logo

ҳуқуқ

«ЧОР СОЛ БОЗ ИНТИЗОРАМ»

Мақолаи сокини деҳаи Охҷари ноҳияи Ёвон Раҳмонов Мирзоалӣ «Чор сол боз интизорам», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»  9 майи соли 2016 № 89 (22911) нашр шудааст, дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шаҳрванд навиштааст, ки кормандони Ҷамоати деҳоти  ба номи Ҳ. Ҳусейнов бе огоҳӣ ва розигии аҳли хоҷагии онҳо барои гирифтани 1,40 гектар замини хоҷагӣ, ки протокол тартиб додаанд ва  соли 2012 кормандони   кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон омада, ба ӯ гуфтанд, ки замини  шумо чун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст.  Айни ҳол дар он  шаҳрвандон хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд, лекин то ҳол ба вай ягон ҳуҷҷати  тасдиқкунанда надодаанд, инчунин аз тарафи мақомоти дахлдор муроҷиаташ ҳалли худро наёфтааст.
Оид ба моҳияти қазия ҳаминро гуфтанием, ки дар асоси протоколи маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Ҷойлов» оид ба додани розигӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин бо мақсади сохтмони манзили истиқоматӣ дар масоҳати 1,40 гектар замини корами лалмӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2009,  13/5 – 17  тибқи тартиби муқарраргардида парвандаи заминсозӣ таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли  2010 № 704 «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон додани қитъаҳои замин» 222,93 гектар замин барои бунёди маҳалҳои аҳолинишин дода шудааст. Аз ин 1,40 гектар замини корами лалмӣ аз ҳисоби майдони заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ҷойлов» мебошад.
Қитъаи замини мазкур тибқи муқаррарот оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  гирифтан ва ба мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» ва хулосаи  комиссияи ҷамъиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим карда шудааст. Вобаста ба қарори мазкур дар ҳисоботи давлатии заминҳои ноҳия тағйирот ворид карда шуда, майдони мазкурро аз ҳисоби майдони умумии хоҷагӣ баровардаанд. Муроҷиати шаҳрванд Раҳмонов Мирзоалӣ бо ҳузури  худи ӯ аз тарафи прокуратураи ноҳияи  Ёвон, прокуратураи вилояти Хатлон, бахши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди  санҷиш қарор гирифта, ба ӯ ҷавоби хаттӣ дода шудааст.
Ғайр аз ин, ба Раҳмонов Мирзоалӣ аз тарафи кумитаи идораи замин ва Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов бар ивази  заминҳои гирифташуда қитъаи замини баробарарзиш пешниҳод гардид, аммо номбурда аз гирифтани он даст кашид.
Азизмаҳмад КАРИМЗОДА,
муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи
 замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 410

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед