logo

ҳуқуқ

ШУУР - БУЗУРГТАРИН МУҚАДДАСОТИ ИНСОН

Заъфи таҷриба
Замони мо  пуртазоду зудтағйирёбанда аст ва дар он пайдо кардани мақому мавқеи устувор ба такомули шуури солим ва дарки манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ марбут мебошад.
Мақолаи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ” (Шуури муқаррарӣ) -и С. Ятимов,  ки дар рӯзномаи Ҷумҳурият 17 декабри соли 2015 нашр шудааст, аз таҳлилҳои мантиқӣ иборат буда, дар он на танҳо умдатарин проблемаҳо, балки роҳҳои ҳалли онҳо низ пешниҳод гардидаанд. Масъалае, ки мавриди таваҷҷуҳи мо қарор мегирад, на феномени шахсият, балки сохтори шуури инсонҳои аз ҷиҳати маънавӣ сарватманд ва камбизоат мебошад. Аксари инсонҳо идеяи асосии сарватмандӣ ва камбизоатиро дар маънои  дороӣ (пул) мефаҳманд. Аммо моҳияти ҷисм на худи он, балки рӯҳи он мебошад. Чунин фикр воқеияти рӯҳиро идора мекунад.
Гегел дар асари худ “Лексияҳо оид ба фалсафаи таърих” навишта буд: “...Таҷриба ва таърихи башар гувоҳӣ медиҳад, ки халқҳо аз гузашти рӯзгор ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизеро намеомӯхтаанд ва аз рӯи сабақҳои аз он бардошта, амал намекардаанд”. Хатоии аввал аз  заъфи таҷриба ба амал меояд ва такрори хатоҳо, ба назар нагирифтани қонунҳои объективии илман исботшуда нишонаи  ақибмонӣ мебошад. Аз ҳалли муаммоҳо канораҷӯӣ намудан ва моҳияти онҳоро ночиз дидан баробари аз шинохти дунё даст кашидан аст. Бинобар ин, С. Ятимов ба хулосаи ҷиддии фалсафӣ омадааст, ки дар ҳолати  аҳамият надодан ба раванди ташаккули шуури миллӣ рақобатҳои носолими ҷаҳонӣ  миллатҳоро пора-пора месозанд: “Инро (шуури муқаррарӣ - А. С.) ба инобат нагирифтан, аз дараҷаи мувофиқат кардани он ба мақсадҳои таъмини амнияти ҷомеа огоҳ набудан, оқибат бо заволи низоми давлатдорӣ ва худи давлат анҷом хоҳад ёфт”.
Вақте ки таърихро ба хотири ҳамин рӯзу ҳамин лаҳза менависанд, он дар асл ба ҳаёти амалӣ наздик шуда наметавонад. Таърих дар ин замина танҳо аз хотираҳои хушку холӣ иборат шуда мемонад. Дар ҳар як ҳодисаи  манфии имрӯза фаҳмишҳои нодурусти дирӯза қарор доранд. Мақсад аз ташаккул додани  шуури илмӣ - бофтани афсонаҳои таърихӣ не, балки инъикос намудани рӯйдодҳои гуногунранги воқеии таърихи ҷаҳонӣ ва дарк намудани моҳияти замони имрӯз мебошад. Муаллифи мақола дуруст зикр мекунад, ки ба дунё сирф аз нигоҳи динӣ баҳо додан ва оламро танҳо тавассути эътиқод ва эҳсосот қабул кардани инсонҳо ба қашшоқии фалсафа сабаб мегардад. Вақте ки одамон ба ҳама чиз аз як нуқтаи назар менигаранд, он гоҳ шуури ҷамъиятӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мегардад. Ҳангоме ки одамон дар ҷомеа ба дин, илм, санъат ва ҳаёт аз нигоҳи як гурӯҳи ҳамин намояндагон (ё намояндагони дин ё илм) нигоҳ мекунанд, ҳаёт ба ҳамаи одамони дар як давр зиндагикунанда мушкилтар мешавад. Донистани далелҳои таърихӣ зуҳурот аст, аммо фаҳмидани сабаби ҳодисаҳои он моҳият мебошад. Шуур қобилияти зинаҳои дигаршавиро дорад ва муаммоҳои ҳаёт натиҷаи ҳамин дигаргуниҳо мебошанд. Адолат, озодӣ ва ахлоқ ҳамон вақт дар ҳаёти амалӣ дида мешавад, ки инсонҳо идеяҳои онро дошта бошанд. Аз ин рӯ, амалкардҳои экстремизм ва фанатизм маҳсули шуури одии камбизоатона буда, бо дастони шуури мақсадноки идеясозон ба анҷом расонда мешаванд. Дар ин маврид Гегел мегӯяд: “Баъзеҳо гумон мекунанд, ки одам табиатан некхӯ аст, вале одамро табиатан бадхӯ гуфтан, фикри боз ҳам амиқтар мебуд”.

Шуур ва озодӣ
Агар ба сабаби гуруснагӣ ва нодорӣ дар ҷисм моддаҳои ғизодиҳанда набошанд, дар майнаат, дар ҳиссиётат ва дар дилат ҳам барои ахлоқ ғизое нест”. Ҳамин суханҳои баланди Фейербах ифодагари вобаста будани шуури инсон аз тарзи зиндагии ӯст. Аммо ин идея тамоман дар маънои мутлақ дуруст намебарояд. Гуфтан мумкин нест: ҳамаи он халқҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ бузург ҳастанд, дар майнаашон ва ҳиссиёташон ахлоқи ҳамида ва маънавиёти олиро ҷой додаанд. Маҳдудияти фалсафаи классикии Олмон аз ҷумла Гегел ва Нитше дар он аст, ки асоси хушбахтии инсонҳо дар озодии беохири онҳо фаҳмида мешавад. Ин озодӣ барои ҳамаи замонҳо, халқҳо ва ҳолатҳо ба вуҷуд оварда шудааст ва маҳз ба ҳамин хотир дар ҳама гӯшаву канори олам татбиқ гардида, дар натиҷа ҳамин идеяи озодӣ ба бадбахтии умум сабаб мешавад. Гегел маҳз дар масъалаи гузоштани идеяи озодӣ иштибоҳ кард. Чунки ин озодӣ ба таври бояду шояд нигаҳдори мафҳуми бузурги ахлоқ шуда натавонист. Далели ин гуфтаҳо ҳамҷинсгароӣ дар баъзе аз кишварҳои Аврупову Амрикост.
Ба вуҷуд омадани киноклипҳо ва кинофилмҳое, ки бадахлоқиро ба дараҷаи олӣ бардоштаанд низ маҳсули озодии бешуурона мебошад. Аммо дар паси пардаи ин кинофилмҳо гурӯҳҳои мақсаднок барои манфиатҳои ақлнорасашон хизмат мекунанд. Ҳар он чизе, ки аз меъёри ақл мегузарад, ба бадахлоқӣ мубаддал мешавад. Озодие, ки аз меъёри имконияти инсонҳо берун мебарояд, охиран худи онҳоро  ба нафсашон ғулом мекунад.  Вақте шуури одӣ озодиро беохир мефаҳмад,  дар ниҳояти кор ба муноқишаҳо, кашмакашҳо ва ҷангҳои дохиливу берунӣ (оилавӣ) даст мезанад. Чунки инсон дар ин маврид барои расидан ба мақсадҳояш “ба худ ҳама корро иҷозат медиҳад”. Ҳодисаҳои эҳсосотии ҷаҳони имрӯз бешуурона бошад ҳам, вале ҳатман дар роҳи ба амал баровардани мақсади муайяни идеалии пешакӣ тарҳрезишудае аз ҷониби бошуурон мебошад. Нишон додани ин гуна манзараи умумии озодӣ ва шиорҳои “фалсафаи озодӣ” ба мақсади хушбахтии кулли халқиятҳо нестанд. Барои дигаргуншавии ҳаёт инсонҳое амал менамоянд, ки шуур доранд, воқеиятро дарк мекунанд ва мақсадҳои муайяне дар наздашон мегузоранд. Барои онҳо озодӣ ҳадаф, меъёр ва самти муайян дорад. Аммо шуури камбизоат ҳама идеяҳои замони худро кӯр-кӯрона воқеӣ меҳисобад. Дар шуури камбизоат (рушднаёфта) ва дар паси майлу орзуҳо қувваҳои дигари ҳаракатдиҳандае меистанд, ки маҳз онҳоро омӯхтан лозим аст. Ҳамаи инсонҳо аз пайи мақсадҳое мешаванд, ки кайҳо бошуурона фикр карда, ба қолаб даровардаанд. Аммо натиҷаи  хушахлоқӣ ва бадахлоқии ҷомеа маҳсули ваъзияти иҷтимоӣ мебошад. Таҳаввулоти куллӣ дар мисоли замони рушди шуур - бархӯрди тамаддунҳо, комёбиҳои неолиберализм ва неоконсерватизм боз ҳам муаммоҳоро печидатар ва баҳсталабтар мегардонанд. Ва дар ниҳоят, аз таҷрибаҳо бармеояд, ки фикр воқеияти рӯҳиро идора мекунад. Дар кадом зина қарор доштани шуур сатҳи ҳаёти иҷтимоии одамонро муайян мекунад. Аз ҳамин сабаб, назарияҳо сабабгори ҳодисаҳо мегарданд. Тамоман ва ба таври ҳайратовар нафаҳмидани он ки агар мо кӯшиши бахтҷӯии худро қонеъ гардонданӣ бошем, бояд дуруст санҷидани оқибатҳои кирдору рафтори худ ва дигаронро дарк намоем ва дар кадом поя истодани шуури фардиамонро муайян созем. Мо пешгӯӣ карда наметавонем, ки сари роҳи мо дигар “буҳрони шуур” вуҷуд надорад. Аммо гуфтан мумкин аст, ки ҳар як амалкарди бешуурона ба ҳодисаҳои эҳсосотӣ ва боз ба бадбахтии дигари бешуурона сабаб мешавад. Ин қонуни тамоми фалсафаи таърих аст.

Макони муқаддас
Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои олии тамоми ҷомеа, стратегияи шуури сарватмандон ва камбизоатон мебошад. Аз замоне, ки Гегел, Факенхейм, Б. Шефер, Н. Хил ва дигарон ин проблемаҳоро ба миён гузоштанд, гуфтан мумкин аст, фикри иддае аз инсоният оид ба ҳаёт ва сарнавишт тағйир ёфт ва ба пешравиҳои куллӣ сабаб шуд.  Имрӯз беш аз ҳарвақта такон додани шуури иқтисодӣ ва психологии одамон зарур мебошад. Хулосаи С. Ятимов комилан дуруст аст, ки оптимизмро (хушбиниро) талқин менамояд ва пешниҳод мекунад, ки одамон бояд ба ояндаи бузург доштани давлат, Ватан ва фардияташон эътимод кунанд. Имрӯз, дар остонаи ҷаҳишҳои фикрии инсон, мақсаде муҳимтар аз рушд, инкишофи шуур ва ваҳдати мардум вуҷуд надорад. Макони муқаддас ва майдони илму амал ҳеҷ гоҳ холӣ намемонад. Бинобар ин, шуур бузургтарин муқаддасоти инсон эътироф гардидааст.

Аслиддин САЛИМОВ,
устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи
Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 1260

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед