logo

иҷтимоиёт

МАБОШЕД КАСРО БА БАД РАҲНАМУН

Имрӯз ҷомеаи моро хавфи дигар нигарон кардааст: қудратхоҳон шеваи муборизаро ба суди худ тағйир додаанд, яъне, дар ҳоли доман задани хархашаҳои мазҳабиянд ва, бо камоли таассуф, бархе аз ҷавонони мо, ки бағалашонро бо чормағзи пучак пур кардаанд, майли  равияҳое  доранд, ки то куҷо рафтанашонро намедонанд. Ин идда афроди “сулҳфурӯшу оқибатҷанг” (таъбири Шамсиддин Шоҳин) - ро, ки ба ҷиҳати худу худонашиносӣ ба доми тазвир афтодаанд, намаки Модар - Ватан кӯр хоҳад кард.

Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ на танҳо эрониёнро, балки тамоми мардумро аз фарҷоми бади ҷангу хунрезӣ ҳушдор медиҳад ва ононро ба кишвардӯстиву мубориза бар зидди неруҳои аҳриманӣ фаро мехонад. Фазои аҳуроӣ, оштибор, босулҳу сафо орзуи озодамардум аст, ки дар “Шоҳнома” ситоиш шудааст:
Масозед ҷангу марезед хун,
Мабошед касро ба бад раҳнамун
В-агар ҷанг ҷӯяд касе бо сипоҳ,
Дили кинадораш наёяд ба роҳ.

Ин таноқузи ифода гӯёи фикрати одамдӯстии Фирдавсист. Ба як сухан, ободии ҷаҳонро мехоҳад ва ҳич гуна ҷангро хуш надорад.
Ба назари шоир нигаҳбонии кишвар мояи сарафрозиву арҷмандист ва касе, ки дар ин роҳ ҷон мебозад, аз хеш номи нек ёдгор мегузорад ва ҳич хидмате дар зиндагӣ бад-он андоза арзиш нахоҳад дошт.
Агар ҳам касе даъвии диндориву имон мекунад, бояд бидонад, ки ғадру хиёнат ба зодбум бевафоӣ ба ин мавҷуди муқаддаси ҳастӣ - Модар маҳсуб меёбад, ки бо вожаи Ватан як мафҳум доранд.
Агар ҷовидона намонӣ ба ҷой,
Ҳамон ном беҳ з-ин сипанҷӣ сарой.
Ҳаме номи ҷовид бояд, на ком,
Бияндоз кому барафроз ном.

Бо ҳамин пиндор барномаи подшоҳии Ардашер (дар достони “Тадбир сохтани Ардашер дар кори подшоҳӣ”) мавзӯи парвариши фарзандонро фаро мегирад:
Ки то ҳар касеро, ки дорад писар,
Намонад, ки боло кунад беҳунар.

Паймони дигар пас аз пирӯзӣ бар душман ҷавру азият ва хароб накардани онҳо ва кишварашон мебошад. Аз ҷумла, бо амри Кайхусрав сипоҳ ба ночор ба сарзамини Тӯрон ҳамла мебарад, аммо сипоҳиён бо ин дастур бояд амали низомӣ анҷом диҳанд:
Зи дилҳо ҳама кина берун кунед,
Ба меҳр - андар ин кишвар афсун кунед...
Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред...

Аз одоби дигари низомӣ, ки дар “Шоҳнома” бозтобе дорад, наёзурдани мардуми бегуноҳу бечора ҳангоми набард аст, ки иҷмолан ба ин нукта ишорат рафт. Аммо дар достонҳое, назири “Гуфтор андар рафтани Тӯс ба Туркистон”, “Вайрон кардани Рустам тӯронзаминро”, сухангӯйи Тӯс хитоби сипаҳсолоронро ба гурдон мерасонад, ки дар садаи бисту як ҳам омӯзанда хоҳад буд, зеро дастурҳои фарҳангие, ки шоир бо сухани шоҳон ба сипоҳдорон мерасонад, имрӯз, дар ин авзои басо печидаи ҷаҳон низ ҳовии аҳамиятанд:
Бад-ӯ гуфт: “Нагзар зи паймони ман,
Нигаҳ дор оину фармони ман.
Наёзурд бояд касеро ба роҳ,
Чунин аст оини тахту кулоҳ.

Дар поёни сухан гуфтанием, ки касе аз рӯйи дастури Фирдавсӣ рафтор мекунад, чун худи ӯ ва “Шоҳнома”-и беназираш ҷовид мемонад. 
                                                                                  
Сулаймон Анварӣ, устоди ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 430

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед