logo

иқтисод

ЁВОН. КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ ФАЪОЛ ХОҲАНД ШУД

Бунёди корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи  сулфат дар ноҳияи Ёвон дар арафаи анҷомёбӣ буда,  ба фаъолият пардохтани онҳо моҳи августи соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст. Маблағи лоиҳа 126 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он  саҳми КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» $37,5 миллион буда,  $ 88,5 миллиони  боқимонда аз ҳисоби Эксимбонки Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузорӣ мегардад.

Мувофиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхонаҳо дар як сол  130 ҳазор тонна кислотаи сулфат, 12 ҳазор тонна криолит ва 18 ҳазор тонна фториди алюминий мебошад.  Ғайр аз ин, дар ҳамин ҷо кӯраи эҳтиётӣ сохта шуда истодааст, ки бо ба истифода додани он ҳаҷми маҳсулот афзуда, корхонаҳои истеҳсоли криолит ва  фториди алюминий метавонанд иловатан дар як сол  мутаносибан 18 ҳазор ва 27 ҳазор тонна маҳсулот бароранд. 
- Сохтмони ин се объекти калони саноатӣ (кимиёӣ) моҳи июни соли гузашта шурӯъ шуда, тибқи супориши Ҳукумати Тоҷикистон бояд моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом расад, - иброз дошт, Чжао Вен Лунг, муовини сардори Иттиҳодияи миллии сохтмонии Чин (China National Heavy Machinery Corporation), ки бунёди  корхонаҳоро бар уҳда дорад.
Ба гуфтаи ӯ, масоҳати сохтмон 15, 5 гектарро фаро гирифта, дар ин ҷо ба ғайр аз ин корхонаҳо анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, ду сехи газогенератор ва истгоҳи барқӣ барои истеҳсоли барқу гармӣ низ ҷойгиранд.
Мирзоалӣ Юнусалиев, сартехнологи заводи сохташавандаи креолит мегӯяд, ки дар корхонаҳо истеҳсолот бе партов хоҳад буд. Ягона маҳсулоти дуюмдараҷа гаҷ (75 ҳазор тонна дар як сол) мебошад, ки онро ҳам метавон ба фурӯш баровард.
Игор Сатторов, сардори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи  КВД-и «Ширкати алюминийи тоҷик», иброз дошт, ки тамоми хароҷот дар як муддати кӯтоҳ пӯшонида мешавад, зеро нархи алюминийи Тоҷикистон дар биржаи филизҳои Лондон назар ба алюминийи дигар кишварҳо 300-400 доллар гаронтар аст. 
Тавре маълум аст, мегӯяд ӯ,  90 дарсади ашёи хом аз хориҷи кишвар  ворид мешавад, ки ин арзиши аслии алюминийро баланд менамояд. Аз ин лиҳоз, татбиқи ин лоиҳаи ТАЛКО имкон хоҳад дод, ки ҳангоми истеҳсол ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, арзиши аслии алюминийи дар кишвар истеҳсолшуда поён равад ва рақобатнокии он дар бозори ҷаҳонӣ баланд гардад.  
Дар баробари ин, Игор Сатторов афзуд, ки як қатор корхонаҳои  алюминийи Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон ва Ҳиндустон бобати харидани  криолит ва фториди алюминийи кишвар мароқ зоҳир  мекунанд.
Ҳамзамон, барои истеҳсоли флюорит, ки ба таъмини бехатарии ашёи хоми корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат равона гаштааст, КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»  дар ҳудуди ҶСК «Комбинати  маъдантозакунии  Такоб»  ба бунёди фабрикаи  нави  поксозии маъдан оғоз намуд. Боиси зикр аст, ки захираи флюорит дар ин мавзеъ 623 ҳазор тонна арзёбӣ шуда, маблағи  лоиҳа 70 миллион сомонӣ мебошад. Иқтидори солонаи он  50 - 60 ҳазор тонна  флюоритро дар бар мегирад.
Имрӯз барои истеҳсоли алюминий беш аз 20 навъи ашёи хом зарур аст ва ширкат онҳоро аз хориҷи кишвар ворид месозад. Пас аз ба истифода додани корхонаи истеҳсоли криолит, мутахассисони он итминон доранд, ки бо кӯшишҳои ҳадафнок дар оянда нақшаи истеҳсоли маҳсулоти ватании  воридотивазкунанда пурра таъмин мегардад. 

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»,
Душанбе – Ёвон – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 1639

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед