logo

иҷтимоиёт

АНДОЗА НИГАҲ ДОР

ИСТИФОДАИ БЕШ АЗ МЕЪЁРИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ХАВФ ЭҶОД МЕКУНАД
Қариб ду даҳсола боз телефони мобилӣ «азизи сари дастархон» асту бозори муошират бо телефони хонагиро танг кардааст. Ҳоло баъзе ашхос ду ва бештар телефони ҳамроҳ доранд. Ва шояд ифтихор ҳам кунанд, ки онҳо бо ҷаҳони  мутамаддин ҳамроҳу ҳамқадаманд. Телефони хонагӣ қариб аст, ба бойгонии таърих супурда шавад. Телефони ҳамроҳ то дараҷае  дар хонадони тоҷик худро ҷой кардааст, ки баъзеҳо ҳатто дар рӯзи мавлуди тифлҳои навзод телефон туҳфа мекунанд.

Дар чанд соли аввали пайдо шудани ин намуди алоқа касе дар бораи тарафҳои манфии он ҳатто андеша намекард.  Вале пас аз чанде дигар ба даркаш расидем, ки истифодаи аз меъёр бештари муошират бо ин телефон барои  саломатии инсон, хоса кӯдакону модарони ҳомила,  хеле зарар доштааст. Ба ин хотир дар воситаҳои ахбори омма барномаҳое рӯи кор омаданд, ки аз телефонҳо ҳангоми  зарурат ва  камтар истифода бареду ба кӯдакони то 12 – сола иҷозаи бо он суҳбат карданро  надиҳед. Кор то ҷое расид, ки бо худ доштани телефони мобилӣ дар макотиби олӣ ва мактабҳои миёна манъ гардид. Имрӯз қариб ҳама огоҳанд, ки ин қуттичаяки коросонкун ба саломатии инсон зарар дорад, вале «то табар омадан кунда меосояд», гуфтагӣ барин, одамон бебаркаш  масъалаҳои корию  оилавии худро «ҳал» мекунанд.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  шумораи муштариёни телефони ҳамроҳ то 1 апрели соли 2016 9 миллиону 869 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 4 миллиону 900 ҳазор муштариаш  фаъол аст. Шумораи истифодабарони интернет ба 2 миллиону 787 ҳазор расидааст. Акнун қиёс кунед, ки дар ҳудуди  8,5 миллион  49,6 дарсади аҳолӣ дар ҷайб  телефон дорад. Ду – се симкорт доштаҳо бе ҳисобанд. Ба қавле баъзеҳо ҳатто ба охирин пули худ «даҳони» телефонашонро ширин мекунанд. Ҳоло асбоби гӯшмонак мӯд шуда, мухлиси бештари он наврасону ҷавононанд. Иддае аз онҳо мегӯянд, ки дар кӯчаю бозор аз ҳарфҳои  ноҷою беҳуда шунидан дида мусиқӣ гӯш кардан беҳтар аст. Муаллимаи яке аз донишгоҳҳои пойтахт изҳор дошт, ки ӯ бо гӯшмонак бештар  сабти китобҳои соҳавиро танҳо ҳангоми  бо нақлиёт ба кор рафтану ба хона баргаштан гӯш мекунад. - Ин аз хондан дида бароям хубтар аст, чунки вақтро сарфа мекунам. Фарзандонам  дар синфҳои  1 – 4 мехонанд. Писарам, ки синфи 1 аст, то ба мактаб рафтан завқманди мусиқию суруд гӯш  кардан буд.  Зарари онро фаҳмида, ҳоло аз гӯшмонак истифода бурданашонро  манъ кардаам. Ҳоло сабтҳои омӯзиширо дар смартфон сабт карда, барояшон баланд  мемонаму гӯш мекунанд. Аз таҷрибаи худ ба натиҷа  расидам, ки ин тарзи гӯшкунӣ хотираро мустаҳкам  мекардааст.  Духтарам аз ин пеш шеърро дар ду рӯз азёд мекард. Ҳоло бошад, ним соат кофист, ки онро азбар кунад. Ҳамчун модар ба  модарон тавсия  медодам, ки ба хотири  таълиму тарбияи  хуби фарзандони худ аз ин усули санҷидашуда истифода баранд, - гуфт ӯ.
Ашӯр Қосимов, табиби гӯшу гулӯю  бинии Муассисаи давлатии Маркази тиббии ҷумҳурӣ, - мегӯяд  ки муддати зиёд аз ин асбоб истифода бурдан оҳиста – оҳиста  ба асаби дохили гӯш ва садопардаҳои он таъсири манфӣ мерасонад, дар гӯш садоҳои бегона пайдо мешаванд, ин раванд шунавоиро паст карда, шахсро ба илтиҳоби ҷуфти  8 – уми асаб гирифтор менамояд. Бинобар ин, ӯ ба наврасону ҷавонон  тавсия медиҳад, ки дар тӯли рӯз на беш аз 2 – 3 соат аз он  истифода баранд.
Ба хонандагони азиз гӯшзад мекунем, ки  тавсияи табибонро пазируфта, тандурустии худу  пайвандонашонро нигаҳбон бошанд.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 553

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед