logo

фарҳанг

ЗАРГАРӢ. ОНРО ДАР ХАТЛОН РУШД БОЯД ДОД

Заргарӣ яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалии тоҷикон ба шумор рафта, то имрӯз чун ҷузъи муҳими ҳунару фарҳанги миллӣ дар он мақому манзалати махсус дорад. Имрӯзҳо кам нестанд оилаҳое, ки аз баракати дастони муъҷизаофарашон рӯзии худу фарзандон ва наздикону пайвандонашонро таъмин мекунанд.

Шерзод  Валиев, сокини деҳаи Камари шаҳри Кӯлоб, ки худ аз табори ҳунар аст, дар ин бора чунин андеша дорад:
- Дар заргарӣ амалҳои гуногун истифода мешаванд. Аз ҷумла, рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, заробӣ, сайқалдиҳӣ, халоҷӣ (тануккунӣ), ҳалдавонӣ ва амсоли инҳо. Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани нуқраю тиллоро  гаҳбандӣ меноманд.
 Фулузи интихобшударо бо болға дар болои сандон то ба ҳамвор шуданаш мекӯбанд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тиллову нуқра ба ҳисоб меравад, ки онро «тиллои  ҷурғотӣ» низ меноманд. Дар кори заргарон  омехтаи нуқра  бо мис низ истифода мешавад, ки тақрибан дар охирҳои асри  19 дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию  иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омадааст.
Амирхони Бобохон, сокини деҳаи Даҳанаи  ҳамин шаҳр бошад, иброз  медорад, ки заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рӯзгор, либосу аслиҳаи ҷангӣ) аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра; аз сангҳои гаронбаҳову ранга, лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, қаҳрабо, булӯри кӯҳӣ, ақиқ ва монанди инҳо; аз маводи табиӣ, устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд. Маснуоти сохтаи заргарон ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои  абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона ва амсоли инҳо  буда, аз ҷумлаи зеварҳои  маъмулии занҳои тоҷик мебошад.
Барои ангуштарин сохтан хӯлаи тиллоро ба қолибҳои тавонак, ба монанди кори рехтагарҳо, гудохта мерехтанд. Сипас, бо навъҳои сӯҳон онро  соида, ҳамвор менамуданд ва  ба он нигини сурх ё ягон  санги  гаронбаҳоро насб мекарданд.
Заргарони тоҷик дар ороиши маснуоти заргарӣ, аз ҷумла дар даспона, аз муҳраҳо васеъ истифода мебурданд. Дастпона  - ороиш барои даст буда, шаклҳои гуногун дорад. Дастпонаи донадор ё гандумак як намуди онро  мегӯянд, ки  то охирҳои асри 19 арӯсон  ва занони тоҷики водии Ҳисор истифода мебурданд. Дастпонаҳоро аз нуқра месохтанд ва дастаашонро ба монанди сари мор бо сангҳои  фирӯза ороиш медоданд.
Пешовез – зевари пеши барро барои арӯсон аз нуқра бо қуббаҳои кандакоришуда  тайёр менамуданд, ки ин  қубаҳо аз ду тараф сӯрохии  сӯзангузар доштанд. Пешовезро аз матои сиёҳ ба шакли шероз  то 1метр дарозӣ ва  барашро  20 сантиметр  бурида, аз ду тарафи ин матоъ қуббаҳоро мечаспонданду  бо тугмаҳои  садаф  қатор – қатор  оро медиҳанд.
Дар давраи Шӯравӣ заргарон дар корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ  кор мекарданд ва як қисми маснуоти сохтаи  онҳо ба хориҷ аз кишвар  содир мешуд. Имрӯзҳо низ маҳсулоти заргарӣ  дар  ҳудуди  кишвар тараққӣ  дорад, ба мақсад мувофиқ аст, ки коргоҳҳои давлатии заргарӣ ба таври фарогир фаъол гардонида шаванд. Бахусус, дар вилояти Хатлон, ки аз сернуфузтарин минтақаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, таъсиси корхонаҳои миёнаи ҳунарҳои дастӣ манфиати бештар хоҳад дошт.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 1014

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед