logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар панҷ моҳи соли 2009, 26 июни соли 2009

Ҳозирини гиромӣ!
Мулоқоти имрӯзаи мову шумо дар арафаи дувоздаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоламон дастоварди воқеан нодиру тақдирсоз мебошад, доир мегардад ва бинобар ин шумо ва тамоми мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғдро бо ин ҷашни  муборак самимона табрик менамоям.
Қабл аз он, ки натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятро дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем, мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба ҷараёни татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои давраи то соли 2015-ум, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат моҳи июли соли 2006-ум қабул гардида буд, ҷалб намоям.
Шумо хуб медонед, ки мувофиқи барномаи мазкур дар давраи то соли 2015-ум ҳамасола бештар гардонидани имкониятҳои истеҳсолии вилоят, таъсиси корхонаҳои нав ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, татбиқи лоиҳаҳои зиёди инвеститсионӣ, ки дар маҷмӯъ ба афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳбудии сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, пешбинӣ гардидаанд.
Дар доираи барномаи мазкур  барои тараққиёти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дастгирии буҷетҳои маҳаллӣ, бунёд ва беҳтар гардонидани вазъи инфраструктураи иқтисодиву иҷтимоӣ, чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар давоми ду соли охир ва панҷ моҳи соли ҷорӣ як миллиарду 382 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, раванди татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва истифодаи захираву имкониятҳо дар вилоят ҳанӯз чандон қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳо, аз ҷумла таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ иҷрои барномаи мазкур бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо истифодаи оқилона ва самарабахши тамоми имкониятҳои мавҷуда таъмин карда шавад.
Аз нишондиҳандаҳои иқтисодии солҳои охир ва панҷ моҳи соли ҷорӣ бармеояд, ки барои таъмини рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳанӯз имкониятҳо ва захираҳое мавҷуданд, ки пурра мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Аз ҷумла, дар самти татбиқи сиёсати буҷету андоз, ки яке аз асосҳои идоракунии давлат мебошад, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чандон кофӣ нест. Зеро бо вуҷуди дар вилоят барзиёд таъмин гардидани буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ нақшаи ду намуди андоз иҷро карда нашудааст ва аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардидааст.
Тавре ки аз таҳлили натиҷаҳои иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ  бармеояд, дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод ва Панҷакент нақшаи 8 намуди андоз, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Конибодом - 7, Мастчоҳ ва Чкалов - 6, Қайроққум – 5, Ашт ва Исфара – 4, Ғончиву Шаҳристон ва Истаравшану Табошар нақшаи 3  намуди андоз иҷро нашудааст.
Дар баробари ин, дар вилоят аз ҳисоби андозҳо бақияпулиҳо низ сол ба сол меафзоянд. Дар айни ҳол ҳаҷми умумии бақияпулиҳо дар вилоят бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 117 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки  18 миллион сомонии он танҳо дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ташаккул ёфтааст. Бақияпулиҳои андоз асосан дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ва шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд  ба вуҷуд омадаанд.
Барои пешгирӣ намудани афзоиши бақияпулиҳо ва тадриҷан кам кардани ҳаҷми онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сохторҳои маҳаллии мақомоти андоз ва гумрук зарур аст, ки доир ба иҷрои нақшаи тамоми намудҳои андоз ва татбиқи муқаррароти қонунгузорӣ нисбат ба субъектҳои хоҷагидории қарздор чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамчунин дар вилоят бинобар аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ иҷро нагардидани нақшаи панҷмоҳаи андози иҷтимоӣ нафақа ва кӯмакпулиҳо дар ҳаҷми 86 фоизи талабот маблағгузорӣ карда шудааст ва ҳаҷми маблағи қарз аз нафақа ба 10 миллион сомонӣ  расидааст.
Маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар вилоят бо дарназардошти қарзи солҳои гузашта то моҳи майи соли ҷорӣ қариб 6 миллион  сомониро ташкил кард, ки он бештар дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Мастчоҳ ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом ба вуҷуд омадааст.
Тавассути Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мо ба мардуми кишвар изҳор намудем, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ иҷрои ӯҳдадориҳои давлатро дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнат,  нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ таъмин мекунем. Аз ин лиҳоз, мову шумо, ки имрӯз идоракунии мақомоти ҳокимияти давлатиро ба зимма дорем, бояд иҷрои ӯҳдадориҳои давлатиро дар назди мардум таъмин намоем.
Дар робита ба ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки камбудиҳои дар самти пардохти музди меҳнат ва нафақаву кӯмакпулиҳо мавҷударо тадриҷан бартараф карда, минбаъд доир ба пешгирӣ кардани ташаккули қарз чораҳои зарурӣ андешанд.
Шумо хуб медонед, ки дар сурати фаъол гаштани истеҳсолот вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят  ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст ва ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  зиёд мебошад, вале ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Мувофиқи маълумоти оморӣ аз 234 корхонаи саноатии вилоят  73 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам карда, 26 корхона  пурра аз фаъолият бозмондааст.
Дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен ва шаҳри Панҷакент истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ кам шудааст. Дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли 26 намуди маҳсулот коҳиш ёфта, 16 намуди он пурра қатъ гардидааст. Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, коркарди маъдан ва металлҳои ранга нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 35 ва 8 фоиз кам шудааст. Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки дар бораи боздошти тамоюли пастравии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва пурра ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Дар доираи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 дар қаламрави вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен бунёди корхонаҳои коркарди пурраи пахта пешбинӣ гардидааст, вале суръати сохтмони онҳо то ба имрӯз хеле суст аст. Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен супориш дода мешавад, ки суръати сохтмон ва таҷҳизонидани корхонаҳои мазкурро тезонида, онҳоро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба истифода диҳанд.
Бо мақсади рушди соҳаи коркарди маъдани кӯҳиву металлҳои ранга дар вилоят ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зарур аст, ки дар хусуси мавриди истифода қарор додани захираҳои Конимансури Калон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Мо хуб дарк менамоем, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз таъмини устувори он бо нерӯи барқ вобаста аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бартараф сохтани мушкилоти дар ин самт  ҷойдошта ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст. Аз ҷумла, сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» пеш аз мӯҳлат ба итмом расонида шуда, то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки дар мамлакатамон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шавад ва ба вилояти Суғд аз нерӯгоҳҳои барқи обие, ки дар ҷануби кишвар бунёд шуда истодаанд, тамоми сол нерӯи барқ интиқол гардад.
Бо мақсади таъминоти вилоят бо нерӯи барқ, ки дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12  фоиз коҳиш ёфтааст, вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи тоҷик», Маркази идораи лоиҳаҳои бахши энергетика ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барқарорсозӣ ва таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, татбиқи Барномаи сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои хурд ва дигар барномаву лоиҳаҳои соҳавиро дар қаламрави вилоят таъмин намоянд.
Дар баробари ин, ба ширкатҳои «Барқи тоҷик», «Тоҷиктрансгаз»  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷамъоварии пурраи маблағҳои нерӯи барқ ва гази табиии истифодашударо, ки дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарз аз онҳо дар вилоят боз афзоиш ёфтааст, таъмин созанд.
Дар робита ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба истифодаи лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ гузаштани тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ва ба оилаҳои камбизоат дастрас гардонидани лампаҳои каммасрафи барқиро то моҳи октябри соли ҷорӣ пурра таъмин намоянд ва дар бораи дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 бо гази моеъ ва ангишт таъмин гардидани аҳолии вилоят тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин сохтмони корхонаи ба нақша гирифташудаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафро то охири сол таъмин кардан зарур аст. Вобаста ба ин, ба тоҷирону соҳибкорони вилоят муроҷиат карданиам, ки нархи лампаҳои каммасрафи воридотиро беасос баланд набардоранд, баръакс кӯшиш намоянд, ки ҳам маҳсулоти хушсифат ва ҳам аз рӯи имкон арзонтарро ворид намоянд, то ки ба харидорон ва пеш аз ҳама, оилаҳои камбизоат кӯмак шавад.
Масъалаи пардохти ҳаққи барқу гази истифодашуда низ аз ҷумлаи проблемаҳои ҷиддии рӯз аст. Аз ин лиҳоз, мақомоту сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки доир ба ҷамъоварии маблағи барқу газ бо истифода аз тамоми имкониятҳо чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин мардум низ бояд хуб дарк намоянд, ки бе пардохти саривақтии ҳаққи барқу газ таъмиру таҷдид ва нигоҳдории шабакаҳои интиқоли онҳо ва умуман рушди ин соҳаҳо аз имкон берун аст.    
Яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди вилоят, ки дар беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мавқеи хоса дорад, кишоварзӣ мебошад. Боиси қаноатмандист, ки дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои пилла, афзудааст. Зеро соли гузашта дар вилоят ба кишти тирамоҳӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, ҳаҷми майдонҳои онро нисбат ба соли 2007-ум 21 ҳазор гектар зиёд гардонида буданд. Вале кишти имсолаи баҳорӣ ҳам дар корхонаҳои кишоварзӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ чандон қонеъкунанда нест, чунки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми майдонҳои он дар маҷмӯъ чоруним ҳазор гектар кам шудааст.  Дар баробари ин, кишти пахта низ зиёда аз 18 ҳазор гектар кам гардидааст. Аз ин рӯ, ба пахтакорони вилоят зарур аст, ки  парвариши пахтаро дар асоси талаботи агротехникӣ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии он кӯшиш намоянд.
Соли гузашта соҳаи пахтакории вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба андозаи 96 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида буд. Аз ҷумла,  бо мақсади дастгирии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи пахтакории вилоят тавассути бонкҳо дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ қарз ҷудо шуда буд. Вале хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз ин маблағ то имрӯз ҳамагӣ 19 миллион сомониашро баргардонидаанд, ки ин дар навбати худ боиси душвориҳо дар маблағгузории имсола шуда истодааст. То моҳи июн аз ҳамаи сарчашмаҳо соҳаи пахтакории вилоят ба андозаи 15 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Бо дарназардошти ин, ба Бонки миллӣ зарур аст, ки якҷо бо бонкҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бозгашти қарзҳои додашуда ва ба хоҷагиҳои пахтакории вилоят пешниҳод кардани қарзҳои бонкиро дар соли ҷорӣ таъмин намояд.
Таҷрибаи соли гузашта нишон дод, ки яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти озуқавории кишвар самаранок истифода намудани замин, аз ҷумла вусъат додани кишти такрорӣ мебошад.
Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар вилоят бояд дар майдони 69 ҳазор гектар кишти такрорӣ анҷом дода шавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 32 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Дар ин замина дар ҳудуди вилоят парваришу истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ сол ба сол густариш меёбад. Ҳоло дар маҷмӯъ майдони гармхонаҳо беш аз 17 гектарро ташкил карда, дар давоми панҷ моҳи гузашта зиёда аз 120 тонна сабзавоти барвақтӣ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо захираву имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз нокифоя мебошад.
Дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои асосии ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва иқтидори содиротии кишвар тавассути истифодаи самарабахши замин ба роҳ мондани парваришу истеҳсоли зироатҳои навъи серҳосили ғалладона, сабзавоти барвақтиву мева ва коркарди саноатии онҳо мебошанд. Кишоварзони вилоят дар ин кор имконияти бештар ва таҷрибаи зарурӣ доранд.
Вале бо вуҷуди дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави вилоят ба хориҷи кишвар содирот шудани 65 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, ки маблағи умумии он беш аз 90 миллион сомониро ташкил медиҳад,  як қатор маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар кишварҳо ворид карда шудааст.
(Аз ҷумла, зиёда аз 26 ҳазор тонна пиёз,  15 ҳазор тонна картошка, 7 ҳазор тонна ғалладона ва ҳатто сабзавоти барвақтӣ).
Ҳол он ки ин миқдор маҳсулоти кишоварзиро худи кишоварзони вилоят метавонистанд бе ягон душворӣ ва мамониат истеҳсол ва захираву ба фурӯш бароварда, талаботи бозори дохилиро таъмин намоянд ва аз ин ҳисоб даромади бештар ба даст оранд.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва афзун гардонидани иқтидори содиротии вилоят ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки
- дар хусуси ҳарчи бештар гардонидани майдони кишти такрорӣ, ба парвариши  ғалладонаву сабзавот, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ ҷалб намудани деҳқонони асилу ботаҷриба ва бо тухмии хушсифату серҳосил, нуриҳои маъданӣ, техникаву сӯзишворӣ таъмин кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд;
- дарави зироатҳои ғалладонаро дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом дода, заминҳоро барои кишти такрорӣ таъмин созанд;
- мавзеъ ё минтақаҳои барои парвариши минбаъдаи меваю сабзавоти содиротшаванда мусоидро муайян намуда, дар бораи вусъат додани корҳо дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ андешанд;
2. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо Ширкати “Барқи тоҷик” дар давраи кишти такрорӣ ва тирамоҳӣ низоми мӯътадили обрасониро ба хоҷагиҳои кишоварзӣ таъмин намояд.
3. Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва сохторҳои маҳаллии он ҷиҳати таъминоти бозори дохилии истеъмолӣ доир ба харидориву захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили фурӯши он дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чораҳои муассир ва саривақтӣ андешанд.
Дар вилоят дар асоси барномаи давлатӣ бунёд ва барқарорсозии боғу токзор, ки мутаносибан  беш аз се ва якуним  маротиба зиёд гардидааст, хуб ҷараён дорад. Бо вуҷуди ин, дар хусуси боз ҳам васеъ кардани майдони боғу токзорҳои нав ва барқарор кардани боғҳои кӯҳна корро вусъат бахшидан зарур аст. Зеро ҳамаи шумо хуб медонед, ки талабот ба меваю ангури Тоҷикистон дар хориҷи кишвар торафт афзуда истодааст.
Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки доир ба ташкили боғу токзорҳои нав аз навъҳои хушсифати меваю ангур ва барқарор кардани боғҳои кӯҳна, корхонаҳои муосири коркарди мева ва бандубасти он, инчунин аз худ кардани бозори хориҷии меваҳои Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар хусуси барқарор кардани иқтидори истеҳсолии соҳаи чорводории шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки то соли 1990-ум вуҷуд дошт, аз ҷумла дар корхонаҳои мавҷудаи кишоварзӣ афзун гардонидани саршумор ва беҳтар кардани зоти чорво тадбирҳои муассир андешанд. Илова бар ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят комбинат ё корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ ташкил намоянд.
Бояд зикр кард, ки дар вилоят масоҳати заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад сол ба сол меафзояд. Ҳоло дар қаламрави вилоят қариб 20 ҳазор гектар замин дар чунин ҳолат қарор дорад. Бо мақсади беҳбудии вазъи мелиоративии онҳо бо қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат ҳар сол аз ҳисоби  буҷет маблағҳои муайян ҷудо мегарданд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар вилоят бояд ҳолати мелиоративии 4400 гектар замин беҳтар гардонида шавад.
Вале дар назар бояд дошт, ки танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ беҳтар гардонидани вазъи мелиоративии заминҳо ғайриимкон мебошад. Ин кор бояд аз ҳисоби маблағҳои обрасонӣ низ анҷом дода шавад, вале дар вилоят қарздории хоҷагиҳо аз об афзуда, маблағи он то моҳи июни соли ҷорӣ ба 60 миллион сомонӣ расидааст. Аз ин рӯ, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки дар бораи пардохти саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ ва тадриҷан беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Дӯстони азиз!
Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкориҳо ва ободонӣ дар вилоят сохтмони иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ торафт вусъат меёбад.
Мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015 дар солҳои 2006-2010 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ба ғайр аз сармоягузориҳои хориҷӣ, ба истифода додани фондҳои асосӣ дар ҳаҷми қариб 850 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми солҳои 2007-2008 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 465 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд, ки 55 фоизи ҳаҷми маблағи ба нақша гирифташударо ташкил медиҳад.
Дар солҳои 2006-2010 ба иқтисодиёти вилояти Суғд ҷалб намудани 1 миллиарду 130 миллион сомонӣ инвеститсия, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 255 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ 556 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давоми солҳои 2007-2008 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ маблағҳои азхудгардида беш аз 1 миллиарду 380 миллион сомониро ташкил кардаанд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд  зиёд мебошад.
Дар доираи он дар шаҳри Чкалов мактаб–интернати махсусгардонидашудаи президентӣ, дар шаҳри Хуҷанд варзишгоҳи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст, табобатгоҳи замонавии бемориҳои қалб, хонаҳои истиқоматӣ, чойхонаи миллӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чандин корхонаи истеҳсоливу иншооти таъиноти иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Танҳо дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи сохтмони вилоят аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 194 миллион сомонӣ сарф гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад.
Ҳаҷми маблағгузории давлатии сохтмон низ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба афзудааст.
Дар баробари ин, бо мақсади бунёд, таъмиру азнавсозӣ ва беҳбудии шароити инфраструктураи иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла барқарорсозии иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шабакаҳои ирригатсионӣ, идоракунии ҳавзаҳои об, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо, инчунин тараққиёти устувори соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 16 лоиҳаи инвеститсионӣ ва кӯмаки техникӣ, ки маблағи умумии онҳо 2 миллиарду 150 миллион сомониро ташкил медиҳад, амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда зиёда аз 200 километр роҳ, 8 пул, 64 муассисаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва даҳҳо иншооти соҳаҳои гуногуни вилоят бунёд ва мавриди азнавсозӣ қарор  дода шуда, сохтмони 2 нақб идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки дар баробари маблағҳои давлатӣ бо ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони дохилӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ корҳои созандагиву бунёдкориро дар доираи омодагӣ ба 20-солагии истиқлолият беш аз пеш вусъат дода, ба сохтмону ташкили корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, таъмиру азнавсозии роҳу кӯчаҳо ва дар маҷмӯъ ба ободонии шаҳру деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
Мо борҳо изҳор намудаем, ки мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор ба рушди соҳибкорӣ, ки асоси пешрафти истеҳсолот, муҳайё гаштани ҷойҳои корӣ ва беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, мо тамоми имкониятҳоро сафарбар намудаем.
Ҳар сол афзун гардонидани ҳаҷми қарздиҳии бонкӣ, ба муддати ду сол манъ гардидани тамоми санҷишҳои давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва муқаррар карда шудани як қатор имтиёзҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар ин замина дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ба субъектҳои соҳибкории вилоят ба андозаи қариб 300 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам нокифоя аст.
Дар робита ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки аз дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорӣ худдорӣ намуда, баръакс таваҷҷӯҳи соҳибкоронро ба истеҳсолот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намуда, барои пешрафти кори онҳо ба қадри имкон мусоидат ва дастгирӣ намоянд.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи соҳибкорони бонангу номуси вилоятро, ки халқу Ватани худро азиз медонанд ва барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум кӯшиш мекунанд, даъват менамоям, ки бо ворид кардани технологияҳои муосир, ташкил кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъминоти ҳарчи бештари аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоли худ фаъолтар бошанд.
Дар сиёсати давлати мо инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавқеи муҳим дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоӣ вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакатамон пешрафти бештар дорад.
Илова бар ин, дар соли 2008 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят панҷ мактаб ва 35 синфхонаи иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бояд қайд кард, ки дар баробари маблағгузории давлатӣ, инчунин бо ташаббуси соҳибкорон ва шахсони алоҳида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8 мактаб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар маҷмӯъ барои 1200 нафар толибилм шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Бинобар ин, аз фурсат истифода карда, ба ҳамаи шахсоне, ки бо ташаббуси худ дар бунёд, таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.
Дар баробари ин таъкид месозам, ки дар масъалаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии вилоят бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Дар вилоят ҳоло қариб 700 нафар омӯзгор намерасад. Илова бар ин, солҳои охир беш аз 1300 нафар омӯзгор тарки вазифа намудааст. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки доир ба рафъи камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои муассир андешанд.
Барои рушди соҳаи тандурустии вилоят Ҳукумати мамлакат пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад. Моҳи январи соли ҷорӣ бо масрафи зиёда аз дуюним миллион сомонӣ барои марказҳои вилоятии ташхиси тиббӣ томографи компютерӣ ва дастгоҳи муосири рентгенӣ харидорӣ ва насб карда шуданд. Чанд рӯз пеш маркази вилоятии кардиологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба модарону кӯдакон лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани таваллудхонаи вилоятӣ ва шаҳрӣ ба имзо расонида шуд, ки маблағи умумии он 45 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди беҳбудии шароити муассисаҳои тиббӣ дар қаламрави вилоят сифати хизматрасонии тиббӣ, пешбурди корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин рушди тибби хусусӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба пурзӯр намудани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мо ҳаллу фасли масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо шуғли муносиб таъмин кардани бекорон, касбомӯзии онҳо ва паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатиро ба таври ҷиддӣ ба миён гузоштем. Дар доираи иҷрои ин вазифаи муҳим дар панҷ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо қариб 19000 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва бо мусоидати мақомоти дахлдори вилоят дар ин муддат зиёда аз 3700 нафар бекор бо ҷойи кор таъмин гардид, ки ин ҳанӯз басанда нест ва дар ин самт бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолтар бошанд.
Дар ҳар гуна шароити таърихӣ фарҳанги пурғановати ниёгони сарбаландамон наҷотбахши миллати тоҷик буд.
Хусусияти созандагии фарҳанг дар марҳалаи кунунӣ, яъне ҷаҳонишавӣ низ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Бо дарназардошти ин, мо ба рушди соҳаи фарҳанг низ афзалият медиҳем.
Бунёд ва ба истифода дода шудани варзишгоҳи замонавӣ дар маркази вилоят, ки минбаъд натанҳо макони чорабиниҳои варзишӣ, балки маъракаҳои гуногуни фарҳангии вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмилалӣ хоҳад гашт, яке аз  иқдомоти шоиста дар ин самт мебошад.Ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки бо дарназардошти чунин ташаббусҳои созандагӣ дар бораи таъмиру азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театрҳои воқеъ дар ҳудуди вилоят, инчунин матбааҳои давлатӣ низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин дар бораи ҳифз ва барқарор кардани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ки шумораи умумии онҳо дар вилоят беш аз 700 адад мебошад ва дар тӯли 20 соли охир танҳо дар водии Зарафшон зиёда аз 30 ададаш хароб гардидааст, ба таври ҷиддӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Пешрафти давлат, суботи устувор ва осоишу оромии ҷомеа пеш аз ҳама ба таъмини риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ вобаста аст.
Дар ин самт мо солҳои охир ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил гардидем. Вале ҳамзамон бо ин, дар ҳаёти ҷомеа ҳанӯз як қатор камбудиву қонуншиканиҳое мавҷуданд, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомӣ пешгирӣ кардани онҳо аз ҳар яки шумо – фаъолон ва ҳар як фарди ҷомеа эҳсоси масъулияти баландро тақозо мекунад.
Тавре ки санҷишҳои прокурорӣ собит сохтаанд, ҳатто дар қарорҳои қабулнамудаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят қонунвайронкуниҳо мавҷуданд.
Танҳо дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 100 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят,  аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Айнӣ ва дигар ноҳияҳо бо эътирози прокурорӣ бекор карда шудааст.
Ё худ, баъзе шахсони мансабдори давлатӣ бо суиистифода аз вазифа ба тасарруфи маблағҳои давлатӣ даст мезананд, ки вобаста ба ин мисолҳои зиёди нанговар мавҷуданд.
Мо борҳо таъкид намудаем, ки зуҳуроти коррупсия, аз ҷумла кирдорҳои тамаъҷӯиву ришваситонӣ натанҳо нуфузу обрӯ, балки пояҳои давлатро суст мегардонад. Аз ин лиҳоз, мо ҳамеша ҳидоят мекунем, ки дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа пеш аз ҳама волоияти қонун таъмин карда шуда, ба мансабҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ва умуман мансабҳои хизмати давлатӣ мутахассисони бомаҳорат ва шахсони дорои нияти неку дасти пок ҷалб карда шаванд.
Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам дар ҳайати хизматчиёни давлатӣ ва ҳам мақомоти андозу гумрук, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомии мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд низ шахсони тасодуфӣ ҳастанд ва бо кирдорҳои номатлуби худ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳо, суиистифода аз мансаб ва тамаъҷӯиву ришваситонӣ  ба эътибори хизматчиёни давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Аз ин рӯ, ба ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпараст, интихоби кадрҳои болаёқату поксиришт ва  ҷобаҷогузории дурусти онҳо, инчунин тақвияти интизоми меҳнативу хизматӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Аз таҳлили вазъи тартиботи ҳуқуқӣ бармеояд, ки бо вуҷуди дар вилоят дар маҷмӯъ паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо қонуншиканӣ афзудааст. Аз ҷумла, дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ашт ҷинояткорӣ ду баробар зиёд шудааст. Дар ин муддат ҳамчунин дар шаҳри Исфара 117 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 ҷиноят зиёд мебошад. Чунин ҳолат дар шаҳрҳои Қайроққум, Истаравшан, Чкалов, ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Айнӣ, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон низ ба мушоҳида мерасад.
Содир гардидани ҷиноятҳои вазнин низ дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Мастчоҳ ва Спитамен афзудааст. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки дар бораи пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти маҳаллии худ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориҳо, бахусус терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти Суғд тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир нишон медиҳад, ки дар қаламрави вилоят нашъаҷаллобиву нашъамандӣ боиси ташвиш гардидааст. Дар давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии воқеъ дар ҳудуди вилоят 120 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардида, 268 килограмм мухаддирот мусодира карда шудааст. Дар ин давра инчунин 15 нафар сокини вилоят берун аз ҳудуди мамлакатамон барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт гардидааст, ки ин аз фаъолияти сусти мақомоти гумруки вилоят дар ин самт гувоҳӣ медиҳад.
Мувофиқи омори расмӣ ҳоло дар маркази бемориҳои нашъамандии вилоят 1273 нафар нашъаманд, аз ҷумла 1169 нафар мард ва 104 нафар зан ба қайд гирифта шудаанд. Танҳо дар давоми панҷ моҳи охир дар вилоят шумораи нашъамандон 72 нафар афзудааст, ки ин хеле ташвишовар мебошад.
Бинобар ин, зарур аст, ки:
-  Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент дар бораи тақвияти фаъолияти мақомоти вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии худ дар самти ошкор кардани манбаъҳои сирояти нашъамандӣ ва пешгириву муборизаи қатъӣ бар зидди ин вабои аср тадбирҳои муассир андешанд;
- шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо амал мекунанд, фаъолияти худро дар самти тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ пурзӯр карда, бо мақсади боздошти тамоюли афзоиши нашъамандӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таваҷҷӯҳи муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеаро ба тарбияи дурусти фарзандон ва назорати доимии онҳо ҷалб намояд.
Дар робита ба боздошти тамоюли афзоиши ҳодисаҳои нангини худкушӣ ва қасд ба худкушӣ, ки дар вилоят дар панҷ моҳи соли равон мутаносибан 73 ва 35 нафарро ташкил дода, боиси ташвишу изтироб гардидааст, ба кумитаҳои оид ба корҳои занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин мақомоти маҳаллии онҳо супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо ходимони дин, муассисаҳои динӣ ва иттиҳодияву ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.
Ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Шӯрои адлия зарур аст, ки дар бораи тақвияти фаъолияти мақомоти маҳаллии худ дар самти ошкор кардани сабабҳои ҳар як ҳодисаи худкушӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани  гунаҳкорони он тадбирҳои алоҳида андешанд.
Ҳамчунин таъкид месозам, ки ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилоят ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро дар давоми панҷ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ вобаста ба гузаронидани маъракаҳо дар ҳудуди вилоят 24 ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе ҷамоату маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Айнӣ ва Мастчоҳ ҳангоми гузаронидани маъракаву маросимҳо қонуншиканӣ ба мушоҳида мерасад, вале комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба иҷрои вазифаи худ, яъне пешгирӣ ва ошкор кардани қонунвайронкуниҳо беҷуръатӣ зоҳир мекунанд.
Аз ин рӯ, ба Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он фаъолияти сохторҳои маҳаллии худ ва комиссияҳои доимии маҳаллиро пурзӯр намояд.
Илова ба мавзӯъ мехоҳам як нуктаи дигарро низ хотирнишон созам. Шумо медонед, ки мавсими ҳаҷи имсола наздик шуда истодааст ва ҳазорон нафар ҳамватанони мо нияти адои фаризаи ҳаҷро доранд.
Умуман адои фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз аркони ислом барои ҳар як мусулмон фарз аст. Лекин дар назар бояд дошт, ки вақтҳои охир ва хусусан имсол тамоми кишварҳои дунё аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ азият кашида истодаанд. Бар замми ин раванди глобалӣ имсол ба Тоҷикистони мо дар натиҷаи офатҳои табиӣ хисороти зиёди молӣ расид, ки ҳисоби он аз 100 миллион сомонӣ бештар аст. Мо маҷбур шудем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кӯмаки моддӣ муроҷиат кунем ва чунон ки шумо огоҳед, аз кишварҳои гуногун ва ташкилоту созмонҳои мухталиф ёрии башардӯстона расида истодааст. 
Бо дарназардошти ин ду омили муҳим мехоҳам ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, хулоса ба ҳамаи онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, муроҷиат карда, онҳоро даъват намоям, ки маблағҳои барои ҳаҷи имсола нияткардаи  худро бо дарназардошти шароити бӯҳронии замона сарф кунанд ва, албатта, беҳтар аст, ки маблағи барои ҳаҷ, хусусан ҳаҷи дуюмбора ва сеюмбора сарфшавандаро барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимону маъюбон, шахсони мӯҳтоҷу бесаробон, оилаҳои камбизоат ё барои обод кардани ягон гӯшаи Ватан харҷ кунанд.
Мардуми мусулмони мо ҳамчунин хуб дарк мекунанд, ки дар диёри худ низ бо анҷом додани корҳои хайр соҳиби савоби бисёр шудан мумкин аст.
Бузургони гузаштаамон низ ба ин маънӣ фармудаанд, ки:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Дӯстони гиромӣ!
Тавре ки шумо медонед, чанде пеш мо бо фаъолони вилояти Хатлон мулоқот доштем ва дар ҷараёни он масъала ва мушкилоту монеаҳои зиёди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ки аксарияти онҳо ба вилояти Суғд низ хос мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Аз ин рӯ, аз такрор ва бори дигар таъкид кардани роҳҳои суръатбахшӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ худдорӣ намуда,  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки дар мавриди таҳияи нақшаи чорабиниҳо ҳамаи дастуру супоришҳои дар ҷаласаи фаъолони вилояти Хатлон аз ҷониби Президенти мамлакат додашударо ба инобат гирифта, иҷрои онҳоро дар соҳаҳои дахлдор ва мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд.
Дар баробари ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо бори дигар ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки аз Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришоти Президенти мамлакат, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия», Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015 ҷалб  созам.
Бояд зикр кард, ки сокинони вилояти Суғд воқеан ватанпарвару заҳматдӯст ва қаноатпешаву ботаҳаммул мебошанд. Дар сурати роҳбарии дуруст ва роҳнамоии оқилона ба амалҳои неки созандагиву бунёдкориҳо онҳо бо дарки масъулияти баланд минбаъд низ ба манфиати халқу Ватан кору фаъолият хоҳанд кард. Аз ин лиҳоз, аз ҳар яки шумо – роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, тақозо мегардад, ки пеш аз ҳама иҷрои вазифаи ба зиммаатон гузошташударо  бо маҳорату кордонӣ ва бо дасти поку нияти нек таъмин намуда, дар кору зиндагӣ ба дигарон намунаи ибрат бошед.
Имсол, ки 15-солагии қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам аст, бояд тамоми кору пайкори мо ва ҳамаи нияту нақшаҳои созандагии мо ба нафъи халқу Ватани азизамон ва ба истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллиамон -  20-солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон нигаронида шавад. Дар охир бори дигар шумо ва кулли мардуми шарифу сарбаланди вилоятро ба муносибати иди бузурги Ваҳдати миллӣ табрик намуда, дар роҳи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон, аз ҷумла вилояти Суғд барору комёбиҳо орзумандам.
Саломат бошед!

Панҷшанбе, 2 июли  соли  2009. № 83-84 (21 590-591). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 551

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед