logo

иқтисод

ФОИЗИ БАЛАНДИ ҚАРЗ. БА АНДЕШАИ КОРШИНОСОН МОНЕАИ РУШД АСТ

Рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва тақвияти содирот аз ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии кишваранд. Масъалаҳои пайдо намудани  роҳи расидан ба ин ҳадафҳо, таҳқиқи самтҳои самараноки истеҳсол ва диверсификатсияи тавлиди молҳои ватанӣ ҳамвора мавриди баррасии иқтисодшиносон мебошанд.

Мутахассисони соҳа, якҷо бо олимону коршиносон вобаста ба таҳқиқу муҳокимаи мавзӯъҳои хоса дар арафаи истиқболи 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ чанд конфронси илмӣ - амалӣ доир намуданд. Дар онҳо баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои нав  хулоса ва пешниҳодоти судманд ба иштирокдорон манзур гардиданд. Дар  конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯи  “Тоҷикистон: роҳҳои татбиқи пурсамари стратегияи табодули воридот”, ки бо ҳузури доираи васеи  мутахассисони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, бонк ва тиҷорат дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гашт, иштирокдорон дастгирии ширкатҳои истеҳсолиро аз ҷиҳати супурдани андоз ва гирифтани қарзҳо бо фоизи паст  муҳим арзёбӣ намуданд. 
Ба қавли Убайдулло Асроров, директори Коллеҷи техникӣ, таҷрибаи  кишварҳои Чин, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия нишон медиҳад, ки афзоиши шумораи  ширкатҳои хурд ва миёнаи истеҳсолӣ дар рушди  саноат нақши ҳалкунанда мебозад. Монеаҳое, ки фаъолияти чунин корхонаҳоро халалдор месозанд, бояд аз байн  бурда  ва  муҳити  беҳтарини сармоягузорӣ барои онҳо фароҳам оварда шавад. Ҳамчунин, коршиносони масоили иқтисодӣ бовар доранд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар сохтани истеҳсолоти дохилӣ  ва ҳамкориҳои судбахши тиҷоратӣ дар ояндаи наздик табодули воридот ба содирот амалӣ мегардад. Дар  натиҷаи он таркиби бахши истеҳсолии иқтисод комилан дигаргун ва бо мақсадҳои стратегии Ҳукумат мувофиқ хоҳад шуд.
Пешниҳод ва хулосаи муҳаққиқони соҳа  дар асоси таҳқиқоти анҷомдода ва баррасии мавзӯъҳо  доир ба рушди истеҳсолот дар конфронси мазкур асосан чунинанд:
-Барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар ҷумҳурӣ пойгоҳи ашёи хоми арзон ва хеле самаранок мавҷуд аст.  Аз ин лиҳоз,  татбиқи  сиёсати табодули воридот ба содирот имкон дошта, боиси афзудани даромади аҳолӣ, хусусан  кам шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад.   Сармояи  дохилӣ бо  мақсади тақвияти  бахши  саноатии кишвар, пеш аз ҳама  ба коркарди маҳсулот  равона карда шавад. Бинобар ин, сармояҳои дохилӣ  бештар дар барқарор намудани корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна ва  сармояҳои мустақими хориҷӣ  барои татбиқи барномаҳои гуногун бояд истифода  гарданд.
- Баҳои иқтисодии  ашёи хоми дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда муайян ва ба ҳисоб гирифта шавад. Ашёи хоме, ки хусусияти табиии такрористеҳсолӣ дорад,  бештар бояд истифода гардад.
- Тамоми маводи истеъмолӣ ва ғайристеъмолие, ки ба кишвар ворид карда мешавад, аз назари самаранокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ бояд баҳои ҳақиқии иқтисодӣ дошта бошад.
Ба ҳамин монанд барои вусъати истеҳсоли маводе, ки хусусияти табодули воридот ба содирот дорад,  мутахассисон ташкили як бонки муштараки давлатию саҳомиро аз ҳисоби васоити буҷавӣ ва сармоягузорӣ  роҳи ҳалли масъала донистанд. Гуфта шуд, ки чунин бонкҳо  дар як қатор кишварҳои ҷаҳон амал мекунанд ва барои устувор гардондани ин тарзи истеҳсолот саҳми арзанда доранд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 459

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед