтод. Ҳарчанд қудратҳои ҷаҳонӣ баъди барҳам хӯрдани лагери сотсиалистӣ як муддат саргарми фарогирии давлатҳои Аврупои Шарқӣ ба муҳити нави арзишҳои умумии аврупоӣ шуданд, вале ин раванд ба зудӣ анҷом ёфт.
Табиист, ки вайрон шудани сохтори бонизоми як идда кишварҳо боиси ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои тундрав ҳам гардид, ки дар ниҳояти кор ба хусусияти экстремистӣ ва террористӣ касб намудани баъзе аз онҳо шуд. Акнун дар сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ ва бегонасозӣ табдил ёфт. Мутаассифона, идома ёфтани вазъияти буҳронӣ дар атрофи Афғонистон ва бетағйир мондани муносибатҳои байни Исроилу Фаластин дар марҳалаи гузариш аз асри куҳна ба асри нав барои таҳрики нооромиҳо дар манотиқи ҳаммарзи онҳо мусоидат кард. Ҳамин буд, ки рӯйдодҳои устурашакли моҳи сентябри соли 2001 дар Амрико ба мафҳуми терроризм мансубияти исломӣ доштанро таҳмил намуд.    
Буҳрони амиқи сиёсӣ ва задухӯрдҳои хунин дар як қатор кишварҳои арабӣ сабаби ба бозори калони хариду фурӯши аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ табдил ёфтани қаламрави давлатҳои Ховари Миёна гардид. Падидаи нохушоянди пайдо шудани захираи бузурги ҷангӣ ва зарурати дар ҳолати омодабоши низомӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ бояд чандин нуқтаҳои доғро дар минтақа ба вуҷуд меовард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Нахуст, дар заминаи буҳрони сиёсӣ муборизаҳои мусаллаҳона ва ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Яман раванди хатарнок касб намуданд. Дере нагузашт, ки шуълаи манҳуси муқовиматҳои ҷангӣ дар қаламрави Ироқу Сурия доман паҳн кард.
Тибқи таҳлилҳои коршиносон аз ҳар ду тарафи муқовиматҳои мусаллаҳона ҷангиёни тахассусӣ меистоданд. Шахсони фиребхӯрда барои корҳои дуюмдараҷа ва эҷоди хусусияти оммавӣ ва дастаҷамъӣ додан ба бедодиҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҷалб мешуданд. Мушкилии дигар иборат аз он буд, ки ин майдони ҷангӣ хоҳишмандонро аз тамоми гӯшаву канори дунё ҷалб карда тавонист. Мақсади асосии сарпарастони ин созмон манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ буд, ки яке аз онҳоро проблемаи интиқоли газ ташкил медиҳад. Вале хатари асосӣ барои кишвару минтақаи мо таъсиси ҷабҳаи низомӣ - динии «Хуросони бузург» аст.
Мо танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии зуҳуроти ифротӣ, гузарондани вохӯрию мулоқот, аз як гиребон сар баровардани тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус гурӯҳи рӯҳониён садди роҳи ин вабои аср шуда метавонем. Бояд таъкид намоем, ки иттиҳодияҳои динӣ ҳам бояд дар устувории сулҳу субот ва тинҷию оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми фаъол дошта бошанд. Тибқи таҳлилҳои илмӣ ва мушоҳидаҳои мо ҳоло дар байни уламои суннатӣ ва рӯҳониён гурӯҳи созандае пайдо шудааст, ки аз рӯи имону эҳтисоб ҷонибдору манфиатдори оромию рушди устувори кишвари азизамон мебошанд. Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдидҳои воқеии дохилӣ ва берунӣ бояд дар пояи волоияти қонун ба ҳамдигар мусоидат намоем.
Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар дурнамои сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвари мо раванди доимӣ аст. Дар заминаи шиддат гирифтани муносибати Федератсияи Русия бо ИМА, ИА ва идома ёфтани таҳримҳо ҳуҷуми мубаллиғон ва эмиссарҳои ифротии динӣ дар байни шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр шуда истодааст. Масъалаи ба доми фиреби онҳо афтодани шаҳрвандони мо боиси нигаронӣ аст. Муҳоҷирони  тоҷик дар ин шароити мушкили буҳронӣ ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва дастгирии ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ дар асоси муқаррароти қарордодҳои дуҷониба сахт ниёз доранд. Зеро тибқи маълумоти оморӣ бештар ҷавонони «кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон» ҳадафи ҳамла ва даъвати гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегиранд. Аз ин лиҳоз, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат сиёсати ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт ва зарурати андешидани чораҳои муассир «ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ» ба хотири тағйири муҳити зиндагӣ ва мафкураи онҳо таъкид гардид. Муҳайё кардани шароити мусоид барои интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, аз худ кардани илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва пайдо кардани ҷойгоҳи арзандаи худ дар ҷомеа ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ҳам пешрафти корро таъмин карда метавонад. Шахси корозмуда ва ҳунарманд ҳеҷ гоҳ ба доми касе намеафтад.
Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши сиёсати ҷавонон, дастгирии соҳибкорӣ дар байни онҳо ва бунёди ҷойҳои нави корӣ омили муҳими пешгирӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар солҳои наздик хоҳад буд. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғоз дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти экстремизм ва терроризм қарор дошт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар таҷрибаи худ дарк кардаанд, ки танҳо давлату давлатдории пойдори миллӣ, беҳтар шудани некуаҳволии мардум ва раванди бебозгашти ободонии мабно ба худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ унсури зудояндаи ҳама гуна хатару таҳдидҳо шуда метавонад. Аммо фазои амну субот ва шукуфоии бардавомро иродаи қавӣ дар бобати идоракунии муваффақона, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани муҳити созгори соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳайё месозад.
 
 Файзулло БАРОТЗОДА,
 директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 434

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед