logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НА БА ОСОНӢ БА ДАСТ ОМАДААСТ

27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мо ҳар сол онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.

Вале ин рӯзи пурнишоту босаодат ва таърихӣ ба осонӣ насиби мардуми сарбаланду ваҳдатофари тоҷик нагардидааст. Дар солҳои нооромӣ дар кишвар беқонунӣ, бенизомӣ ва анархияи сиёсӣ ҳукмфармо буд, ки хисороти ниҳоят вазнини ҷониву молӣ ва машаққату маҳрумиятҳои сангини маънавиро ба бор овард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар ва гуреза шудани беш аз як миллион ҳамватанонамон гардид. Аз ҷумла, аз ноҳияи Шаҳритуз, ки яке аз мавзеъҳои даргир ба ҳисоб мерафт, зиёда аз ҳашт ҳазор хоҷагӣ сарҳади давлати ҳамсоя - Афғонистонро убур намуда, дар лагери «Кампи Сахӣ» - и шаҳри Мазори Шариф паноҳ бурданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ки созмонҳои байналмилалӣ нишон додаанд, беш аз ҳафт ҳазор хона сӯхтаву валангор гашта буд. Дар чунин шароит зарурати ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ пеш омад, зеро хатари парокандагии миллату нестшавии давлат ошкоро таҳдид мекард. Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан барои хомӯш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ваҳдати сартосарии мардум саъю талош намуда, баъди чанд соли азхудгузаштанҳо муваффақ шуд, ки суботи комил дар мамлакатро барқарор созад.
Танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари мо дар гузоштани пойдевори сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат кадамҳои устувор гузошт.  Охирин гурезаҳо ба Ватан баргардонда шуданд. Ба шарофати сулҳу ваҳдат, дастгирии ҳаматарафаи давлату Ҳукумат ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза ёфтанд. Вайронаҳо обод гардиданд, манзилҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, клубу китобхонаҳо, таълимгоҳҳои нави замонавӣ қомат афрохтанд. Аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ноҳияи Шаҳритуз низ на танҳо аз харобаҳои солҳои ҷанг осоре боқӣ намондааст, балки дар натиҷаи заҳмати дастаҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани корҳои созандагиву бунёдкорӣ он нисбат ба солҳои пешин хеле ободу шукуфотар шудааст.
Дар ин росто, 12 октябри соли 2014 зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Шаҳритуз Сарвари давлат гуфта буданд: «Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритуз барои солҳои 2014 - 2018» амалисозии 149 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 170 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тамоми тадбирҳое, ки ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ноҳия амалӣ мешаванд, пеш аз ҳама, барои ободонии ноҳия, дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ равона шудаанд. Сокинони воқеан меҳнатқарини ноҳияи Шаҳритуз имрӯзҳо ба хотири ободии сарзамини аҷдодии худ бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ заҳмат кашида, барои ба яке аз ноҳияҳои намунавии кишвар табдил додани он азму талош хоҳанд кард».
Имрӯз дар ноҳияи Шаҳритуз зиёда аз 117 ҳазор аҳолӣ, ки намояндагони 21 халқу миллат мебошанд, аҳлона кору зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди он ки Шаҳритуз ноҳияи сарҳадӣ буда, бо ду давлат - Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳаммарз аст,  вазъи сиёсӣ дар ин ҷо ором буда, мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон машғуланд. Шукрона мекунанд, ки дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармост ва онҳо дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб саҳми муносиб мегузоранд.

Зуҳуриён Холмурод АБДУЛЛО,
раиси суди ноҳияи Шаҳритуз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2016    №: 114    Мутолиа карданд: 499

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед