logo

иқтисод

КИШВАРИ РОҲҲОИ ОБОД

Ба шарофати неъмати бузурги истиқлолият Тоҷикистон дар қатори дастовардҳои азими дигар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба кишвари роҳҳои обод ва транзитӣ мубаддал гардид.
Пас аз мушарраф шудан ба Истиқлолияти давлатӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз се ҳадафи муҳимтарини стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат муқаррар гардид. Хабарнигори мо Сайвалӣ Азиз перомуни то кадом андоза расидан ба ин ҳадафи бузург, дастовардҳои арзандаи солҳои соҳибистиқлолӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои бахши нақлиёт бо вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон суҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ месозем:

- Муҳтарам Шералӣ Раҳмон, вазъи соҳаро дар муқоиса бо солҳои охири замони шӯравӣ ва аввали истиқлолият чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон ба таври марказонида маблағгузорӣ намешуд. Бенизомию нобасомониҳои аввали солҳои 90 – ум вазъи кори нақлиёт, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигарро бештар фалаҷ карда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдату ягонагии миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар пеш аз ҳама таъмини рафтуомад ва робита зарур буд. Сарвари давлат бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона эҳсос намуд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Ва аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама дар соҳаи роҳу иртибот, даъват кард. Ҳукумати кишварро муваззаф намуд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад тадбирҳои зарурӣ андешад.
Танҳо аз соли 1997 сар карда афзоиши нишондиҳандаҳои маҷмааи нақлиёт ба даст омад. Барои муқоиса: аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо соли 2000 – ум камтар аз 4 миллион, соли гузашта бошад, қариб 61 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Яъне аксари роҳҳои имрӯза ва инфрасохтори нақлиётӣ маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бунёд, таъмир ва навсозӣ шудаанд.

- Дастовардҳои назаррасу боиси ифтихори солҳои соҳибистиқлолӣ кадомҳоанд ва вазъи кунунии соҳа чӣ гуна аст?
Дастовардҳои солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт хеле бузурганд. Қабл аз ҳама, мо, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нақби «Шаҳристон» эълом дошт, ки Тоҷикистон ба ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид ва ба як кишвари воҳид табдил ёфт. Ин дастовард бо мушкилиҳои зиёд, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои пайвастаи мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Сарвари хирадманди худ муяссар гардидааст. Корнамоиҳои бунёдгарони шоҳроҳҳои бузурги байналмилалии мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма - сарҳади Чин, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Хуҷанд – Чанак – сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – сарҳади Афғонистон, Айнӣ – Панҷакент – сарҳади – Ӯзбекистон, роҳи оҳани Кӯлоб – Қӯрғонтеппа, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», пулҳои байналмилалӣ дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Ванҷ, Шамсиддини Шоҳин, Панҷи Поён ва даҳҳо иншооти муҳими дигар дар саҳифаҳои таърихи миллат дарҷ хоҳанд шуд. Роҳи оҳани Кӯлоб – Қӯрғонтеппа нахустин иншооти бузургест, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ бунёд ёфт. Бо ҳидояту дастгирии Сарвари давлат тайи ин солҳо дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ барномаҳои давлатӣ татбиқ гардиданд, роҳҳои мошингарду оҳан бунёд ва навсозӣ шуданд. Танҳо соли гузашта 150 километр роҳ ва 140 пул бунёд, таъмир ва навсозӣ шудааст. Таъмиру бозсозии аксари роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо анҷом ёфта, ҳамчунин аз ҳисоби фонди эҳтиётии Президенти кишвар роҳҳои байни 21 шаҳру ноҳия таъмиру таҷдид гардиданд.

- Рушди нақлиёти ҳавоӣ дар чӣ ҳол қарор дорад?
- Он дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ батадриҷ ба яке аз омилҳои таҳкимбахши робитаҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Парвози аввалини байналмилалӣ аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хориҷа 11 марти соли 1992 бо хатсайри Душанбе – Теҳрон – Душанбе ба вуқӯъ пайваст. Сипас, шумораи сайрхатҳо ба шаҳрҳои бузурги Чин, Русия, Туркия, мамолики Аврупо афзуд ва ҷуғрофияи парвозҳо тадриҷан кишварҳои тамоми манотиқи оламро фаро гирифт.
Ҳоло дар мамлакат фурудгоҳҳои байналмилалии ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқи Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ширкатҳои зиёди ҳавоӣ фаъолият доранд. Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбею Хуҷанд терминалҳои замонавии мусофиркашонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Беш аз 200 ширкати ҳавонавардии ватанию хориҷӣ хизматрасониҳои бору мусофиркашониро иҷро менамояд. Ба мусофирон кормандони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ бо ҳавопаймо ва чархболҳои истеҳсоли корхонаҳои беҳтарини ҷаҳон хизмат мерасонанд.

- Дурнамои соҳаро чӣ гуна мебинед?
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду ташаккули нақлиёт ва инфрасохтори он ҳамчун яке аз омилҳои асосии инкишоф таваҷҷуҳи махсус дорад. Дар Паёми имсола низ Сарвари давлат мо - нақлиётчиёнро ба иҷрои вазифаҳои бузургу пурифтихор – рушди инфрасохтори нақлиётӣ, вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ, дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин ҳидоят намуданд. Имсол қисмати Ваҳдат – Ёвони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Сохтмону таҷдиди чанд иншооти муҳими нақлиётӣ, аз қабили қисмати роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода (аз назди пайкараи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт) ва Хуҷанд – Исфара оғоз меёбад. Ҳамчунин навсозию ба сатҳи талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардондани ду қисмати душвортарини роҳи (Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумб) мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ сар мешавад. Омодасозии лоиҳаи таҷдиди роҳи Қалъаихумб – Ванҷ ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ идома дорад. Лоиҳаи нави хати аэронавигатсионии Душанбе – Мурғоб – Қошғар – Урумчӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар таҳия ва барои мувофиқа пешниҳод гардидааст. Дар фурудгоҳи Душанбе дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ терминали нави боркашонӣ бунёд меёбад. Қадам ба қадам сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паём ва стратегияи махсуси рушди маҷмааи нақлиёт барои давраи то соли 2025 ифода гардидаанд, татбиқ мешаванд. Бунёди роҳи Қошғар – Саритош – Ваҳдат – Панҷи Поён – Кундуз ва роҳҳои оҳани дигари байналмилалӣ, ки сохтмони онҳо алҳол мавриди гуфтугӯ қарор дорад, низ комёбии калони байналмилалии Тоҷикистон хоҳад буд.
Бо итминони комил гуфта метавонам, ки кормандони маҷмааи нақлиёти кишвар ба хотири иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати бароварда сохтани ҳадафу армонҳои миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз бо ҷидду ҷаҳд талош меварзанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 592

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед