logo

иқтисод

ПАХТА. АГАР ҲОСИЛИ БАЛАНД ХОҲЕМ...

Мушоҳидаҳои моҳи июн дар пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии  ноҳияи Зафаробод нишон доданд, ки давраи шонабандии ниҳолҳо нисбат ба соли гузашта 10 – 15 рӯз пеш   оғоз ёфтааст.

Ин барои ҳосили баланд омили асосӣ хоҳад гашт. Агар дар хоҷагиҳои пешқадаму таҷрибадор ниҳолҳо 3 - 7 шохи ҳосилдиҳанда дошта бошанд,  дар қитъаҳое, ки дертар пунба коштаанд, акнун 4 – 9 - барга шудаанд.
Кишоварзон, ки то даҳрӯзаи сеюми моҳи июн пахтазорро аз алафҳо пурра тоза карда, ягонаро анҷом дода, ба озуқадиҳӣ шурӯъ намоянд. Дар ин давра хоҷагидорон набояд фаромӯш созанд, ки малахҳои маҳаллӣ зиёд шуда, барои пахтазор хатари ҷиддӣ  эҷод менамоянд.
Зимистони гузашта гарм омаду кирми ғӯза, тортанаккана ва дигар ҳашароти зараррасон нобуд нашуд. Барои ин, дар қитъаҳое, ки алҳол ҷуворимакка ва помидор кошта шудааст, ба муқобили ҳашароту касалиҳои пахта коркарди иловагӣ гузарондан лозим аст. Дар мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо аз ҳашароти фоидаовар, мисли трихограмма ва бракон истифода бурдан мақсаднок аст.
Яке аз омилҳои асосии ҳосили баланд рӯёндан нигоҳ доштани гулу шонаҳои аввал мебошад. Ҳоло пахтакорони навбаромад барои ҳосили дилхоҳ гирифтан фақат аз нуриҳои азотдор (нитрогендор) истифода мебаранд, ки кифоя намебошад. Аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ мебояд барои ҳосили фаровон гирифтан нуриҳои фосфорӣ ва калийгиро низ ба кор баранд.
Мутахассисон бояд  ба кишоварзон дар давраи парвариши ниҳолҳо ёрии доимӣ расонанд. Ҳамкории судманд имкон медиҳад, ки иқтисоди хоҷагиҳои деҳқонӣ мустаҳкам шавад.
Инъом ҚОБИЛБЕКОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ,ноҳияи Зафаробод
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.016    №: 116    Мутолиа карданд: 491

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед