logo

иҷтимоиёт

ЯЗГУЛОМ ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

Ба истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ босуръат идома доранд. Дар ин хусус Валиҷон Маҳмадуллоев, раиси Ҷамоати деҳоти Язгулом, чунин иттилоъ дод:
- Ҳар як сафари кории Президенти кишвар ба Ҷамоати деҳоти Язгулом боиси ободӣ ва бунёдкориҳо мегардад. Баъди сафари нахустин ба ин водии баландкӯҳ неругоҳи барқи обии деҳаи Андарбак мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, ба киштзори дашти беш аз 60 - гектараи Язгулом, дар масофаи 11 километр аз дарёчаи рустои Мотравн хатти обгузар гузаронда, беш аз 45 гектар замин обёрӣ ва қариб 15 гектар боғ бунёд шуд. Дар деҳаи дурдасти Зайч, ки сокинонаш аз бероҳӣ азоб мекашиданд, ба масофаи 8 километр роҳи мошингард сохтанд. Дар деҳаҳои Мотравн ва Жамак биноҳои муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ёфта, ҳамаи мактабҳои водӣ хушсифат таъмир гаштанд.
 Боиси хушнудӣ ва қаноатмандии сокинони Ҷамоати деҳоти Язгулом мебошад, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат айни ҳол дар деҳаи Мотравн дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди неругоҳи барқи обӣ бо тавоноии беш аз 300 киловатт - соат босуръат идома дорад. Ҳамзамон, кашидани хатти баландшиддати барқи Рӯшон - Дашти Язгулом низ дар арафаи анҷомёбист. Ғайр аз ин, ширкати «Помирэнерҷӣ» канали обгузар, генератор ва таҷҳизоти куҳнаи неругоҳи барқи обии рустои Андарбакро навсозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, тавоноии ин иншооти энергетикӣ, ки ҳоло 150 киловатт - соат мебошад, то рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба 400 киловатт - соат расонда мешавад.
 Дар деҳаи Будуни ҳамин ҷамоат бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби шуъбаи сохтмони асосии вилоят бунёди бинои маркази саломатӣ ба маблағи беш аз 280 ҳазор сомонӣ анҷом меёбад. Қариб 40 километр роҳҳои маҳаллии Дашти Язгулом – Мотравн – Жамаг – Зайч низ аз ҷониби муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия таъмир мегарданд. Хулоса, деҳоти водии Язгулом мисли дигар водиҳои баландкӯҳи Бадахшон аз файзу баракати ҷашни дарпешистода торафт ободу зебо мешавад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 473

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед