logo

иқтисод

ШУКӮҲИ ЗИНДАГӢ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Шафеиён Ислом ЗИЁЗОДА,
раиси шаҳри Панҷакент

Истиқлолият сарчашмаи файз аст. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ, яъне тӯли 25 соли охир Панҷакенти бостонӣ босуръат рушд кард ва сокинонаш дар партави сиёсати дурусту созандаи давлат ва Пешвои муаззами худ ба дастовардҳои намоён ноил гардиданд.

Истифодаи имкониятҳои азими иқтисодӣ ва сарватҳои зеризаминии диёр, бунёди нақбҳои «Истиқлол» ва Шаҳристон, таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент ва ба ин васила аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани водии Зарафшон ва тадбиқи даҳҳо иқдомҳои устувори пешрафт аз баракати истиқлоланд. Коргоҳи азими саноати металлургияи рангаи Тоҷикистон - КМ «Зарафшон» маҳз дар ҳамин давра бо роҳбарӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид ва имрӯз ин коргоҳ дар раванди дастёбӣ ба истиқлолияти иқтисодии кишвар саҳми бориз мегузорад. Моҳи октябри соли гузашта Сарвари давлат дар доираи боздиди корӣ аз Панҷакент ва ифтитоҳи роҳи Айнӣ - Панҷакент дар маросими ифтитоҳи фабрикаи дуюми ҶДММ КМ «Зарафшон» бо иқтидори коркарди 10 000 тонна маъдан дар як шабонарӯз ва мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи маъдантозакунии Рукнобод иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҶДММ КМ «Зарафшон» соли гузашта ба маблағи 727647,9 ҳазор сомонӣ ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 382021,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Ҳиссаи имсолаи ин коргоҳ ба буҷет 109 миллион сомонӣ аст.
Ҳоло аз 11 коргоҳи саноатии Панҷакент 8 ададаш фаъол аст. Аммо бояд гуфт, ки мо аз фаъолияти коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мисли коркарди тамоку, консерв, коркарди ғалла, шароби «Марғедар», ки дар замони шӯравӣ бо назардошти имкониятҳои азими Панҷакент дар соҳаҳои рустанӣ ва боғу токпарварӣ бунёд гардида буданд, ҳанӯз қаноатманд нестем. Сабаби бефаъолиятӣ ё ба дараҷаи кофӣ набудани самараи кори ин коргоҳҳо таваҷҷуҳи зарурӣ надоштани соҳибмулкҳо ба истифода ва истеҳсоли маҳсулот аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳоло дар пайи ҷустуҷӯи имкониятҳои оқилонаи истифодаи ин коргоҳҳо мебошад, зеро имсол ҳосили боғу токзор фаровон буда, ҳалли мушкили коркарди маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарин аст.
Роҳбарияти шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ барои зиёд намудани теъдоди коргоҳҳои саноатию ҳунармандӣ ҷаҳду талош мекунад. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар се соли охир дар Панҷакент 32 коргоҳи нав бунёд карда шуд. Ин коргоҳҳо ба истеҳсоли дару тиреза, оҳак, дӯхтани либос, қолин, адрасу атлас ва ғайра машғуланд. Супоришу ҳидоятҳои Президенти кишвар ҷиҳати суръат бахшидан ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандию косибӣ, хоса атласу адрас ба рушди ин соҳа дар Панҷакент мусоидат кард. Боиси қаноатмандист, ки ҳоло ҳиссаи саноати шаҳри Панҷакент дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 19 дарсад баробар гардидааст.
Ислоҳоти сохтори кишоварзӣ арзишмандтарин дастоварди истиқлолият маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ дар Панҷакент 4 ҳазору 900 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфт. Дар пайи ёрию дастгирии молию техникии Ҳукумати кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имсол 8 пойгоҳи насосии обкашро бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардонд ва фаъолияти муназзами онҳо таъмин карда шуд. Соли дуюм аст, ки ба панҷ канали магистралии обрасонии шаҳр аз ибтидои моҳи март об ҷорӣ мегардад. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳои кишоварзӣ, обрасонӣ, таъминоти техникӣ, тухмию нуриҳо ва меҳнати пурсамари кишоварзон саҳми Панҷакентро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба маротиб боло бурд.
Бунёди садҳои муҳофизатӣ дар соҳили рӯди Зарафшон ва аз ин ҳисоб кушодани заминҳои нав барои кишти шолию картошка ба рушди соҳа ва бештар намудани имкониятҳои содиротии Панҷакент, коҳиш ёфтани нархи маҳсулот дар бозорҳо, муҳимтар аз ҳама, таъмини мардуми деҳот бо ҷои кор мусоидат мекунанд. Зимнан, аз рӯи маълумоти оморӣ танҳо дар ду соли охир беш аз 11054 нафар сокини деҳот бо ҷои кор таъмин гардида, муҳоҷирати онҳо ба хориҷи кишвар коҳиш дода шуд.
Зимнан дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю ангури аз ҷиҳати экологӣ тозаи Панҷакент ҳанӯз ҳам мушкилот ҷой дорад. Дар минтақаи канории мамлакат, дур аз бозорҳои дохилию берунӣ воқеъ гардидани Панҷакент, ба роҳи оҳан дастрасӣ надоштан, нокифоя будани имкониятҳои коркард ва нигоҳдории маҳсулот аз ҷумлаи монеаҳои асосӣ дар ҳалли ин мушкил мебошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳи бунёди сардхонаҳо, истифодаи беҳтари имкониятҳои иншооти мавҷуда, баровардани маҳсулот ба бозорҳои мамлакат вазъро то андозае ислоҳ карда истодааст.
Яке аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, донишу касбомӯзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмин намудани суботи иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад. Дар ин росто мардуми Панҷакент аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанг шукргузоранд. Ин соҳаҳо ҳамасола бо воситаҳои ҳозиразамони таълимӣ, табобатӣ, техникӣ ва кадрҳои ҷавон хубтар таъмин мегарданд. Соли гузашта 371 нафар омӯзгор ва 22 нафар табиби ҷавони маълумоти олидор сафи кормандони соҳаҳои зикршударо пурра намуданд. Танҳо дар се соли охир бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, ёрию дастгирии мақомоти вилоятӣ ва шаҳрии ҳокимияти давлатӣ, сармоягузории ташкилоту созмонҳои хориҷӣ, саҳми соҳибкорон ва сокинони ҳимматбаланду саховатпешаи диёр дар шаҳру деҳоти Панҷакент 6 бинои нави мактаб, даҳҳо муассисаҳои тиббӣ бунёд гардида, ҳамаи муассисаҳои таълимиву табобатӣ хушсифат аз таъмир бароварда шуданд. Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат оид ба омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир дар солҳои 2014-2016 зиёда аз ҳазор нафар сокини Панҷакент тавассути муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарӣ ва дигар вазорату идораҳо соҳиби касбу ҳунарҳои нав гардиданд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Панҷакент ба шумор меравад. Ҳоло 11 ширкати сайёҳии Панҷакент ба меҳмонони диёри бостонӣ хизмат мерасонанд. Соли гузашта беш аз 1056 нафар сайёҳ манзараҳои дилфиреби шаҳр, кӯҳу кӯлҳои афсонавии Панҷакентро тамошо карданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр якҷо бо роҳбарон ва масъулони таълиму тарбия, соҳибкорон, падару модарон дар амри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳидоятҳои Пешвои миллат барои аз мактаб дур намондани фарзандон, ба илму дониш, касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, тарбияи насли солим, тарғиби ҳунар ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, дар маҷмӯъ амалӣ гардондани сиёсати давлатии ҷавонон чораю тадбирҳои имконпазирро роҳандозӣ мекунад.
Истиқлолият ба сокинони Панҷакент, чун ба тамоми шаҳрвандони кишвар ғояҳои олии ватандӯстию ватансозӣ,  ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандию инсонӣ дар баробари ҳифзу нигаҳбонии арзишҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар истифода ва рушди ин арзишҳо, ободии Ватан ва бо дарки амиқи соҳиби чунин Ватани зебо буданро талқин намуд ва раванди тоза бахшид. Ҳамин ҳисси дарки масъулият иштирок ва саҳми шаҳрвандонро дар ҷараёни кору пайкорҳои бузурги созандагию ободонӣ бештар ва босамар гардонд. Сокини куҳансоли деҳаи Амондараи Ҷамоати деҳоти Амондара Бозорбой Умаров бо маблағи 40 000 сомонӣ аз дарёи Зарафшон тариқи бунёди пойгоҳи обкашӣ ва кашидани қубур ба масофаи 900 метр об бароварда, сокинони қисмати болоии деҳаро бо оби полезӣ таъмин кард. Сокини деҳаи Майкаттаи ҳамин ҷамоат Ойбек Аҳроров бо маблағи 350 000 сомонӣ барои ҳамдеҳагон маркази дуошёнаи варзишию солимгардонӣ бунёд намуд. Олимҷон Ботиров, сокини деҳаи Чимқалъаи Ҷамоати деҳоти Саразм, бо маблағи 160 ҳазор сомонӣ бинои мактаби деҳаро таъмир ва зани соҳибдили шаҳри Панҷакент Сайфиева Башорат пасандози барои сафари Ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои бетонпӯш кардани яке аз кӯчаҳои шаҳри Панҷакент сарф намуд. Соҳибкор А. Қодиров бошад, аз бинои шашошёнаи истиқоматии бунёдкардааш ба ҷавонзани маъюб хонаи якҳуҷрагӣ туҳфа намуд, сокини деҳаи Рӯзи Обноки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ Шукрулло Темиров бо маблағи ёздаҳ ҳазор сомонӣ ҷӯйбори аз регу шағали селоб пуршударо тоза кард. Даҳҳо мисоли назири ин баёнгари ҳиммату саховатмандӣ ва эҳсоси баланди ватандорист. Гузашта аз ин, дар ин рӯзҳо идома ёфтани сохтмони 25 иншооти ҷашнӣ ифодагар саҳми мардуми диёр дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад.
Мардуми меҳнатқарини Панҷакент бо ифтихору сарфарозӣ аз файзу баракати истиқлолият, бо дастгирию пуштибонӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳити сулҳу субот ва ваҳдату созандагӣ ба армонҳои олии худ - зиндагии воқеан шоиста мерасанд. Онҳо баракату нусрати кор, шукӯҳу равнақи зиндагиашонро аз файзи истиқлол медонанд, аз рӯзгори ободу озоди худ ва қисмату тақдири баландашон ифтихор доранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2016    №: 115    Мутолиа карданд: 865

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед