logo

сиёсат

ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА ТАҶРИБАИ МОНДАГОРИ ДАВЛАТДОРӢ

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худсӯзии миллӣ хотима гузошта, марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат оғоз бахшид, ки онро метавон марҳилаи худсозии миллӣ номид.

Ин матлабро Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ҳамоише таҳти унвони «Омилҳои асосии таҳкими ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо», ки дар шаҳри Душанбе бо эҳтимоми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён намуд. Зикр шуд, ки талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахти пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои Тоҷикистон чун неъмати бузург ба сабзиш овард. - Ҳосили талошҳои роҳбари сулҳовар ва меъмори ваҳдати миллӣ дар баробари эҷоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамолики олам фарҳанги сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт.
Дар конфронс, ки намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, олимону донишмандон ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе ҳузур доштанд, раванди сулҳи тоҷикон аз оғози музокироти ҷонибҳо то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, натиҷаҳои созандаи ин ҳуҷҷати таърихӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Аз ҷумла, зимни баррасии мавзӯъ Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдовар шуд, ки даври панҷуми музокироти сулҳи тоҷикон 75 рӯз давом кард, ки дар таърихи дипломатияи музокирот то ҳол чунин музокироти тӯлонӣ сабт нашудааст. Албатта, ин ҳама талошҳо дар роҳи ба даст овардани сулҳ самаровар буд ва ба қавли Муҳаммадӣ Сафолзода модели сулҳи тоҷикон то ҳол назир надорад ва метавонад барои ба ҳам овардани тарафҳои даргир дар ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи хуб истифода шавад. Зеро таҷрибаи сулҳоварии тоҷикон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, аҳамияти таърихии он сол ба сол бештар ва гаронтар мешавад.
Дар конфронс таъкид шуд, ки ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқ ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон аст. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят пурарзиш ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 410

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед