logo

иқтисод

КОНИБОДОМ: ЧАРО КОРХОНАИ АЗИМИ ИСТЕҲСОЛӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД?

Корхонаи истеҳсоли консерваи шаҳри Конибодом бинобар бемасъулиятии соҳибмулк аз фаъолият бозмонд. Ин дар ҳолест, ки Конибодом дар миқёси мамлакат чун минтақаи боғдорӣ эътироф шуда, ин ҷо ҳамасола то 10-15 ҳазор тонна меваҳои гуногун истеҳсол мешавад. Масоҳати танҳо боғи зардолуи ноҳия 10 ҳазор гектар буда, зиёда аз 7 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда маҳсуб меёбад.
Солҳои 80 – 90 - уми қарни гузашта корхона то 30 миллион қуттии шартӣ номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ истеҳсол мекард. Наздики 600 нафар дар ин ҷо бо ҷойи кор таъмин буд. Соли 2002 баъди дар симои соҳибкор Мирзоҳалим Мирзокаримов пайдо кардани соҳибмулк вазъи корхона сол ба сол ногувор шуда, аввал иқтидори истеҳсолӣ коҳиш ёфт ва инак, соли равон он баъди 90 соли фаъолият пурра аз кор монд.
Биноҳои маъмуриву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ки ҳанӯз соли 1926 аз ҷониби бобову бобокалонҳои насли имрӯзи шаҳри Конибодом бунёд ёфта, дар масоҳати 15 гектар доман паҳн кардаанд, феълан дар ҳолати басо ногувор ва ҳузнангез қарор доранд. Дастгоҳҳову техникаҳои вайрону валангор ва паҳну парешон хеле риққатовар ба чашм мерасанд.   
Тазодро бинед, дар ҳоле, ки бунёди корхонаву рушди истеҳсолоти ватанӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат маҳсуб меёбад, бемасъулиятии чунин соҳибкорон умеди даҳҳо нафарро ба ояндаи нек барбод медиҳад. Чаро мақомоти масъул сари ин қазия ҷиддитар андеша накунанд?!
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 469

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед