logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК. БАРНОМАИ РУШДИ ОН ЧӢ ГУНА ТАТБИҚ МЕГАРДАД?

Бо мақсади фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди саноати сабук дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ, афзун намудани иқтидори содироти маҳсулот, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои мустақим бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015» қабул гардида буд.
Ҷараёни татбиқи ин барнома дар доираи масъалаи «Оид ба  рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»  мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Вакили Маҷлиси намояндагон Хисрав Абдуназар ва муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзизода Акрам изҳор доштанд, ки рушди саноат яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баъди соҳиб гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ, барои барқарорсозӣ, тақвият бахшидани рушди саноат, бештар аз худ намудани манбаъҳои мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ, захираҳои меҳнатӣ ва бо роҳи диверсификатсия мутобиқгардонии онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ рақобатпазир корҳои азиме ба сомон расонда шуданд. Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаҳои маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ангишт, саноати сабук, мошинсозӣ, коркарди металл ва химия, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯроквориро дар бар мегирад. 
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар доираи барнома аз ҳисоби ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, вусъатбахшӣ ва беҳтар намудани истифодаи иқтидорҳои мавҷуда 314 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда буд. Вале аз давраи амалишавӣ зиёда аз 143,8 миллион доллар (45,8 дарсад) азхуд карда шудааст, ки мояи нигаронист.
Дар соҳаи саноати сабук корхонаҳои нав бунёд ёфта, аз нав муҷаҳҳазгардонии хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ба анҷом расонида шуд. Ҷиҳати коркарди ниҳоии нахи пахта, ки ашёи хоми стратегӣ барои рушди соҳаи саноати сабук ба ҳисоб меравад, тадбирҳои тоза рӯи кор омаданд. Иқтидори солонаи корхонаҳои коркарди нахи пахта ба маротиб баланд гардид. Айни ҳол, сохтмони  марҳилаи аввали силсилаи истеҳсолоти ресандагии корхонаҳои «Евразия Текстайл» ва маҷмааи истеҳсолоти бофандагии «Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара, «Беҳрӯзи Мурод» дар ноҳияи Вахш ва «Адолат А» дар ноҳияи Фархор то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ оғоз гардида, ба истифодадиҳии онҳо давоми солҳои 2016 – 2017 дар назар дошта шудааст.
Ҷиҳати  рушди соҳаи қолинбофӣ дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ (пашм), баланд бардоштани сифати маҳсулоти қолинӣ ва рақобатпазирии он дар бозори дохилию хориҷӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти қолинӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот, ҷалби шаҳрвандон ба истеҳсолоти соҳаи қолинбофӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» қабул гардид, ки тибқи он  то соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулоти қолинӣ ба 5 миллион метри мураббаъ расонда мешавад.
Бо мақсади татбиқи банди дахлдори нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шӯрои ҷамъиятии бадеӣ – техникӣ таъсис ёфта, дар сохтори он 13 студияи дизайн, аз ҷумла «Шаҳрзода», «Табассум», «Роҳи  Абрешим», «Муъҷиза аз чарм», «Ғунчаҳо», «Таърихи сару либоси миллӣ», «Спектри мӯд», «Насими кӯҳсор», «Мақом», «Навтарин», «Гули шукуфта» ва «Дурахши ҷавонон» амал мекунанд. Намоиши дастовардҳои эҷодии аъзоёни шӯро мунтазам баргузор карда мешаванд.
Иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии соҳибкорони соҳа, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ барои бонувони хонашин ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ баёнгари таваҷҷуҳи хосаи давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур мебошад. 
Байни вакилон ва роҳбарону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат роҷеъ ба масъалаи мазкур баҳсу мунозираҳо ва саволу посухҳо ҷараён гирифтанд. Аз рӯи масъалаи мавриди баррасӣ бо назардошти тавсияву пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.
Ҳ. САНГОВА, С. АЗИЗОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 651

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед