logo

иҷтимоиёт

ДЕҲМОЙ: ҲИММАТИ СОҲИБКОРОН БАЛАНД АСТ

Деҳмой дар масофаи 14 километр аз шаҳри Хуҷанд, дар канори шоҳроҳи Душанбе - Чанак,  мавзеи басо зебо ҷойгир аст. Дар ҳамин мавзеъ қарор доштани Хонаи пиронсолон, лагери ҷумҳуриявии мактабиёни «20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ва даҳҳо муассисаҳои томактабиву фарҳангӣ низ ба ҳамин ваҷҳ мебошад. Ба шарофати тараддуду такопӯй ва меҳнати созанда ҳам деҳ обод асту ҳам рӯзгори мардум осуда.
- Кишоварзӣ соҳаи асосӣ ва пешбарандаи иқтисодиёти деҳоти мост. 247 хоҷагии деҳқонӣ  дар рӯёндани ҳосили фаровони сабазавоту меваҷот ва  ғалладона, ғанӣ гаштани бозорҳои ноҳияву шаҳри Хуҷанд нақши муассир мебозанд. Бо гузарондани ислоҳот дар хоҷагиҳои ҷамоат шароит фароҳам омад, ки садҳо сокинони деҳа соҳиби қитъаи замин шуда, рӯзгори осудаи худро таъмин намоянд. Таҷдиди хоҷагиҳо имкон дод, ки муҳоҷирати меҳнатӣ куллан коҳиш ёбад, масалан, агар солҳои қаблӣ то 1,5 ҳазор нафар барои дарёфти маблағ ба кишвари Русия сафар мекарда бошад, имрӯз ин рақам то 500 нафар поин фаромадааст, - мегӯяд Марямхон Алиева, раиси Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов.   
Мушоҳида намудем, ки деҳқонони Деҳмой аз ҳар як ваҷаб қитъаи замин самаранок истифода мебаранд. Аз як қитъаи замин  2 -3 ҳосил ба даст овардан солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Соли 2015 танҳо аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ мардум ба бозорҳои вилоят 31 тонна помидор ва 34 тонна бодиринги барвақтӣ бароварда, аз ҳар  гектар шолизор, ки дар майдони зиёда аз  1000 гектар доман густурдааст, то 70 - 80 сентнер ҳосил ва манфиати хуби иқтисодӣ бардоштанд.
Хоҷагии деҳқонии «Томирис»  15 гектар замин дорад. Алҳол хоҷагӣ дар натиҷаи татбиқи навгониҳои замони муосир дар соҳаи кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба пешравиҳои назаррас соҳиб шудааст.
- Мо бо аҳли оила ва фарзандону наберагон тасмим гиифтем, ки дар ҷойи зисти худ ба деҳқонӣ - касби бобоӣ шуғл варзем. Асосан ба парвариши шолӣ, сабзавот ва мева (хурмо, бодом, себ) машғулем.  Аз ҳисоби деҳқонӣ, кор дар замин воқеан ҳам зиндагии шоистаи аҳли оиламонро таъмин карда тавонистему ба таъсиси чандин ҷойи нави корӣ  низ мусоидат кардем, - иброз  медорад Гулсара Умарова, сарвари ин хоҷагӣ.
Хоҷагии мазкур аз ҳар гектар то 50 - 60 сентнер шолӣ ва то 150 - 200 сентнер сабазавот рӯёнда, ҳамчунин аз боғи мева ҳосили фаровону манфиати хуби иқтисодӣ мегирад. Ин мавсим хоҷагӣ муваффақ шуд, ки ба шаҳрҳои бузурги Русия ва Қазоқистон  60 тонна хурмо содир намояд. Хоҷагиҳои деҳқонии дигар низ бо роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ дар самти кишоварзӣ ба рӯзгори хушу осуда муваффақ гаштаанд.
Болоравии сатҳи зиндагист, ки ҳоло соҳибкорони маҳал ба таври оммавӣ  дар  ободу зебо шудани деҳаашон ҳиссагузорӣ мекунанд, иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба монанди кӯдакистон,  мактаб – гимназия, бунгоҳи тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои таъмири сӯзишворӣ месозанд.
Соҳибкори деҳа Зуҳурхоҷа Раҳимов чанд сол қабл  дар болои рӯди Деҳмой неругоҳи хурди барқӣ сохт ва он ҳоло дар хизмати мардум қарор дорад. Ҳамзамон,  соҳибкор як маркази бузурги савдо бунёд намуда, ба ихтиёри ҳамдеҳагон вогузошт ва  чанд ҷойи нави корӣ таъсис дод.
- Армуғони мо ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аст баҳри беҳбудӣ бахшидани зиндагиву рӯзгори мардум ва ободиву созандагӣ, - иброз медорад Марямхон Алиева.
 Ҷовиди АШТӢ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 442

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед